KGU

Захираҳои сайёҳӣ ва рекреатсионии минтақаи Кӯлоб: нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт

Захираҳои сайёҳӣ ва рекреатсионии минтақаи Кӯлоб: нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт

"Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад."

Эмомалӣ Раҳмон

Минтақаи Кӯлоб дар қисмати ҷануби шарқии Тоҷикистон мавқеият дорад ва яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

             Ин минтақа 8,4% майдони Тоҷикистон ва 48,7% масоҳати вилояти Хатлонро ташкил медиҳад. Сайёҳони нахустине, ки ба ин сарзамин омада буданд, вайро мулки хуррамзамин унвон намуданд. Минтақаи Кӯлоб хусусиятҳои ба худ хоси табиӣ ва рекреатсионӣ дорад. Кӯҳҳо 87-фоизи масоҳати минтақаро ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ, Вахш, намаккӯҳҳои Хоҷамуъмин, Хоҷасартез, кӯҳҳои Қаратов, Сарсарак, Ҷилонтоғ доман паҳн кардаанд. Қаторкӯҳ ва кӯҳҳоро аз ҳамдигар водиҳои байникӯҳӣ – Кӯлоб, Данғара, Муъминобод Чубек ва Фархор ҷудо намудаанд. [3,с.4-15].

            Вобаста ба шароити ҷуғрофӣ иқлими минтақа ба худ хос аст. Агар дар ҷануб иқлими субтропикӣ ҳукумрон бошад, пас дар шимол минтақаи хунук ба мушоҳида мерасад. Ба обу ҳавои ин мазофот ҳавои атлантикӣ ва арктикӣ таъсири зиёд дорад.

            Ҳарорати ҳаво вобаста ба фаслҳои сол ва баландии маҳал тағйир меёбад. Умуман, ҷамъи ҳарорати фаъол дар қаламрави минтақа 5400-55000-ро ташкил медиҳад.

Ҳарорати миёнаи январ дар водиҳо ба -10, -20, дар доманакӯҳҳо ба -60, -70 мерасад. Тобистони водиҳо хушку гарм аст. Ҳарорати миёнаи моҳи июл дар ҳамвориҳо ба +250, +300 баробар аст. Баъзан дар водиҳои ҷанубии ноҳия то +450, +480 гарм мешавад. Давомнокии рӯзҳои хунук аз 60 (дар водиҳо) то 160 (дар кӯҳҳо) рӯзро ташкил медиҳанд. [8,c.215]

Давомнокии рӯзҳои офтобӣ аз 90 рӯз (аз 2200 м баландтар) то 260 рӯзро ( то баландии 400 м) ташкил медиҳанд.

Миқдори солонаи боришот низ дар минтақа гуногун аст. Дар водиҳо ба ҳисоби миёна 200 – 400 мм боришот ба қайд гирифта шудааст. Боришот вобаста ба фаслҳои сол ва баландӣ аз сатҳи баҳр тағйир меёбад. Чунончӣ, дар моҳҳои март – май 150-440 мм, дар моҳҳои декабр – феврал 120 – 200 мм боришот ба амал меояд. Ҷойи сербориштарини минтақа мавзеи Ховалинг буда, дар ин ҷо 1000 – 1300 мм боришот ба қайд гирифта шудааст.

Кӯлоб яке аз минтақаҳои камшамол мебошад. Суръати солонаи бод ба ҳисоби миёна 2-3м\с – ро ташкил медиҳад. Дар ин минтақа бодҳои гуногуни маҳаллӣ ҳукмронанд. Шамолҳои кӯҳу водӣ, насим, фён, боди «афғонӣ» ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳоянд. Яке аз захираҳои муҳими туристии минтақаи Кӯлоб дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳои вай мебошад.

            Ногуфта намонад, ки ба ҳиссаи минтақаи Кӯлоб 8 фоизи ҳаҷми умумии обҳои Тоҷикистон рост меояд. Қариб ҳамаи дарёҳо аз шимолу шарҳ ба сӯйи ҷанубу ғарбии минтақа ҷорӣ мешаванд.

Маълумоти морфометрӣ дар бораи дарёҳои минтақаи Кӯлоб

Т.Р

Номгӯи дарё

Дарозӣ
(ба ҳисоби километр)   

Майдони ҳавза (ба ҳисоби километри мураббаъ)

Резишгоҳ

1.       

Сурхоб                 

230

8630

Панҷ

2.

Яхсу

160

2710

Сурхоб

3.

Тоҳирсу

118

1860

Сурхоб

4.

Панҷ

921 (170)

114000

Аму

5

Обимазор

62

411

Сурхоб

6

Кӯлобдарё

55

796

Яхсу

7

Обиниёв

58

646

Панҷ

8

Чубек

12

-

Панҷ

9

Қарасу

13

-

Панҷ

10

Бешкапа

16

-

Яхсу

      Дар қаламрави минтақаи Кӯлоб кӯлҳои калон ва миёна вуҷуд надоранд. Танҳо кӯлҳои хурд дида мешаванд. Ба онҳо кӯли ҳавзи Сир (дар обтақсимкунаки дарёҳои Яхсу ва Обисурх), Танобчӣ (ноҳияи Темурмалик), Афғон –Дилӣ (ноҳияи Восеъ). Яке аз иншооти сайёҳӣ – кӯли Афғон-Дилӣ мебошад, ки 12 км ҷанубу ғарбии шаҳри Кӯлоб мавқеият дорад. Дарозии кӯл 250 м, паҳноиаш – 35-50м ва чуқуриаш ба 45-50м мерасад. [3,c.24]

Кӯл дар натиҷаи ҳодисаи карст ба амал омадааст. Дар байни мардуми маҳаллӣ бо номи ҳавзи Қайнар шӯҳрат дорад. Дар музофоти Кӯлоб ду обанбори калон мавҷуд аст.

Дар оянда ин обанборҳо ба яке аз мавзеъҳои муҳими сайёҳӣ ва рекреатсионӣ табдил хоҳанд ёфт. Минтақаи Кӯлоб дорои флора ва фаунаи ба худ хос аст. Дар қаламрави минтақа беш аз 2500 хели рустаниҳои гулдор, 5 ҳазор намуди ҳайвоноти бемуҳра, ду намуди обхокиён, 40 намуди хазандагон, 176 намуди парандагон ва 45 намуди ширхӯрон ба қайд гирифта шудаанд.

Ногуфта намонад, ки баъзе рустаниҳо ва ҳайвонот танҳо хоси ҳамин маҳал буда, дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон вонамехӯранд. Чунончи, дӯлонаи хирсак, гулсарак, сичак, ҷурғотак, лолаи ҷангалӣ, пилладаста, нардсунбулаки Кӯлобӣ, нахӯдаки ҷангалӣ, марҷумакбутта, зарир, аз ҳайвонот бошад, псевдамниколаи Лихарёву псевдамниколаи Павловский (нармбаданҳо - ҳавоборонакҳо) ва амсоли инҳо. Гуногунӣ ва рангорангии олами набототу ҳайвоноти Кӯлоб диққати сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд ва ин боиси рушди туризми экологӣ мегардад.

Кӯлоб дорои ёдгориҳои табиии зиёд мебошад, ки барои рушди сайёҳӣ мусоидат мекунанд. Ба ин туғайзорҳои обдоғи дарёи Оби сурх (ноҳияи Муъминобод), дарахти азими Шумтол (дар маҳалли Туткании Сари Хосор), кӯҳи Чилдухтарон, намаккӯҳои Хоҷамуъмину Хоҷасартез, фарсоиши регсанг дар Ёкунҷ (ҳавзаи дарёи Яхсу) ва монанди инҳо тааллуқ дорад.

Дар қаламрави музофоти Кӯлоб теъдоди зиёди ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, шаҳрак ва шаҳрҳои қадима мавҷуданд, ки захираҳои муҳими сайёҳӣ ва рекреатсионӣ ба ҳисоб мераванд.

Айни замон дар ҳудуди минтақа 28 меҳмонхона, 16 осорхона, 10 мақбараҳо, 3 қалъа ва 9 шаҳру шаҳракҳои қадима мавҷуданд.

Умуман, захираҳои сайёҳию рекреатсионии минтақаи Кӯлоб барои рушди туризм мусоидат менамоянд. Аммо то ҳануз сайёҳӣ ва хизматрасонии сайёҳӣ дар ин мавзеъ дар сатҳи паст қарор дорад. Ин ба омилҳои зерин марбут аст:

1. Дар минтақаи Кӯлоб ширкатҳои муаррифкунандаи соҳаи сайёҳӣ ниҳоят кам аст. Аз ҷониби муассисаҳои муштараки сайёҳии хориҷӣ барои дар ин мавзеъ ифтитоҳ намудани намояндагии худ ҳавасмандӣ ба назар намерасад.

2. Вазъи санитарию гигиении меҳмонхонаҳо, ҳаммомҳо, ошхонаю тарабхонаҳо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй намебошанд.

3. Сатҳи хизматрасонӣ (сервис) дар муассисаҳо ҷавобгӯӣи замон нест. Хуб мебуд, ки дар шаҳри Кӯлоб курси 3-моҳа ва ё 4-моҳаи бозомӯзӣ оид ба тайёр намудани кормандони соҳаҳои хизматрасонӣ (ошхона, тарабхона, меҳмонхона, осорхона, осоишгоҳ, минтақаҳои истироҳатӣ) созмон дода шавад.

4. Барои сайёҳони хориҷӣ шароити мусоиди ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ мавҷуд намебошанд.

5. Чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ то ҳануз нокифоя аст.

6. Таъмини амнияти сайёҳон бисёр муҳим мебошад.

7. Ташаккули фазои иттилоотӣ дар соҳаи сайёҳӣ суст амалӣ мегардад.

8. Инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақа дар ҳоли ташаккулёбист.

9. Саноати сайёҳӣ ба оҳистагӣ пеш меравад. (Ба ҷузъ баъзе дӯконҳои хурд).

Имконияти дар шаҳри Кӯлоб сохтани як корхонаи калони сайёҳи мавҷуд аст.

10. Муаррифии маҳсулоти сайёҳӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар суст ба роҳ монда шудааст.

11. Соддакунии андозбандӣ дар соҳаи сайёҳӣ –омили рушди сайёҳӣ хоҳад буд.

            Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, таҳти рақами 202 Консепсияи рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 тасдиқ шудааст.

     Мувофиқи ин консепсия дар минтақаи Кӯлоб сохтани як қатор иншооти сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

Масалан, бунёди инфрасохтори қабул дар назди шаршараи деҳаи Пушти Боғ, воқеъ дар ноҳияи Балҷувон, ташкили минтақаи истироҳатии «Чашмаи ҷӯшон», воқеъ дар ноҳияи Муъминобод ва амсоли инҳо.

                Боназардошти хусусиятҳои захираҳои сайёҳӣ ва рекреатсионӣ дар минтақаи Кӯлоб чунин намудҳои туризмро инкишоф ва ҷойгиркунондан ба мақсад мувофиқ аст: туризми зиёратӣ, туризми донишандӯзӣ, табобатӣ, туризми экологӣ, таърихӣ, кӯҳӣ ва монанди инҳо. Ин имкон медиҳад, ки сайёҳони хориҷию дохилӣ бештар ҷалб карда мешаванд ва маблағҳои зиёд ба буҷаи ноҳияҳои маъмурии минтақа ворид гарданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиаш (аз 22.12.2017) ба инкишофи соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд намуда, соли 2018 –ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд. Ҳадафи он рушди иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина таъмин намудани зиндагии шоистаи мардумон мебошад.

Баротов Ҷумахон Қосимович

Мудири кафедраи География ва туризм