KGU

ОБ - САРВАТИ БЕБАҲО

ОБ - САРВАТИ БЕБАҲО

   "Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост. Зеро об ин худи ҳаёт аст, об – ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем."

Эмомалӣ Раҳмон

     Об манбаи ҳаёту некуаҳволии ҷомеа буда, ҳамчун омили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба кулли сохторҳо маълум аст. Ба таъкиди Арасту «об муъҷизаи бебаҳои табиат буда, асоси пайдоишу пойдории олам аст» [2, с.32]. Бо суръати тез тараққӣ кардани саноат, кишоварзӣ, афзоиши аҳолӣ, ободонии шаҳрҳо, баланд бардоштани некуаҳволии халқ ба захира ва хароҷоти сарфакоронаи об сахт алоқаманд аст.

     Дар асри ХХІ яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи экологӣ ва нигоҳдории захираҳои табиӣ аст. Дар миёни масъалаи гуногуни экологӣ масъалаи об, ки яке аз омилҳои асосии ҳаёти зиндаи олами ҳайвоноту наботот ва инсоният мебошад, истифодаи оқилонаи он ва нигоҳдории оби тоза яке аз проблемаи муҳимми ҷомеаи имрӯза дониста шудааст. Чуноне ки Фирдавсии ҳаким фармудааст:

Биболид кӯҳ, обҳо бардамид,

Сари рустанӣ сӯи боло кашид [4, с.21].

     Дар рӯи олам кишварҳое ҳастанд, ки аз набудани ту, аё оби мусаффо, танқисии бештар мекашанд. Мувофиқи ақидаҳои мутахассисони ин соҳа 1, 3- миллиард аҳолии кураи замин аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.                

Аҳамияти муҳим доштани ин масъаларо ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ «Тоҷикистон дар остонаи асри ХХІ» дар асоси дигар масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба масъалаҳои глобалии экологии ҷаҳон дахл намуданд.

Маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 «Соли оби тоза» эълон шуд ва онро дар сессияи 54-ум Ассамблеяи Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардид:

Ин иқдом барои муносибати дуруст ба нигоҳдории оби тоза дар рӯи замин, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина муҳайё менамояд. Маълум аст, ки бештари рӯи кураи заминро об фаро гирифтааст, вале 94%-и обҳои замин шӯр буда, танҳо 6%-и обҳои он ширин буда, мавриди истеъмоли инсон қарор доранд.

Масъалаи об дар Тоҷикистон ба андозае ташвишовар набошад ҳам, вале муносибати ҷиддӣ ва эҳтиёткоронаро талаб менамояд. Дар воқеъ обҳои Тоҷикистони мо тозатарин обҳои кураи замин мебошанд:

Ташнаро як қатра аз оби зулол,

Беҳтар аз сармояву дунёву мол.

Дар озмуни оби тозаи дунё соҳиби медали тиллоии байналмилалӣ гаштани «Оби зулол» -и Шаҳристон гувоҳӣ ин гуфтаҳост. Обҳои кӯҳистони Варзобу Бадахшон, Даштиҷуму Сарихосору Балҷувон ҳам дар хуштаъмӣ ва лаззатӣ аз «Оби зулол» -и Шаҳристон ҳеҷ камӣ надоранд ва дар сурати истифодаи оқилона метавонад дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурии азизамон нақши муҳим бозанд. Имрӯзҳо моро зарур меояд, ки ба ин сарвати бебаҳои табиат аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Мо бояд хуб донем, ки обу ҳавои тоза, хуррамии гулгашту чаманҳо, сарсабзиву шукуфонии макони ҳар яке мо қабл аз ҳама ба мавҷудияти оби тозаву ширин сахт алокаманд аст. Дар як шабонарӯз ҳар як сокини ҷумҳурӣ 150- литр об сарф мекунад. Аз ин хотир он сокиноне, ки қад- қади дарёҳо истиқомат доранд, бояд андеша кунанд, ки партовҳои худро ба дарёҳо напартоянд. Чунончи, шоири бузургвор Асадии Тӯсӣ гуфтааст:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ оби пок,

Нашоянд фикандан дар ӯ сангу хок.

Бале, ҳар як инсон бояд обро сарфакорона истифода барад.

Аё оби мусаффо, мепарастам туро, ситоиш мекунам туро, чунки ту оғози оғозҳо ҳастӣ, ту оби ҳаётбахшӣ, ту ободию хуррамии оламу одамӣ. Аз ту оғоз мешавад ҳаёт, аё оби ҳаётбахш. «Обу ободонӣ» гуфтаанд дар урфият.

Авлодони гузаштаи мо асоси оламро аз чор унсур: об, оташ, хок ва бод маънидод кардаанд. Беҳуда нест, ки обу оташ ва хоку бодро одамон ҳурмат накунанд обхезию сӯхтору тулдбоду заминларза ба вуҷуд хоҳад омад. Мо низ мепарастем чор унсури оламро, дар ин қатор туро, низ аё эй оби мусаффо.

Аё эй оби мусаффо, зиндагиро ба ту ташбеҳ додаанд, чунки зиндагӣ ба мисли ту ба қафо намегардад. Аё эй оби ҷонбахш, дар бораи ту қариб дар эҷодиёти ҳамаи шоирону нависандагони олам, аз дар ашъори адибони тоҷик бисёр суханҳои хуб ба назар мерасад:

Дарё - дарё бе худ равонӣ дарё,

Пирӣ чу дунё чу ман ҷавонӣ дарё.

Норози аз худ, аз худ пушаймон.

Аё эй оби мусаффо, васфи туро адибони олам кардаанд. Дар эҷодиёти даҳонакии халқ ҳам дар ҳар нақлу ривоят ва шеъру ҳикоят зикри ту оби ҳаётбахш ба назар мерасад. Аз туст ободӣ, аё эй оби мусаффо. Дар достони «Хисраву Ширин» низ аҳамияти об дар ҳаёт махсус таъкид шудааст. Маликаи Ширини нозанин ба Фарҳоди муҳандису кӯҳкан ба хотири овардани ҷӯи пуроб шиносоӣ пайдо мекунад ва ба ҳунари диштаи зуроварии ӯ ошиқ мешавад. Яъне, ишқ низ аз ту сарчашма мегирад, аё эй оби мусаффо:

Туро чун хоб мехоҳам дар ин шабҳои бехобӣ,

Туро чун об мехоҳам дар ин паҳнои беобӣ.

Дар солҳои охир кам шудани захираҳои об оламиёнро ба ташвиш оварда истодааст. Бахусус, масъалаи хушк шудани баҳри Арал яке аз мушкилоти асосии аср маҳсуб меёбад.

Аё эй оби ҷонбахш, мо одамон кӯшиш мекунем, ки туро тоза ва мусаффо нигоҳ дорем.

Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003-юмро «Соли оби тоза» эълон гардид, ки ин ташаббус аз тарафи 141- мамлакати ҷаҳон дастгтрӣ ёфта буд. Инчунин соли 2003-юм дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе форуми «Оби тоза» баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳамаи халқият ва миллатҳои гуногун иштирок варзиданд. Ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳамзамон норасоии он дар баъзеи кишварҳо боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Аз ин хотир, Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид, ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгири намуда, солҳои 2005- 2015- ро Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон карданд. Ба ин муносибат «тозаю софу зулол нигоҳ доштани манбаву захираҳои об, алалхусус, оби тозаи нӯшокӣ дар ҳаёти ҳаррӯза, истеҳсолоту хоҷагии қишлоқ ва оқилонаю сарфакорона истифода бурдани он, вазифаи ҳар як шахси боақлу заковат, бохираду нексиришти Тоҷикистон ба шумор меравад» [2, с.3-4].

Мо тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини азизамон бояд ҳамеша ифтихор намоям.Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000-ҳазор пирях, 155- кулли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои обӣ ва обамборҳои зиёд дорад. Модом, ки асосии зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас мо вазифадор ҳастем, ки ин мавҷудоти оламро чу асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем. Нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизоти бузургро ифлос гардонад, зеро «Об яке аз омилҳои муҳими экологӣ барои организмҳои зинда мебошад. Муҳимтарин протсессҳои ҳаётан зарури биологии (физиологӣ-кимиёвии) организмҳо бо иштироки об ба амал меоянд» [1, с.167].

Аз рӯзи аввали ба дунё омадани инсон то ба дами марг об ба ӯ лозим аст. Аз ин рӯ, ҳаёти инсонро бе об тасаввур кардан аз имкон берун аст. Дар ин бора бузурге хеле хуб фармудааст:

Об унсури муқаддас будааст,

Вақти мурдан қатрааш бас будааст.

Бандаи ношукру нокас будааст.

Чуноне ки дар боло зикр намудем об неъмати бебаҳо буда, кишвари мо аз ин неъмат бой аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли 2018 – 2028 «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор» эълон кард, ки ин иқдом аз тарафи 160 давлат ҷонибдорӣ шуд.

Хулоса, рангорангии табиати сеҳрангез, хандаи гулҳои тар, сабзиши рӯстанӣ, навои обшор, мавҷи сабзи талу теппаҳо бо шарофати ин неъмати беназир ба амал меояд. Аз ин хотир, ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки ба истифодаи оқилонаи сарватҳои бебаҳои кишвар оқилона иқдом намояд, зеро бе об олам фанопазир аст. Об ҳақиқатан поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро наҷис нагардонад.


Носирова Оламбӣ

Аспиранти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ