KGU

Сайри таърихӣ ба олами матоъ

Сайри таърихӣ ба олами матоъ

(Ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида мешавад).

     Эълон намудани соли 2018 «Соли ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ» яке аз ташабусҳои барҷастаи роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар «Паём» - и имсолаашон ба мардум ироа намудаанд. Ин боз як бори дигар аз ғамхории Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо нисбат ба расму ойинҳои мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Эълон намудани «Соли ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ» ин ду чорабинии муҳими сатҳи давлатӣ мебошад, ки ба якдигар сахт алоқамандӣ доранд. Дар навбати аввал, бо эҳё, намудани ҳунарҳои мардумӣ, ки як ҷузъи муҳими зиндагии мардумии тоҷик мебошад, асолати таърихии ин халқу сарзамин эҳё ва ҳифзшуда, бисёр ҳунарҳои мардумӣ, ки қариб фаромӯшшуда буданд, аз сари нав рушду нумӯъ мекунанд. Дуввум, ҷаҳониён, ки барои сайёҳат ба кишвари мо меоянд, дар баробари шинос шудан бо зебогиҳои ин сарзамини биҳиштосо ва мардуми меҳмоннавозӣ он бомаҳорати ҳунарҳо ва истеъдоди азалии ин халқи зарофар ошнои пайдо карда ҳамчун армуғон аз эъҷози дастони пурҳунари тоҷикистониён ба худ ҳадя мебаранд, ки ин муаррифгари ватанимо дар арсаи олам мебошад.

Ҳунарҳои мардумии мо таърихи кӯҳан доранд ва вобаста ба ҳамин мавзӯъ лозим аст, ки дар бораи пайдоиш ва истифодаи онҳо аз аҳди бостон то ба имрӯз маълумот дошта бошем.

Дар ин замина мо иқдом гирифтем, ки чанд мулоҳизаи худро оид ба таърихи яке аз намудҳои ҳунарӣ мардуми – бофандагӣ, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ вомехӯрад баён созем.

Тадқиқотҳои архиологӣ шаҳодатгари онанд, ки тараққиёти ҳунарҳои бофандагӣ ва истеҳсоли матоъ дар сарзамини ОсиёиМиёна ба давраҳои қадим рафта мерасанд. Масалан, ҳангоми кофтукову ҳафриёти қабристони Номи – Улаи Муғулистони Шимолӣ пардаҳои мӯинаёфт шудаанд, ки онҳо дар нақши одамони савора ва растаниҳову наботот аксёфтааст. Олимон ва муҳаққикон тахмин намудаанд, ки ин пардаҳо дар асри 2 – и эраи мо аз тарафи бохтариҳое, ки дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони Ҷанубӣ зиндагӣ мекарданд, дӯхта шудааст.

Намунаҳои матоҳои шоҳӣ ва ресмонӣ дар кофтуковҳои дар қалъаи кӯҳи Муғ ёфтшуда низ аз қадимӣ будани дастгоҳҳои бофандагӣ дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Тоҷикзодагон –авлодони қадимаи мо,ки дар водии Фарғона, Самарқанд, Бухорова Мавр зиндагӣ мекарданд,мардумони ҳунарманд буда аз абрешим, пахта, пашм матоҳои нафис истеҳсол мекарданд, ки бо роҳи савдо ба Шарқу Ғарб фиристода мешуданд. Дар ин бора дар «Таърихи Наршахӣ» - и Абубакри Наршахӣ маълумоти муфассал дода шудааст.

Ҳанӯз дар асрҳои миёна ҳунари ниёгони мо ва бо истеъдоди баланд истифода намудани маснуоти бофандагӣ ва дар ин замина либосҳои хушдухт на танҳо диққати сайёҳон, балки сиёсатмадорони хориҷиро ба худ ҷалб намуда буд. Чунончи солҳои1404 – 1404 сафири Испания Рой Гансалесде Кловиксдар бораи зебу зиннати қасрҳо хаймаи амир ва либосҳои ҳарранга ва зебои сокинони Самарқандибостонӣ маълумот додааст.

Марко Поло бошад ба Балх сафар намуда сарулибоси мардуми Бадахшонро махсус тасвир намудааст.

Вале маълумоти бениҳот мукаммалу муфассалро дар бораи саноати бофандагии мардуми Осиё Миёна ва ниёгони мо дар такя ба сарчашмаҳои муътамади илмӣ Бобоҷон Ғафуров дар асарҳои ҷовидонаи худ «Таърихи халқи тоҷк» (саҳ 166), «Таджики» (саҳ. 254 - 272) баён намудааст.

Ҳамин тариқ, аз рӯйи қайду ишораҳои муаррихон сайёҳон ва солноманависон маълум мешавад, ки тоҷикони муқими Осиё Миёна ба истеҳосоли матоҳои абрешимӣ, ресмонӣ (пахтагӣ) ва пашмӣ машғул буданд. Бахусус, абрешим дар ҳаёти мардуми тоҷик аҳамияти калон доштааст, ки сабаби он аз абрешим тайёр намудани либосҳои ҳариру зебо ҳамчун воситаи ороиш аз санъати баланди ниёгони ҳунарманди мо шаҳодат медиҳад.

Аҷдонони халқи тоҷик – суғдиён дар истеҳсоли матоъи абрешимин ҳамто надоштанд. Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки сокинони Эрони Ғарбӣ дар истеҳсоли шоҳибофӣ шогирдони суғдиён буданд. Ҳоло хушбахтона, ҳамин намуди истеҳсолот, яъне шоҳибофӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон бо ду тарз - дар фабрика ресандагӣ ба тариқи дастгоҳҳои техникӣ ва дар хонаҳо бо тариқи дуконҳои бофандагӣ ба роҳ монда шудааст. Вале ба тарзи дасти тайёр намудани он сифати шоҳиро хеле зебову беҳтар нишон медиҳад.

Ногуфта намонад, ки тавассути «Роҳи бузурги абрешим» ин намуди матоъ аз сарҳади Чин то ба кишвари Рим мерасид ва либосҳое, ки аз он тайёр карда мешуд, либоси дарбории Императорони Рум ва Шоҳзодагони Чин ба шумор мерафт ва шояд сабаби номи «Шоҳӣ» гирифтани ин матоъ низ аз ҳамин сарчашма мегирад яъне, либоси ҳариру зебое, ки аз абрешим тайёр карда мешуд, онро шоҳӣ- либоси шоҳона мегуфтанд. Ва қобил ба ёдоварист, ки калимаи «шоҳӣ» аз истилоҳи суғдии «po – tie» гирфта шудааст, ки ба ақидаи воқеанигори асри VII Хитой Суй – Шу бо номи kinain pe – tie дар Самарқанд ва Суғд истеҳсол шуда, дар Хитой хеле машҳур будаст.

Аксари матоъҳое, ки вобаста ба истеҳсоли абрешим мебошанд, бо истилоҳоти забонҳои қадимаи форсӣ ифода ёфтаанд, ки аз асосгузорони матоъи абрешим будани ниёгони мо шаҳодат медиҳад, ва шояд «роҳи бузурги абрешим»бо тавассути маъмулу машҳур будани ин намуди маҳсулот ин номро гирифтааст. Барои исбот як намуди матоъи аз абрешим истеҳсол шударо мегирем. Масалан, истилоҳи «паранд» шакли қадимаи ин калима дар забони суғдӣ бо истилоҳи «pring» ифода ёфта, ба маънои матоъи пурнақшу нигори абрешимӣ меояд.

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ҷ.2, саҳ 26 низ ба ин маъно омадани калимаи мазкур мушоҳида мешавад. Чунончи, дар такя ба ашъори Фаррухӣ дар ин бора ишорае аст:

Чун паранди бедгун ба рӯи пушад марғзор,

Парниёни ҳафтранган дар сар орад кӯҳсор.

Ҳамин тариқ, аҷдодони гузаштаи мо якчанд намуд матоъҳои вобаста ба абрешимро истеҳсол мекарданд, ки бо номҳои «кимхоб»; «дебо ва намудҳои он: дебои чинӣ, дебои муаллам, дебои зарафшон, дебои ҳафтранг, обёрӣ, буқаламун, парниён, сандалус»; «атлас ва намудҳои он: атласи гулранг, атласи гулбофт, атласи қирмизӣ, атласи чархӣ, атласи хонбоғӣ, атласи маънавӣ, атласи хитоӣ, атласи яздӣ, атласи шумӣ, атласи муаллам» машҳур буданд, ки айни замон ба истеҳсол ва мавриди истифода қарор додани онҳо аҳамияти калон дар эҳёи ҳунарҳои мардуми эронитабор махсус, тоҷикон дорад.

 

Тоиров Шермуҳаммад,
омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ
бо методикаи таълими он-и ДДК