KGU

Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дилшод Р..jpg

РАҲМОН Дилшод Сафарбек (Сафаров Дилшод Сафарбекович), таваллуд: 7 декабри соли 1985, ш.Кӯлоб, в. Хатлон; тоҷик, маълумот: олӣ – ҳуқуқшинос, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2020), профессор, омӯзгор, вакили Маҷлиси вакилони халқи ш. Душанбе, даъвати шашум (солҳои 2020-2025), Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2019), дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (2020), Медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021).

Раҳмон Дилшод Сафарбек 7 декабри соли 1985 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоиро соли 1991 аз мактаби миёнаи №28 шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, солҳои 1995-1998 дар мактаби миёнаи №54 шаҳри Душанбе, солҳои 1999-2000 дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе идома додааст. Соли 2001 мактаб-литсейи №55 шаҳри Душанберо ба таври экстернӣ бомуваффақият хатм намудааст.

Соли 2001 ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2006 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос  бо дипломи аъло хатм кардааст.

Солҳои 2006-2014 ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, 2012-2014 – муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, 2014-2015 – муовини мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2015-2016 – мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2016-2022 дар вазифаи декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият намудааст.

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.06.2022, №290 ба вазифаи Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» таъйин шуда, то ҳол адои вазифа намуда истодааст.

Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММ МО ҶТ) аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4 интихоб гардида, аз 17 апрели соли 2020 Раиси Кумитаи ММ МО ҶТ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният мебошад.

Раҳмон Д.С. дар доираи фаъолияти кориаш дар ММ МО ҶТ роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории ММ МО ҶТ бо Сенати Ҷумҳурии Фаронса, роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории ММ МО ҶТ бо Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории ММ МО ҶТ бо Кумитаи Доимии Маҷлиси Умумихитоии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин, узви гурӯҳи миллии парламентии ММ МО ҶТ дар Кумитаи умумии Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масъалаҳои демократия, ҳуқуқи инсон ва гуманитарӣ, Намояндаи ММ МО ҶТ дар ҳайати Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Намояндаи ММ МО ҶТ дар Суди конститутсионии ҶТ мебошад.

Мавзуи асосии таҳқиқот ва пажуҳишҳои илмии профессор Раҳмон Дилшод Сафарбекро масъалаву муаммоҳои таърихи ҳуқуқи инсон, дурнамои инкишофи падидаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҷаҳонишавӣ ва ҳуқуқ, низомҳои ҳуқуқӣ ва дурнамои рушди онҳо дар шароити ҷаҳонишавии ҳуқуқ ва ғайра ташкил медиҳанд. Муаллифи 5 монография, 15 васоити таълимию китобҳои дарсӣ, 8 дастури методӣ ва беш аз 50 мақолаи илмӣ мебошад. Соли 2012 дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ дар партави фарҳанги ҳуқуқи исломӣ» рисолаи номзадӣ ва соли 2020 дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тақвиятёбии тафовутҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ: масъалаҳои назарӣ, усулӣ ва амалӣ-ҳуқуқӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Профессор Раҳмон Д. С. барои хидматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, бо қарори ҳайати мушовара (фармоиш)-и Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 29.10.2019, №12920 (Шаҳодатномаи №4467) бо мукофоти соҳавии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон»; барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ бо мукофотҳои давлатӣ – Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2020 (Дипломи №145) ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2021, №213 бо Медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Шаҳодатномаи №0188) қадрдонӣ гардидааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.