KGU

                              

Round table on the topic "Problems of employment of graduates" (20.12.2022)

This event was organized to solve the main problems of timely employment of graduates and ways to solve them.

Employers and KulSU graduates were invited to this event. Basically, these are students from KulSU, employers from state organizations, Private Limited Companies  and enterprises, educational institutions and public organizations that offer jobs in the labor market. From KulSU have participated the representatives of graduators, Head of Faculties, KulSU authority, and as the employer the such local companies as: Public Organization “Innovation for Development”, Ltd “ Tojiksayohat”, Private entrepreneur Khurshed Safarov, Department of Labour, Migration and Employment of Population in Kulob City, Private Medical college in Kulob City, Micro Credit Organization “HUMO”, JSC “Sughdiyon”, JSC “Qobiljon-Ltd” and etc.  

Trainers Orifov Orzu, Saidov Pairav and Sharipov Nazrullo discussed the following topics:

1. The problem of untimely employment of graduates: yesterday, today, tomorrow.

2. Skills and competencies that contribute to the employability of HEIs graduates.

3. Planning of cooperation with employers to support graduates on employment.

In the discussion part, the participants discussed the main aspects of the topics and proposed ways to solve the problems of graduates' employment.

At the end of the round table, the "Evaluation form based on the results of the event" was presented to the participants, where the participants evaluated the training process and gave their recommendations. They noted that the discussed topics were relevant and their contents were fully understandable.

1.jpg

2.jpg



TRIGGER – Ҷалби равандҳои инноват-сионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои  донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ


Сарпарасти лоиҳа: Комиссияи Аврупо, барномаи Эрасмус+

Ҳадафи лоиҳа: мусоидат ба рушди иқтисодӣ бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид ва беҳтар намудани ҷараёни кортаъминкунии хатмкардагон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Шарикони лоиҳа:

Аз Тоҷикистон

•       Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ

•       Донишгоҳи давлатии Данғара

•       Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи  М. Назаршоев

Аз Узбекистон

•       Донишгоҳи давлатии Термиз

•       Донишкадаи муҳандисӣ ва технологии Намангон

•       Донишкадаи политехникии Ҷизах

•       Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд

Аз Қазоқистон

•       Донишгоҳи миллии Авруосиёи ба номи Л.Н. Гумилёв

•       Донишгоҳи давлатии Атирау

•       Донишгоҳи Торайғиров

Аз Иттиҳоди Аврупо

•       Донишгоҳи илмҳои татбиқӣ BFI ш. Вена (Австрия)

•       Донишгоҳи Кот д'Азур (Фаронса)

•       Донишгоҳи ASTRA (Словакия)

•       IDEC (Афина)

Ҳамоҳангсози кулл:

Донишгоҳи техникии Кошитсеи Словакия

Буҷаи лоиҳа:

Барои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ -54495,00 евро

Муҳлати татбики лоиҳа: 15/01/2021-14/01/2024

Сомонаи лоиҳа: www.trigger-project.com

D1.2 Report on preparedness of KulSU, TJ

D2.1. Report on entrepreneurial education_eng_KulSU_TJ

D2.1. Report on entrepreneurial education_TJ_KulSU_TJ

D3.1 Report on graduate’s employability support KulSU, TJ


                              

TRIGGER – Triggering innovative approaches and entrepreneurial skills for students through creating conditions for graduate’s employability in Central Asia


Supported by: European Commission, Erasmus+ Program

Project aim: to contribute to economics growth through creating the favorable conditions for better employability of graduates in Central Asia countries

Partners:

From Tajikistan

•       Kulob State University named after         A. Rudaki

•       Dangara State University

•       Khorog State University named after  M. Nazarshoev

From Uzbekistan

•       Termez State University

•       Namangan Institute of Engineering and  Technology

•       Jizzakh Polytechnic Institute

•       Tashkent State Transport University

From Kazakhstan

•       L.N. Gumilyov Eurasian National University

•       Atyrau State University (Kazakhstan)

•       Toraighyrov University (Kazakhstan)

From European Union

•       University of Applied Sciences BFI Vienna (Austria)

•       Universite Cote d Azur (France)

•       ASTRA (Slovakia)

•       IDEC (Greece)

General coordinator:

Technical University of Kosice (Slovakia)

Project budget: For Kulob State University named after A.Rudaki - 54495,00 Euro

Project duration: 15/01/2021-14/01/2024

Project Website: www.trigger-project.com  


-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Ҳисоботи

сафари хизматии Холиқзода Айниддин-ноиби ректор оид ба таълим, Орифов Орзу-сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, Саидов Пайрав – мутахассиси МРКИ ва Шарипов Назрулло-ассистенти кафедраи молия ва қарз оид ба сафари хизматӣ ба шаҳри Нитсаи Фаронса дар доираи лоиҳаи ФА TRIGGER аз 30.04 то 14.05.2022

Рӯзҳои 2-юм то 13-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар Донишгоҳи Кот Дэ Азур дар доираи барномаи Erasmus+ K2 TRIGGER- Ҷалби равандҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ тренинги омӯзишӣ барои омӯзгорон аз МТОК-и шарики лоиҳа аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ноиби ректор оид ба таълим Холиқзода Айниддин, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Орифов Орзу, мутахассиси Маркази рушди касбият ва инноватсия Саидов Пайрав ва ассистенти кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодӣ Шарипов Назрулло иштирок ва намояндагӣ намуданд.

Дар омӯзиши мазкур инчунин аз МТОКи шарики лоиҳа:  

1.     Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев чор нафар;

2.     Донишгоҳи давлатии Данғара чор нафар;

3.     Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ чор нафар;

4.     Филлиали Донишгоҳи давлатии Москва дар ш. Душанбе ду нафар;

Аз Қазоқистон:

1.     Донишгоҳи миллии Авроосиё ба номи Л.Н. Гумилёв-чор нафар;

2.     Донишгоҳи давлатии Атирау-чор нафар;

3.     Донишгоҳи Торайғиров-чор нафар;

Аз Узбекистон:

1.     Донишгоҳи муҳандисӣ ва технологии Намангон-чор нафар;

2.     Донишгоҳи давлатии Термиз-чор нафар;

3.     Донишгоҳи Политехникии Ҷизах-чор нафар;

4.     Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд-чор нафар;

Аз Иттиҳоди Аврупо:

1.     Донишгоҳи техникии Кошитсе (Словакия)-ду нафар;

2.     Донишгоҳи ASTRA (Словакия)-2 нафар;

3.     Донишгоҳи илмҳои татбиқӣ BFI ш. Вена (Австрия)-ду нафар;

4.     Донишгоҳи Кот Дэ Азур (Фаронса)-ду нафар;

Донишгоҳи IDEC ш. Афина (Гретсия) иштирок доштанд. 

 



       Мақсади асосии лоиҳаи мазкур мусоидат ба рушди иқтисодӣ бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид; беҳтар намудани ҷараёни бакортаъминкунии хатмкардагони МТОК дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур барои донишгоҳ ба маблағи 5 000 евро китобҳои дарсию илмӣ барои тақвият бахшидани кафедраҳои факултетҳои иқтисодӣ харидорӣ хоҳад гардид. Ҳамзамон, зиёда аз 12 нафар омӯзгорони донишгоҳ ба омӯзиши дуҳафтаина дар ш. Нитсаи Фаронса, Венаи Австрия ва Афинаи Гретсия ва тавассути онҳо зиёда аз 100 нафар омӯзгорон дар худи донишгоҳ барои шиносоӣ бо маҳоратҳои азбаргардида ба омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд.

          

       Дар рӯзҳои аввал ва дуюми омӯзиш, ки дар кампуси марказии Донишгоҳи Кот Дэ Азури шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса доир гардида, оид ба мушкилотҳои ҷойдоштаи ба ҷои кор таъминкунии хатмкунандагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, ки дар натиҷаи пурсишнома дар соли аввали амалишавии лоиҳа муайян карда шуда буданд, намояндагони донишгоҳҳо аз Иттиҳоди Аврупо: Донишгоҳи ASTRA (Словакия), Донишгоҳи илмҳои татбиқӣ BFI ш. Вена (Австрия), Донишгоҳи техникии Кошитсе (Словакия), Донишгоҳи IDEC ш. Афина (Гретсия),  Донишгоҳи Кот Дэ Азур (Фаронса) муаррифиномаҳо пешниҳод намуда, таҷрибаи худро дар ҳалли мушкилоти мазкур пешниҳод карданд.

          Дар рафти семинар таҷрибаҳои дар ин самт ҷойдоштаи донишгоҳҳои Аврупо зикр гардид. Аз ҷумла навгониҳои дар Донишгоҳи Кот Дэ Азури шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса ворид шуда, вобаста ба ин самт тибқи сомонаи расмии Global Talent Portal, ки ин имконият медиҳад донишҷӯёни шаҳри Нитса озод ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуда, сипас баъди хатм ба кор таъмин карда шаванд, пешниҳоди иштирокдорон гардид.

             Доир ба масъалаи мазкур аз гурӯҳи кории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сардори шуъбаи муносибатҳи байналмилалӣ Орифов Орзу баромад намуда, қайд кард, ки дар донишгоҳ ҷиҳати ба ҷои кор таъминамоии хаткунандагон чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Аз ҷумла, таъсис ёфтани Маркази рушди касбият ва инноватсия, ҷоннок намудани ҳамкориҳои донишгоҳ бо ташкилоту муассисаҳои минтақа ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани таҷрибаомӯзии донишҷӯёни хатмкунанда аз шумори чунин корҳои анҷомёфта мебошанд.

Дар рӯзи 3-юм ва 4-уми омӯзиш вобаста ба маъалаҳои “Ташвиқи бакортаъминкунонии хатмкунандагони МТОК-ҳамкорӣ бо корҳонаҳои истеҳсолӣ”, “Чӣ хатмкунандагонро дар ёфтани ҷои кори хуб муваффақ месозад?”, “Маҳоратҳои ҳирфавӣ ҳангоми ба кортаъминшавӣ”, “Чи тавр МТОК  метавонанд хатмкунандагонашонро ҳангоми ҷустуҷӯи ҷои корӣ кӯмак расонанд?”, “Хизматрасониҳои машваратӣ” ва ғайра аз ҷониби намояндаи Донишгоҳи АСТРА Нина Хадидомова муаррифиномаҳо пешниҳод гардида, барои натиҷагирӣ аз кори омӯзиш кор дар гурӯҳҳо ташкил карда шуд.  

              Бо ҳамин тартиб, вобаста ба  масъалаи дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ муаррифиномаҳо аз ҷониби масъулин аз Юнон (Греция) ва Австрия професорон Иоханес ва Диетмар пешниҳоди иштирокчиён гардид. Дар рафти семинар масъалаи дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таҳлил карда шуда, натиҷабардорӣ гардид, ки соҳаи соҳбкорӣ ва дастгирии соҳибкорон (махсусан соҳибкорзанон) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои қонунгузорӣ рушд ёфтааст.

            Инчунин дар давоми рӯз кор дар гурӯҳҳо аз рӯи 3 масъала: ба ҷои кор таъминшавии хатмкунандагон, мавҷудияти ҷойҳои корӣ, таҷрибаомӯзӣ ва мувофиқати назария ҳангоми омӯзиш бо амалия идома ёфта, роҳҳои ба ҷои кор таъмин намудани донишҷӯёни хатмкунандаи донишгоҳҳо, махсусан хатмкунандагони ихтисосҳои соҳаи иқтисодӣ (соҳаи соҳибкорӣ) баён гардид. Қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни аз ҳисоби буҷети мамлакат ва донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои тахсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилкунанда баъд аз хатм пурра ба ҷои кор таъмин карда шуда, донишҷӯёни тариқи шартномавӣ таҳсилкунанда пас аз хатм дар асоси дониш ва малакаю маҳорати доштаашон дар ташкилоту муассисаҳои давлатию тиҷоратӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

               Ҳамзамон, барои рушди соҳаи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис дода шуда, барои соҳибкорони ҷавон як қатор имконияту сабукиҳо ҳам дар қонунгузорӣ ва ҳам дар андозбандӣ пешниҳод гардидааст. Маълум гардид, ки чунин имкониятҳо дар Қазоқистону Узбекистон низ, фароҳам оварда шудаанд.

           Барои ба ҷои кор таъминшавии хатмкунандагон ҳам дар кишварҳои Аврупо ва ҳам дар Қазоқистону Узбекистон сомонаҳои интернетӣ рушд дода шудаанд, ки вакансияҳои ҷойҳои кори холӣ дар онҳо ҷой дода шуда, пешниҳоди корҷӯён мегардад. Пайванди ин сомонаҳо дар сомонаи донишгоҳҳо низ ҷой дода шудааст, ки барои хатмкунандагон кумаки хубе мегардад.

           Дар натиҷаи омӯзиши дуҳафтаина ба намояндагони ҳар як МТОК вазифа дода шуд, то барои омӯзгорони донишгоҳи худ тренинги мазкурро гузаронида, аз натиҷааш суратгузориш ба координатори лоиҳа аз Донишгоҳи Кошитсеи Словакия фиристонанд.

               Ҳамзамон, мувофиқа карда шуд, ки намояндагони донишгоҳҳои аврупоӣ ба МТОКи шарик сафар намуда, барои зиёда аз 20 нафар омӯзгорон омӯзиш дар мавзӯи ба кортаъминшавии хатмкунандагон, баҳисобгирии омори бакортаъминшавии хатмкунандагон, ҳамкориҳои муфид миёни МТОК ва корфармоён омӯзиши 2-рӯза баргузор карда мешавад.

           Ҳамин тариқ рӯзҳои 20-21-уми июни соли ҷорӣ намояндагон аз Донишгоҳи техникии Кошитсе (Словакия)-ду нафар ва Донишгоҳи илмҳои татбиқӣ BFI ш. Вена (Австрия)-ду нафар ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ташриф оварда, барои омӯзгорон омӯзиши номбурдаро баргузор хоҳанд кард.

Барои омӯзиши дуҳафтаина барои се нафар омӯзгори донишгоҳ дар Донишгоҳи илмҳои татбиқӣ BFI ш. Вена (Австрия) дар моҳи сентябри соли ҷорӣ мувофиқа карда шуд, ки рӯйхати ин нафаронро аз ҳозир муайян кардан зарур аст.

Ноиби ректор оид ба таълим                                           Холиқзода А.

Сардори шуъбаи

муносибатҳои байналмилалӣ                                           Орифов О.О.

Мутахассиси МРКИ                                                            Саидов П.

Ассистенти кафедраи молия ва қарз                               Шарипов Н.




-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------



Тренинг дар шаҳри Венаи Австрия

аз 19 то 30 сентябир соли 2022

         

              Аз санаи 19.09.2022 то 30.09.2022 дар доираи Лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER “Роҳандозии усулҳои инноватсионӣ, малакаҳои соҳибкорӣ ва муносибат бо донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминшавии хатмкунандагони МТОК дар Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Венаи Австрия семинари омӯзишӣ ташкил карда шуд.

          Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 4 нафар омӯзгорон Худойдодова Ш.З., н.и.ф., муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Сайдалиев Д.М., н.и.с., дотсенти кафедраи фалсафа, Ҳофизов А.М., сардори маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва омор ва Қурбонова У.Т., н.и.п., муаллими калони кафедраи илмҳои компютерӣ иштирок намуданд.

          Сараввал шарикони лоиҳа аз Донишгоҳи илмҳои татбиқии Вена BFI профессорон Дитмар Пийер ва Иёҳаннес Ветзингер семинарро кушода ҳозиринро ба барномаи кории семинар шинос намуданд.

        Дар семинар тренерон аз донишгоҳҳои шарик: Донишгоҳи техникии Кошитсеи Словакия, Донишгоҳи илмҳои татбиқии Венаи Австрия ва Донишгоҳи Кот-д'Азури Фаронса, Шабакаи байналмилалии таҳсилоти демократии Гретсия (IDEC) ва Ассотсиатсия барои инноватсия ва рушд (Словакия) мавзӯъҳои мухталиф баррасӣ намуданд.  

 

          Санаҳои 19.09.2022 ва 20.09.2022 тренерон Мария Кандила ва Нефели Димопауло аз  Шабакаи байналмилалии таҳсилоти демократии Гретсия (IDEC) дар мавзӯҳои “Сиёсат ва стратегияҳо оид ба беҳтар намудани таълими соҳибкорӣ” ва “Мақсад ва вазифаҳои МТОК оид ба рушди таҳсилоти соҳибкорӣ” баромад намуда, оид ба рушди тафаккури соҳибкорӣ, стратегияҳои татбиқи омӯзиши соҳибкорӣ, таҳияи ва татбиқи стратегия дар донишгоҳ, унсурҳои асосии таҳия ва татбиқи стратегия, қадамҳои аввалин дар банақшагирии стратегӣ ва татбиқи стратегияи SMART дар МТОК маълумоти муфассал доданд. Дар раванди омӯзиш бо иштирокчиён корҳои гурӯҳӣ гузаронида шуда, онҳо қадам ба қадам стратегияи рушди соҳибкории донишгоҳҳои худро рушд доданд.

             Санаҳои 21.10.2022 ва 28.10.2022 профессорон аз Донишгоҳи техникии Кошитсеи Словакия, Донишгоҳи илмҳои татбиқии Вена ва Ассотсиатсия барои инноватсия ва рушд (Словакия) дар мавзӯъҳои “Малакаҳои умумии соҳибкорӣ”, “Захираҳои зарурӣ, инфрасохтор ва муҳити зист”, “Чорабиниҳо ва тадбирҳои беҳтар намудани таълими соҳибкорӣ” ва “Нақшаи таълимии омӯзгорон, мӯҳлатҳо ва масъулиятҳо” маърӯзаҳо ва дарсҳои видеоӣ оид ба корхонаҳои пешрафта дар соҳаи бизнес пешкаши ҳозирин гардониданд. Ҳамзамон, вохӯриҳои онлайн бо соҳибкорони муваффақи Аврупо ташкил карданд, ки иштирокчиён бо онҳо сӯҳбатҳои озод доир ба самти фаъолият ва калиди муваффақияти онҳо намуданд.

 

        Аз санаи 29.09.2022 то 30.09.2022 профессорон Срджан Редзепагич ва Ж-Кристоф Буас аз Донишгоҳи Кот-д'Азури Фаронса иштирокчиёнро оид ба тарзи таҳияи курсҳои соҳибкорӣ шинос намуда методу усулҳои фаъолро дар таҳияи курсҳои соҳибкорӣ тавсия доданд.     

          Қайд намудан ба маврид аст, ки дар омӯзиши мазкур дар доираи бастаи кории 3-юми лоиҳа (WP3) ташкил карда шуда, дар он таҳияи стратегияи рушд ва дастгирии соҳибкорӣ дар МТОК ва рушди 5 фанни таълимии ғайрииқтисодӣ дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантураи PhD ва дохил намудани компонентҳо оид ба рушди малакаҳои соҳибкорӣ ба нақша гирифта шуда буд. Дар рафти баргузории омӯзиш иштирокчиён аз донишгоҳҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон стратегии рушд ва дастгирии соҳибкорӣ дар МТОК ва 5 фанни таълимиро қадам ба қадам такмил доданд.

          Омӯзишҳо бо методҳои фаъоли таълим гузаронида шуда, дар охир ба иштирокчиён сертификати гузаштан аз курси мазкур дода шуд.

 





-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------