KGU

Навид





Проведен конкурс " Никто не забыт и ничто не забыто"
  • 08.02.2019

Проведен конкурс " Никто не забыт и ничто не забыто"

В преддверии чествования памятной даты Великой Отечественной Войны 27 января 1994 года "День блокады города Ленинграда" 7 февраля 2019 года в Кулябском государственном университете имени Абуабдулло Рудаки был проведён творческий конкурс на тему: "Никто не забыт и ничто не забыто".

  • 08.02.2019

ВАБОИ АСРИ 20 ВА АНГЕЗАҲОИ СИРОЯТИИ ОН ДАР АСРИ 21

Дар ҷаҳони муосир тамоми ҷанбаҳои мутараққӣ дар асоси ғояҳои сирфан илмӣ – бунёдӣ, орӣ аз таассубу хурофот ва назари воқеъбинона ба вазъи мавҷуда асос ёфтааст. Беолоиш нигоҳ доштани фарҳангҳои суннатӣ низ омили  рушду тақаддум мебошад. Пас бояд ҳар миллати соҳибтамаддун фарҳанги суннатии хешро беолоиш бипазирад ва дар асоси он насли соҳибтамаддуни миллии хешро боқӣ гузорад.  Нигоҳдории фарҳанги ноби як миллат ба осонӣ ба даст намеояд. Тавре бузургони миллати тоҷик фарҳанг ва тамаддуни тоҷикиро бо масъулияти тамом тӯли давраҳои сангини таърихӣ бо баҳои хуну ҷон аз вартаи оташ то имрӯз раҳонидаанд, ки боиси ифтихор аст. Илова бар ин, масири таърихии фарҳангдории тоҷикон ҳамчунин хиёнатҳоро низ аз сар гузаронидааст, ки сабаби шикасти равонии миллати тоҷик гаштаву миллати тоҷик эътимоди ирсии қудрати хешро аз даст дод.
       Яке аз марҳилаҳои таърихии шикасти равонии миллати тоҷик бармегардад ба Аморати Бухоро – даврони ҳукмронии сулолаи манғитӣ. Акнун ин Бухоро на он Бухорои даврони Сомониён буд. Ин Бухорои манғитӣ буд, Бухорои хурофот буд. Дар замони сулолаи манғития миллати тоҷик камоли беэҳтиромиро нисбати худ пай бурда буд. Тайи 200 соли сулолаи манғитӣ зеҳни мардумро ба ғуломӣ бовар кунониданд. Кӯдаке аз оилаи тоҷик ба дунё меомад, нусхаи сарнавишти падарашро дар манзараи ғуломӣ дар худ тасаввур ва қабул мекард, ки зикраш хеле дарднок аст. Барои миллат ҳуқуқ гуфтанӣ ҷузъи арзишҳои маънавӣ вуҷуд надошт. Динро барои мардум нисбати худ ҳам сипар ва ҳам шамшер истифода ва шарҳ медоданд. Мардум ба донишҳои маҳдуди вазъи даврони обшинаи ибтидоӣ талқин менамуданд. Воқеан, халқи тоҷик ба наҷотдиҳандае ниёз дошт.    
    Замонаш фаро расиду бо кӯмаки артиши сурх миллат аз банди ғуломӣ ва бардагӣ озод гашт ва барои поксозии сарзаминаш остин барзад. Дар ин ҳангом дастаҳои манфиатҷӯ ва истисморгарони Аморати Бухоро – Амир Олимхон бо роҳзанони маҳаллиаш гурӯҳҳои ғоратгари «ғазоталабон» - ро ташкил кард. Ба ин гуруҳҳои «ғазоталабон»  босмачӣ ном гузошта шуданд. Манфиати асосии ин босмачиҳо ва «ҳомиёни Ислом» гаравидан ба чунин гурӯҳҳо ин буд, ки аз маҳаллаҳои тороҷкардаи худ аз «ғанимат» - ҳо баҳра баранд ва дар сурати «нусрат» ёфтанашон насибашон мансабҳои калон аз тарафи амири бетахташон мешуд. Инҳо на ҳадафи дифоъ аз арзишҳои динӣ балки ҳадафи дифоъ аз арзишҳо нафсӣ доштан. Ҳама гурӯҳҳои босмачиёнро афроди манфиатдори ҳукумати истисморгари собиқ роҳбарӣ мекарданд. Аммо гурӯҳҳое, ки бар зидди ин ҷонварони девсират муқовимат нишон медоданд, ҳама заҳматкашон ва аҳолии одӣ будан. Аксари шумораи отриядҳои муқовиматиро дастаҳои ихтиёрии мардум, онҳое ки дар номусашон, ҷонашон, хешовандонашон ва молу амволашон таҷовуз роҳ дода шуда буданд, ташкил медод. Босмачиҳо шикаст хӯрданд. Чунки афкорашон сари худашонро чу гирдоб хӯрд. Пирӯзӣ насиби мардуми заҳматкаш гашт.
     Ҳоло бошад аз ҳар гӯша сару садоҳо ҷиҳати дифоъ аз аъмол ва афкори шуми онҳо шунида мешавад, ки хеле ҷои таассуф аст. Ворисони босмачиён имрӯз дар симои ашхоси соҳибмаърифату ботамаддун худро мехоҳанд рӯи саҳнаҳои сиёсат кашанд. Аммо асолати онҳо дар асоси афкори харобиовари гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ифротию террористӣ бунёд ёфтаан. Чунин ашхос ҳоло ҳам сухан аз сулҳ, субот ва некуаҳволии омма мезананд, аммо агар ба аъмоқи таърихашон назар афканем, инҳо афсонаҳои асотириро ба ёди мо меоранд ки дар гузашта қувваи торикии аҳриман гуфта мешуданд. Ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва террористии ТТЭ ҲНИ, ки пӯсти Паймони миллӣ бар сар мекашад нифоқандозӣ дар миёни миллате, ки ба сахтӣ истиқлолияти ҳудудӣ ва маънавии худро касб кардааст, дар ҳоли роҳандозӣ кардан ҳаст. Намехоҳанд миллат ҷон гирад. Намехоҳанд модар бо кӯдакаш дар маҳалли зисташ озод гашту гузор намояд. Онҳо намехоҳанд зеҳни миллати тоҷик фориғ аз мавҷудияти эҳтимоли хатар бошад. Аммо муваффақ нахоҳанд шуд. Ҳаргиз бадӣ некиро ғолиб наёмадааст.

Рустам Акрамов, сокини ш.Душанбе  

  • 08.02.2019

Акбар Шариф, журналисти чирадаст

Акбар Шариф соли  26-уми феврали соли 1963 дар ноњияи Панљи вилояти Ќурѓонтеппа таваллуд шудааст. Аз моњи августи соли 1994 то моњи майи соли 1995 муовини сардабири њафтаномаи «Наврўзи Ватан» аз 7-уми августи соли 1995 муњаррири барномањои мусиќии Телевизиони Тољикистон буд.
     Акбар Шариф нависанда, рўзноманигор ва олими тавоно буд. Ў дар баробари корњои илмї – эљодиаш њамчунин, барои бедории сиёсии шањрвандони Тољикистон њамеша талош менамуд.  Акбар Шариф аз хўрдї ба рўзноманигорї шавќу раѓбати самимона пайдо намуда буд. Ў њанўз аз даврони мактабхонї дар дафтари махсуси худ мавзўъњои мавриди алоќаашро дар он ќайд менамуд. Устодонаш аз вай бо ќаноатмандї ёд мекарданд. Ба гуфти баъзе аз њамкорон, замоне ки якумин маротиба маќолааш дар њафтанома ба нашр расид, шавќи пурэњсоси рўзноманигорї ва нависандагї дилашро фаро гирифта буд. Аз њамон ваќт сар карда тасмим гирифта буд, ки рўзноманигор ва нависандаи касбї шавад. Аслан вай мехост ўро њамчун рўзноманигор шиносанд. Ба гуфтаи худи Акбар Шариф, ки мегуфт: «Рўзноманигорї набояд бо навиштани чанд маќолае мадуд шавад». Ба дарки ў рўзноманигорї яъне, бо мардум будан аст. Дар шодиву ѓами халќи тољик рўзноманигор бояд шарик бошад. Акбар Шариф гарчанде љавон буду на он ќадар сини калон дошт, нисбати касбаш чунин хулосабарорї намуда мегуфт: «Рўзноманигор аз халќ асту халќ аз рўзноманигор».
Акбар Шариф касбашро хеле дўст медошт. Ў бо дарки амиќи масъулияти касбияш аз фаъолияташ ифтихор мекарду аз интихоби касби дар пешгирифтааш изњори ќаноатмандї мекард. Акбар Шариф зарурати шадиди фаъолияти рўзноманигорї ва нависандагиро дар солњои бесарусомонињои шањрвандї амри зарурї ва сариваќтї мењисобид. Њама роњбарон ва њамкорон тањсинаш мехонданд. Ин рўзноманигори љавон мушкилї ва сабабњои он њама бетартибињоро дарк карда, дар фаъолияти худ мардумро ба сулњу субот, тањаммулпазирї ва хештаншиносї даъват менамуд. Дере нагузашта Акбар Шариф дар љањони расонањои хабарии љумњурї машњур гашт. Ќаламаш нисбати ноадолатињои гурўњњои силоњбадастони худхоњу ѓаддор шамшери тезу бурроро мемонд. Гарчанде дар он солњо њама чунин иродаро надошт, вале ў хеле собитќадам ва шуљоъу боирода буд. Шуљоати адабии ў њамкоронашро дар њайрат мегузошт. Акбар Шариф чанд  маротиба аз тарафи гурўњњои зери танќидаш ќарордода тањдид тањдидњо њам пай бурда буд. Вале ў аз муборизаи ќаламї даст накашид. Баръакс, акнун вай дарк мекард, ки муборизааш бо чунин афроди тахрибкор натиљае додаст.
      Акбар Шариф дар муњити кораш бо устодон, њамкорон ва шогирдонаш хеле боадабона рафтор мекард. Бархе њамкоронаш њадс мезананд, ки баъзан ваќт Акбар Шариф хеле табиати шўх дошт. Аммо дар фаъолияти касбияш хеле љиддї муносибат мекард.
     Акбар Шариф њамчун рўзноманигор дар дигар њафтаномањо низ маќолањояш ба нашр мерасиданд. Вай фаъолияти касбии хешро дар њафтаномаи «Наврўзи Ватан» оѓоз кардааст. Ў аз аввали фаъолияташ вазъи иљтимої ва сиёсии мардум дар маќолањояш инъикос мегашт.
    Акбар Шариф шахси бомаърифат, худогоњ ва хештаншинос буд. Вай њамеша халќи тољикро ба адами бегонапарастї даъват менамуд, ки дар солњои растохези љанги шањрвандї гурўњњои манфиатљўи хориљї фаъолияти тарѓиби ѓояњои сиёсї ва фарњангии худро то њад љоннок менамуданд. Шодравон хеле рўзноманигори зиндадил буду ба ояндаи миллати тољик беандоза хушбин
Соли 1996 бо фармони роњбарияти ТТЭ ЊНИ ба њалокат расонида шуд.                


                                                       Акрамов Рустам. сокини ш. Душанбе



  • 07.02.2019

Хабари Маркази матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ аризаи маҳкумшуда - шаҳрванд Сайид Қиёмиддини Ғозиро баррасӣ карда, 29 январи соли 2019 муҳлати ҷазои ӯ 18 сол ихтисор ва аз 25 ба 7 сол расонида шуд.
Қарори мазкур бинобар сидқан пушаймон шудани Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз кирдорҳои содирнамудаи худ, мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо алоқаманд қабул шуда, ба ҳукми Суди шаҳри Душанбе дар қисми таъини ҷазо тағйирот ворид гардид.
Ёдовар мешавем, ки Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, маъмул бо тахаллуси «Эшони Қиёмиддин», соли таваллудаш 1952, зодаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, яке аз муассисони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе аз 15-уми майи соли 2018 барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳои дорои характери экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.