KGU

Навид




  • 28.05.2019

Фоҷеаи зиндони Ваҳдат - ҳақиқати ДОИШ-у наҳзат

Ҳодисаи задухўрди зиндониён дар муассисаи ислоҳотии 3/2-и шаҳри Ваҳдат дар расонаҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ ҳануз ҳам баррасӣ мешавад. Назар ва мавқеъгириҳои дар ин бора нашршуда нишон медиҳанд, ки бо гузашти даҳ рўз, ҳодисаи зиндони Ваҳдат чанд чизро ба таври возеҳ нишон дод. Аз ҷумла:



1.Ин ҳодиса моҳияти даҳшатноки тафаккури доишию наҳзатиро пурра исбот кард. Дарафтодан ба ҷони ҳамдигар, надоштани заррае таҳаммулпазирӣ нисбати дигарандешӣ, худсарона ҳукм кардан нисбати мусулмонони дигар, аз мафҳуми раҳму шафақат дур будан, бо бераҳмии махсус ба қатл расонидани инсон ва ғайра, ки хусусияти ташкилотҳои террористие чун «Ал-Қоида», «Толибон», «ДОИШ», Ҳизби наҳзат ва ғайра мебошад, дар ин ҳодиса бори дигар дар амал дида шуданд. Ифротгароён ҳамон гуна, ки дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон сари мардумро мебуриданд ва ҷасадҳоро таҳқир мекарданд, дар ин ҳодиса низ ҳамон усули худро такрор карданд.

Гарчи дар инъикоси ин ҳодиса баъзе расонаҳо асосан доишиёнро золим ва наҳзатиёнро мазлум нишон доданӣ мешаванд, аммо тафаккур ва тарзи амали наҳзатиҳо низ аз онҳо фарқе надорад. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки наҳзатиҳо муддате дар минтақаи Рашт назоратро дар даст доштанд, ҷиноятҳои даҳшатноке содир намуданд, ки аз ҷиноятҳои ДОИШ ҳам бадтаранд. Ба дор овехтани одамони бегуноҳ, сар буридани асирон, қатли муаллимону духтурон, буридани забони санъаткорон, чок кардани шиками занону духтарон ва ғайра, ки наҳзатиён дар Рашт анҷом доданд, ҳоло ҳам аз ёди ин мардум намеравад.

Ин ҳодиса нишон дод, ки идеологияи ифротгароӣ, фаҳмиши ҷоҳилонаи динӣ ва фанатизми мазҳабӣ чӣ гуна инсонҳоро ба мавҷуди даҳшатнок ва бераҳм табдил мекунад. Ин аст хатар ва даҳшати асосии ифоротгароӣ…



2.Ин воқеа бори дигар нишон дод, ки ин қувваҳо барои ҷомеа чи қадар хатарноканд ва агар пеши роҳи онҳо гирифта нашавад, онҳо метавонанд чи даҳшатҳои бузурге офаранд. Тасаввур кунед, ки агар пеши роҳи паҳншавии тафаккури салафия ва шиъаи ифротӣ гирифта намешуд ва агар фаъолияти гурўҳи террористии «ДОИШ» ва ташкилоти террористии ҲНИ манъ карда намешуд, онҳо ҳазорон нафарро ба сафи худ фирефта, ба қувваҳои калон табдил мешуданд. Сипас, онҳо ҳамдигарро ва тамоми касонеро, ки мисли онҳо фикр намекунад, ба қатл расонида, ҷомеаро ғарқи хун мекарданд. Яъне, онҳо ҳамон сенарияи зиндони Ваҳдатро дар сатҳи тамоми Тоҷикистон амалӣ мекарданд. Он вақт на чанд нафар, балки ҳазорон нафар қурбонӣ мебуданд.

Яъне, аз ин ҳодиса бо чӣ даҳшати бузург рў ба рў будани ҷомеаи мо исбот шуд. Ин ҳодиса бори дигар нишон дод, ки ихтилофи динию мазҳабӣ чӣ даҳшати калон аст ва ҷомеаи дунявию таҳаммулпазир чи неъмати бузург. Он нишон дод, ки пешгирии қатъии фаъолияти ин гуна қувваҳои иртиҷоӣ чи қадар зарур ва ҳатмист!



3.Маводу назарҳое, ки дар ин рўзҳо аз тарафи фаъолони хориҷии ТЭТ Ҳизби наҳзат ба нашр расидаанд, ҷанбаи дигари воқеиятро низ исбот карданд. Онҳо нишон доданд, ки инсон метавонад аз таъсири сиёсату манфиат ба мавҷуди беҳиссе табдил шавад, ки дигар барояш ягон арзиши инсонӣ боқӣ намонад.

Мавқеъгириҳои онҳо исбот кард, ки М.Кабирӣ, Ҷаннатуллоҳи Комил ва ҳаммаслакони онҳо он қадар дар кинаю адоват нисбати давлату миллати тоҷик ғарқ шудаанд, ки ҳар боре ба сари миллати мо фоҷеае биёяд, онҳо табли шодӣ зада, онро ба маъракаи васеи таблиғотии худ табдил мекунанд. Шояд М.Кабирӣ ва атрофиёнаш шабҳо дуъо кунанд, ки кош фардо дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нохуше рўй диҳад, то онҳо онро истифода карда, бори дигар зидди ҳукумат таблиғот кунанд. Бинобар ин, дар атрофи ҳодисаи зиндони Ваҳдат низ ба ҷои зоҳир намудани эҳсосоти инсонӣ, ба ҷойи изҳори ҳамдардии одамӣ, онҳо бо пахши изҳороту тўҳматпароканиҳо мехоҳанд аз марги зиндониён манфиат бардоранд. Манфиатҷўию ғараз онҳоро ба лошахўрҳое табдил кардааст, ки аз маргу фоҷеаи касе хурсанд мешаванд. Тавре халқ мегўяд, наҳзатиҳо «мурдаро монда тутхўрӣ доранд». Ҳайфи ин хел одамгарӣ.



4.Маъракаи таблиғотии М.Кабирӣ ва наҳзатиёни дигар дар ин масъала нишон дод, ки чашмони онҳоро пардаи ғараз кўр карда, дигар ҳеҷ қадами некро дида наметавонанд. Вақте ин фоҷеа рух дод, Роҳбарияти кишвар бо зоҳир намудани эҳсосоти баланди инсонӣ дастур дод, ки ҷасадҳои қурбониён ба зодгоҳашон фиристода шуда, дар зодгоҳашон гўронида шавад. Хусусан, ҷасади ҳамҳизбии онҳо Саттор Каримов (Махсуми Абдусаттор) ба хонааш оварда шуда, пас аз намози ҷаноза ва маросими видоъ ба хок супорида шуд. Ба атрофиёни ў иҷозат доданд, ки ҷасади ўро дар ҷойи интихобкардаи худашон, дар паҳлўи қабри С.А.Нурӣ гўронанд. Ҷасади Эшони Қиёмиддин ва Шайх Темур низ ба зодгоҳашон фиристода шуд. Ҳатто ҷасади писар ва бародари полковники хоин Г.Ҳалимов, ки аз ҷумлаи саркардагони бетартибӣ буданд, ба зодгоҳашон, деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб оварда дафн карда шуданд.

Аммо Кабирӣ ва атрофиёнаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо таблиғот карданд, ки гўё ҳукумат ҷасадҳои қурбониёни фоҷеаро намедиҳад. Яъне онҳо ин иқдоми инсонии ҳукуматро ҳам инкор карда, дар пайи гирифтани манфиати сиёсӣ аз ҷасадҳои қурбониён мебошанд. М.Кабирии тоҷир мехоҳад барои худаш аз ин ҷасадҳои қурбониёни ҳодиса як сармояи сиёсӣ созад, ки камоли бешармист.

Бинобар ин, бояд ба диққати онҳо расонем, ки дар ягон кишвар ҷасади шахсонеро, ки ба амалҳои террористӣ даст задаанд ва ҳамчун террорист маҳкум шудаанд, ба наздиконашон намедиҳанд. Агар ёдатон бошад, вақте пири тариқати Шумо, «террористи №1» - Усома Бен Ладен аз тарафи ИМА дастгир ва кушта шуд, ҷасади ўро натанҳо ба наздиконаш ва кишвараш насупориданд, балки умуман, дар рўи замин гўрондани ўро роҳ надоданд. Ҷасади Бен Ладенро сўзонда, хокистари онро ба Баҳри Сурх пошиданд, ки дигар аз ў ягон ному нишоне боқӣ намонад. Ана муносибати ИМА ба ҷасадҳои террористон.

Аммо роҳбарияти кишвари мо боз ҳам аз рўи усулҳои инсонӣ ва тараҳҳуми махсуси тоҷикӣ рафтор карда, дар ин масъала истисно қоил мешавад. Агар фаромўш накарда бошед, соли 2015 низ ҷасади ҳаммаслаки Шумо Абдуҳалим Назарзода ё Ҳоҷӣ Ҳалимро, ки дар натиҷаи ташкили амалҳои террористӣ ва кўшиши табаддулоти давлатӣ кушта шуда буд, ба атрофиёнаш доданд, то дар қабристони маҳалли зиндагияш гўру чўб кунанд. Ҳол он, ки дар ҳар давлати дигари дунё ҷасади чунин инсоне, ки бар зидди давлату ҷомеа чунин ҷиноят намудааст, ҳаргиз ба наздиконаш ҳатто нишон намедоданд.

Ин аст, ки агар ҷасади ягон нафари бо ҷурми терроризм маҳкумшуда, хусусан ҷасади ягон нафар аз террористони ДОИШ ё наҳзатӣ ба зодгоҳашон ва наздиконашон дода намешуд, боз ҳам мувофиқи қонунгузории кишвар ва мувофиқи меъёрҳои қабулшудаи байналхалқии муносибат бо террористон, пурра дуруст мебуд. Аммо дидем, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ин маврид нигоҳи комилан инсонӣ зоҳир намуда, нисбати ҷасадҳои зикршуда чунин истисно қоил шуд.  

Бинобар ин, аз тарафи М.Кабирӣ ва атрофиёнаш инкори ин иқдоми инсониии давлати Тоҷикистон ва кўшиши суиистифодаи сиёсӣ ва таблиғотӣ аз масъалаи ҷасади қурбониёни ин фоҷеа як амали шармовар, номардона, ғайриинсонӣ ва ғайримусулмонӣ мебошад.



Хулоса, бале, ҳодисаи фоҷеавӣ дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат, ки дар он доишиён ва наҳзатиён ҳамдигарро бо бераҳмии махсус ба қатл расониданд, як ҳодисаи ногувор, андуҳгин ва ғамангез буд. Аммо, дар айни замон, он як силсила воқеият ва ҳақиқатҳоеро нишон дод, ки бояд ба онҳо ҳамчун сабақ нигоҳ карда шавад. Аз ҷумла, ин ҳодиса нишон дод, ки гурўҳҳои экстремистию террористие чун ДОИШ ва ҲНИ барои ҷомеа даҳшати мудҳиш буда, пешгирии фаъолияти онҳо ва роҳ надодан ба паҳншавии идеологияи онҳо дар ҷомеа як зарурати ҳаётӣ мебошад.



Нуралӣ Нурзод, дотсенти Донишгоҳи давлатии ш.Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ

  • 28.05.2019

ҲНИ ва ДИИШ: умумиятҳо ва фарқиятҳо

Муноқиша ва задухӯрди пайравони ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии ифротӣ дар шаби 19.05.2019 дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат, ки боиси марги 32 нафар гардид, ҳеҷ кадом шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф монда наметавонад. Ин ҳодисаи мудҳиш мавриди ғаму андуҳи тоҷикистониён қарор гирифт.

Вале ин ҳодиса дар биниши шаҳрвандон фаҳмишҳои мухталифро ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносон низ бо рангу бӯи гуногун баррасӣ гардид. Намояндагон ва роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ ва террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда, ба мисли ТТЭ ҲНИ, «Ансоруллоҳ», «Гурӯҳи-24», «Салафия» ва дигарон бошанд, мунсифона аз нигоҳи манфиатҳои сиёсии худ, ки ҳадафашон ғасби ҳокимият ва давлат дар Тоҷикистон аст, атрофи ин ҳодиса дар шабакаҳои интернетӣ «ҳаё-ҳуйи сиёсӣ» («Политический бум») ташкил дода, кӯшиш менамоянд ҳукумат ва давлати дунявии Тоҷикистонро дар назди ҷаҳониён ва хоҷагони хориҷии худ сиёҳ созанд, то ки назари онҳоро дар ин масъала сарбаста сохта, таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб созанд. Махсусан сарварону намояндагони муҳоҷиратро интихобкардаи ТТЭ ҲНИ ва «Гурӯҳи-24», ки дар кишварҳои хориҷӣ зери сарпарастии хоҷагони худ зиндагии муфтхурона доранд, худро ҷабрдида нишон дода мехоҳанд мардуми ноогоҳро ба гумроҳӣ зананд. Дар асл бошад ҳодисаи мудҳиши шаби 19.05.2019 бори дигар симои экстремистию террористии ин гурӯҳҳои динӣ-сиёсии ифротиро ошкор месозад.

Ин ҳодиса собит сохт, ки гурӯҳҳои экстремистию террористӣ воқеан дин, Ватан ва миллат надоранд. Онҳо барои расидан ба мақсадҳои сиёсии худ ҳеҷ гуна қоида ва меъёрҳои дини исломро риоя намекунанд ва баръакс барои расидан ба ҳадафҳои муғризонаашон исломро ҳамчун парчам интихоб намуда, дар муқобили Қуръону суннат қарор мегиранд. Агар пайғамбари ислом гуфта бошад, ки «Имон он аст, ки ба Худо ва фариштагони Ӯ, ба Пайғамбарони Ӯ, ба тақдири некӣ ва бадӣ бовар намоӣ» (1:110) ё худ ба саволи оё дар ин уммат гуноҳе аст, ки ба куфр бирасонад?» ҷавоб дода бошад, ки «На магар ширк овардан ба Худо» (3:144), [1][2] аммо ин гурӯҳҳои динӣ-сиёсии эстремистию террористии номбурда, ки ҳама ба Худои ягонаву Пайғамбари Ӯ, ва ба фариштагону он дунё ва рӯзи қиёмату ҷазо баробар боварӣ доранд, ҳадисҳои пайғамбари исломро пушти по зада, ба хотири ғаразҳои сиёсӣ ҳамдигарро ба куфр гунаҳкор карда, ба қатли ҳамдигар даст мезананд ва дар мардум эҳсоси исломҳаросиро бедор месозанд, ки ба ҷуз бадном сохтани ислом чизи дигаре нест. Бинобар ин дар ба вуқуъ пайвастани ҳодисаи шаби 19.05.2019 с. касе гунаҳгор нест, ба ҷуз мафкураи динӣ-сиёсии ифротии худи ин гурӯҳҳо.

Ҳарчанд ҳамаи ин гурӯҳҳо худро аҳли суннату ҷамоат меҳисобанд ва онҳоро табиати экстремистӣ, ҷиҳодӣ, ихтилоф доштан ба низомҳои гуногуни давлатдорӣ, бегона будан аз манфиатҳои миллӣ, имондории зоҳирӣ, хизмат намудан ба хоҷагони бегона ва ғайра бо ҳам мутаҳид месозад, аммо манфиатҳои сиёсии онҳо баъзан ё куллан бо ҳам мувофиқ намеоянд. Ба ҳам мувофиқ наомадани манфиатҳои сиёсии онҳо, ононро ба ихтилофҳои динӣ-ақидавӣ низ бурдааст, ки бо ҳам оштинопазиранд. Пас ин кадом манфиатҳои сиёсӣ ва бунбастҳои эътиқодӣ-сиёсие аст, ки онҳоро оштинопазир сохтааст.

1.Ҳар кадом гурӯҳ имрӯз мехоҳад дар кишвар ё минтақа худ лидери динӣ-сиёсӣ бошад ва кӯшиш дорад дар фазои динӣ-сиёсии кишвар ё минтақа яккатоз гардад. Вақте ки солҳои 90-уми садаи 20 ва ибтидои асри 21 дар Тоҷикистон «Ҳизб-ут-Таҳрир» фаъол гардид, сарвари руҳонии ТТЭ ҲНИ С.А.Нурӣ мавқеашро нисбатти ин ҳизби ифротӣ чунин муайян карда буд: «Ман фикр мекунам, ки ин гурӯҳ аз ду нигоҳ дар Тоҷикистон ҳақи амал кардан надоранд: динӣ ва ҳуқуқӣ. Аз нигоҳи динӣ дар Тоҷикистон як ҳизби характери динидошта вуҷуд дорад ва ҳоҷат ба таъсис ва фаъолияти ҳизби дигар нест. Агар онҳо хаҳанд, метавонанд аз тариқи ҳизби мо фаъолияти сиёсӣ намоянд, модоме ки хилофи қонун ва оинномаи ҳизби мо набошад. Аммо аз нигоҳи ҳуқуқӣ онҳо ба қайд гирифта нашудаанд ва наметавонанд дар Тоҷикистон фаъолият кунанд. Муносибати мо бо онҳо ҳамчун ҳизби ғайриқонунӣ хоҳад буд». Имрӯз ин даъворо мо дар фаъолияти ҳаракати «Салафия» низ мушоҳида мекунем, ки ин ҳама аз ихтилофу муборизаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад ва ҳодисаи шаби 19.05.2019 инро собит сохт.
2.Консепсияи иҷтимоӣ-сиёсии ин ҳизбу ҳаракатҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад. Масалан, ДИИШ, ки ҳаракатҳои «Салафия», «Ихфон-ул-муслимин», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҷайши Муҳаммад» ва ғайраро дар худ мутаҳид сохтааст. Низоми давлатдории шакли монархияи динӣ, хилофатро бунёд кунанд. ТТЭ ҲНИ бошад шакли низоми давлатдории ҷумҳурӣ, вале Ҷумҳурии исломиро бунёд созад. Зиёда аз ин пояи ақидавӣ – идеологии бунёди низоми давлатдории гурӯҳҳои бо ҳам зид дар фазои динӣ-сиёсии Тоҷикистон муборизакунанда низ гуногунанд. Ин ҷиддият онҳоро ба муқобили якдигар бармехезонад. Чунин ихтилоф имрӯз на танҳо дар ҳодисаи номбурда, инчунин дар Афғонистон дар байни Толибон ва ДИИШ ҷой дорад, онҳо зидди ҳамдигар бархоста, ба қатли ҳамдигар даст мезананд.
3.Яке аз хусусиятҳои ин гурӯҳҳои динӣ-сиёсии ифротӣ дар он ифода меёбад, ки онҳо кӯшиш менамоянд, гурӯҳҳои дигарро тобеи худ созанд. Масалан, ДИИШ дар Ироқу Сурия кӯшиш кард ҳамаи гурӯҳҳои сунниро ба худ ҷалб созад. Зеро ДИИШ даъвои лидери ягонаи мусулмонон шуданро дорад. Банобар он даъвои наҳзатиҳо, ки лидери Тоҷикистон шудан доранд, ба талошҳои ДИИШ (салафиҳо, таҳририҳо) мувофиқат намекунад ва онҳо дар худ таманнои ҳеҷ гуна созиш ва мусолиҳаро надоранд. Зеро яке аз принсипҳои асосии чӣ ДИИШ-ҳо ва чӣ наҳзатиҳо «такфир» аст, ки аз «Ихвонӣ»-ҳо иқтибос кардаанд. Ба ҳамон андозае, ки ДИИШ-ҳо наҳзатиҳоро «такфир» менамоянд, ба ҳамон андоза наҳзатиҳо ДИИШ-ро такфир мекунанд. Аз ин нигоҳ дар такя ба ин асл иттиҳоду оштии онҳо ғайриимкон аст. Беҳуда нест, ки дар ҳодисаи шаби 19.05.2019 с. ДИИШ-ҳо тавонистанд намояндагони гурӯҳҳои дигарро ба зуд ҷалб созанд.
4.Зиёда аз ин ихтилофи дигари байни ДИИШ-ҳо ва наҳзатиҳо дар ихтилофи пуштибонони хориҷиашон мебошад, ки байни ҳам низоъи тулонии таърихӣ доранд ва имрӯз ҳар кадоме барои лидери ҷаҳони ислом шудан мубориза мебаранд. Албатта, ин ба тақдири пайравони зархариди ин давлатҳои пуштибон бетаъсир намемонад, ки воқеияташро дар ҳодисаи мазкур бараъло мушоҳида кардем.
5.Маврид ба ёдоварист, ки ҳарчанд пайравони ҳизбу ҳаракатҳои номбурда худро аз аҳли суннату ҷамоат меҳисобанд, вале на танҳо мазҳабҳои онҳо фарқ мекунанд, ҳатто дар ҳолатҳои ҷудогона бо ҳам зиддият доранд. Мазҳаби ДИИШ-ҳо, ки асосан пайравони «Салафия» мебошанд, ҳанбалӣ буда, мазҳаби гурӯҳҳои дигари динӣ-сиёсии ифротӣ ҳанафӣ аст. Миёни ҳанбалия ва ҳанафия, ки манфиатҳои миллатҳои гуногуни мусулмонҳоро ифода мекунад, таърихан ихтилофҳое вуҷуд дошт. Имрӯз бошад ҳанбалиҳо аз идеологияи ваҳҳобия (салафия) пайравӣ мекунанд ва худро бемазҳаб номида (ДИИШ-ҳо) бо мазҳаби ҳанафӣ зиддияти ошкоро доранд ва онҳоро ба «куфр» мутаҳам мекунанд. Ин ихтилофу зиддиятҳо низ дар ақидаву тафаккур ва амали пайравони он ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар ҳодисаи шаби 19.05.2019 с. ширкат доштанд бетаъсир буда наметавонад. Кушта шудани намояндагони руҳонияти суннатӣ ба мисли Шайх Темур, Махсуми Саттор, Сайид Киёмиддини Гози аз ҷониби ДИИШ-ҳо аз муносибати онҳо ба мазҳаби ҳанафӣ шаҳодат медиҳад ва як бонги хатар ба руҳонияти суннатии ҳанафимазҳаб мебошад.
6.Бояд ёдрас шуд, ки ҳамаи ин ихтилофу низоъҳое, ки миёни ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ дар заминаи зиддиятҳои ақидавӣ-мафкуравӣ сурат мегирад реша дар хусусияти духура доштани ислом дорад, ки барои ҳамаи мусулмонон роҳи мушаххасро накардааст. Дар асоси ин духурагии ислом назарияҳои мухталиф аз ҷониб доир ба ҷангу ҷиҳод, аз ҷониби дигар доир ба мусолиҳаб иттиҳод дар тули таърих то ба имрӯз арзи вуҷуд карданд, ки мавриди истифодаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии гуногун қарор гирифтанд. Дар Қуръону суннат далелҳои зиёд дар бораи чӣ ҷангу ҷиҳод ва чӣ мусолиҳаю иттиҳод вуҷуд доранд, ки ҳар кадом гурӯҳ онро ба тарзи худ мефаҳманд ва мувофиқи манфиатҳои худ истифода мебаранд. Ба тарзи дигар гӯем ҳарчанд мусулмонон дар масъалаи имондорӣ ба ҳамдигар мувофиқанд, вале дар заминаи духурагии ислом роҳҳои имондориро ба тарзи худ мефаҳманд, агар дар гузашта сабаби ба равияву фирқа ва мазҳабҳои мухталиф тақсимшавии мусулмонон гардида бошад, имрӯз яке аз сарчашмаҳои ғоявии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии гуногун буда, онҳоро ба бунбасти ақидавӣ мебарад ва боиси низоъҳои мазҳабӣ мегардад.
Ҳамин тариқ он низоъу задухӯрде, ки шаби 19.05.2019 с. дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат рӯй дод, як ҳодисаи табииест, ки дар асоси ихтилофу низоъҳои динӣ-мазҳабӣ, ки василаи расидан ба ҳадафҳои сиёсист, ба вуқуъ пайвастааст. Дар ин масъала ба таври қотеъ гунаҳкор кардани ҷонибе ё тарафи сеюм ғайривоқеӣ ва беадолатӣ мебошад. Сабаби ин ҳодисаи мудҳишро мусулмонон, ба хусус ин ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии дар низоъ ширкатдошта бояд дар табиати аслии имондорӣ ва ғаразҳои сиёсии худ ҷустуҷӯ намоянд. Онҳо аз рӯи инсоф бояд эътироф намоянд, ки ихтилоф ва қурбонии мазкур аз ҷонибҳои гуногун натиҷаи хусусияти ҷангҷӯӣ, террористӣ ва оштинопазирӣ доштани ҳизбу ҳаракатҳоест, ки аз он пайравӣ мекунанд. бояд таъкид кард, ки дар ҳеҷ ҷои дунё то ҳол ду гурӯҳи террористӣ, ки ба ҳам манфиатҳои сиёсии амиқу ба ҳам мухолиф доранд ба ҳам созиш накардаанд ва ҳампаймон аншудаанд. Ин ҳодиса бояд таҷриба ва панд барои дигарон бошад. Вақте ки ақидаҳои ифротии бегона, ки ҳар кадоме пуштибони худро доранд, дар байни пайравони як дину як мазҳаб роҳ меёбад ва ваҳдати эътиқодии онҳоро вайрон месозад, натиҷа ҳамин гуна низоъҳои хунин аст.      



Казаков Рустам Сафарович, мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии ш.Бохтар ба номи Носири Хисрав, номзади илмҳои таърих


[1] Муснади Имом Абуҳанифа. Душанбе, Эр-граф, 2009.

[2] Шарҳи муснади Имом Абуҳанифа. Душанбе, Эр-граф, 2009.