KGU

Конференсияҳо

Конференсияҳо

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар ш.ДУШАНБЕ

Президент.pngСубҳи рӯзи 20 июн дар Кохи Сомони Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз кард. Барои иштирок дар ин конференсия сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Покистон, Туркманистон, Афғонистон, беш аз 1500 коршинос аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Ҷараёни кори конференсия мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радио пахш гардида, рафти кори онро шумораи зиёди хабарнигорони дохил ва хориҷ инъикос карданд.

Муфассалтар...


Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ш. ДУШАНБЕ

Президент.png

Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Муҳтарам роҳбарон ва аъзои ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Ҳамаи шуморо ба шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хайрамақдам мегӯям.

Умед дорам, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинии имрӯза, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон доир мегардад, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда иқдомоти амалии муассир сурат хоҳад гирифт.

Муфассалтар...

Конференсияи илмӣ назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Рушди илмҳои табииву техникӣ аз нигоҳи расидан ба ҳадафҳои "Об барои рушди устувор 2018-2028”

Дар ҳафтаи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара бахшида ба оғози татбиқи “Даҳсоли байналмилаии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва  ”Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”  Конференсияи илмӣ  назариявии ҷумҳуриявӣ  таҳти унвони “Рушди илмҳои табииву техникӣ аз нигоҳи расидан ба ҳадафҳои об барои рушди устувор 2018-2028” гузаронида шуд. Дар конфронси мазкур устодон ва донишҷӯёни зерини Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ иштирок намуда бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Муфассалтар...

Конференсия таҳти унвони "ҲАРАКАТИ САРПАРАСТОНИ ОБҲОИ ПОК”

Бо ташабуси наҷиби Пешвои миллат аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид, 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ Қатъномае зери унвони “Даҳсолаи Байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон шуд, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шуруъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Моҳи июни соли ҷорӣ дар пойтахти давлатамон шаҳри Душанбе Конференсияи ҷаҳонии ““Даҳсолаи Байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”солҳои 2018-2028”, барпо мегардад, ки боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон мебошад. 

Муфассалтар...

Конференсияи "Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028" дар ДИСДДТТ

Дар партави Паём ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати амалигардонии Барномаву супоришоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2016., таҳти рақами 05/1489, оид ба гузаронидани ҷаласаи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни макотиби олӣ дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд санаи 3-юми январи соли 2017, соати 13:00 дар донишкада бахшида дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, 2018-2028» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории конфронси мазкур, пеш аз ҳама, ба дарки муҳиммияти мавзӯъ ва мусоидат ба татбиқи амалии фарогири Даҳсолаи нав оид ба масъалаи об ва рушди устувор нигаронида шуда, чун самти афзалиятноки сиёсати хориҷӣ ва аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани ин ташаббуси Тоҷикистон дониста мешавад.

Муфассалтар...