KGU

Семинарҳо

Семинарҳо

Семинар-машварат дар мавзӯи даҳсолаи байналмилалии амал «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР солҳои 2018-2028»

Вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» дар Хадамот бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон вохўри баргузор гарид.

Дар оғози ҷаласа Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳуқумати ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ қодирзода сухани ифтитоҳиро оғоз намуда оид ба заминаи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди

Устувор солҳои 2018-2028», қайд кардан, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии СММ бо карорҳои худ соли байналмилалии оби тоза – соли 2003 ва Даҳсолаи байналмилалии ҳамкори дар соҳаи об соли 2013 қабул намуд, ки ин худ гувоҳи нуфузи ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.

Масъалаи истифодаи захираҳои обӣ бо мушқилоти афзоиши аҳолии сайёра, тағйирёбии глобалии иқлим, буҳронҳои молиявӣ, ҳифзи муҳити зист, энерғетика ва озуқаворӣ алоқамандии зич доранд.

Муфассалтар...