KGU

ТАЪРИХИ ФАКУЛТА

     Факулта бо ташшабус ва талошҳои дурбинонаи омузгорони соҳибэҳтиром доктори илмҳои биологи профессор: МирзоевС.С;  доктори илмхои биологи профессор: Бобоев Т. Номзадҳои илми химия дотсент: Холиков С.С; саромузгорон: Худоёров К; Каландаров А, Ширинов С, Аюбов Ш, Рахимов М, Шарифзода М, Баротов Ч, Муродова Н, Сайдахмадова Д, Киматов Р, Бобоев С, Кулаев Ш, Досаков М, Бобоев Б,  Шарифов Ф.Н., Хафизов М, ки аз соҳаҳои гуногуни риштаи омузгори чалб шуда буданд, моҳи августи соли 1993 ба сифати сохтори мустақил ташкил карда шудааст. Новобаста ба шароити вазнини зиндаги ва душвории кор дар шароити чанги шаҳрвандии Чумҳурии Точикистон омузгорони зикр гардида тавонистанд дар рушди таълиму тарбияи донишчуён ва эҳёи як мактаби нав дар шаҳри Кулоб саҳми арзандаи худро гузоранд  гузоранд.

Асоси факултаро дар соли таъсисёбиаш кафедраи химия ва биология, ки он вақт 10-нафар муаллимон дар он кор мекарданд, ташкил медод. Дар байни онҳо 2-нафар номзади илм, 4-нафар муаллимони калон ва 4-нафар ассистентон фаъолият мекарданд. Соли 1994 дар факулта 2- кафедраи тахассуси кафедраи химия (мудири кафедра саромузгор Нуров А) ва кафедраи биология (мудири кафедра дотсент Бобоев Т)  ташкил гардид. Дар ин кафедраҳо дар солҳои гуногун аз 12 то 16 нафар омузгорон кор ва фаъолият мекарданд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳамон сол кафедраи Идоракунӣ шуъбаи географияи иқтисодӣ кушода шуд, ки муттахассисонро барои таълими фанни химия ва биология барои тайёр кардани омузгорони ботачриба дар мактабҳои миёна оғоз намуд. Аввалин маротиба соли 1997 38-нафар донишчуён ин шуъбаро бо ихтисоси муаллими химия ва биология хатм намуданд.

Ҳамин тариқ фаъолияти кафедраҳо дар доираи факулта то соли 2009 давом кард ва сипас дар заминаи кафедраҳои зикргардида, кафедраи география муддати муайян (2009-20018) ташкил карда шуд. Дар соли 2010 дар ихтисосҳои кафедра тағйиротҳо ба вучуд омаданд. Махсус ҳамон сол ихтисосхои химия-экология, биология-экология қабул карда шуд, соли 2010 ихтисоси географияи сайёхи ва менечменти сайёхат, сайёхат ва мехмондори  ташкил карда шуданд.

Дар кафедра аз соли 2005 то ин чониб  омузгорони арзандаи соҳаи химия ва биология ба монанди профессор Мирзоев С.С; н.и.п Сайдахмадова Д; н.и.х Холиков С.С; Худоёров К, Рахимов М; Досаков М, Кулаев Ш, Бобоев С, Шарифов Ф, Исмоилова М, Саидова М,Сайфиддинов Ф, Хочаев И, Бобоев Б, Холов С, Исуфов Д, Хисайнов Т, Хисайнов Д, Шарифова Х, Азизова Н, Махмудов Э, Бобоев К, Намозов А, Мирзоев С, Давронова М ва амсоли онон фаъолият карданд. Хатмкунандагони кафедра дар аксари соҳаҳои хочагии халқ ба сифати роҳбарон ва омузгорон  хидмат намуда, ба пешрафту инкишофи иқтисодиву ичтимоии чумҳури саҳм гузоштаанд. Солҳои тулони  роҳбарии кафедраи химияро  н.и.х дотсент Холиков С.С. кафедраи биологияро профессор Мирзоев С.С.  ба уҳда доштанд.

Кафедраи «химия»-и факултаи химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудаки дар заминаи кафедраи биология дар соли 1995 ташкил гардида, ихтисоси биология ба тобеияти кафедра дохил карда шуд. Бо гузашти вақт бинобар сабаби норасоии омузгорони дорои дарачаи илми дошта кафедраи химия дар соли 2018 ба тобеияти кафедраи  биология дохил карда шуда, сипас таҳти№12 аз 14.01.2018 бо фармони ректори донишгоҳ мутахид шуда номи кафедраи химия-билогияро гирифт. Дар кафедра  дотсент, н.и.х Холиков С.С; Бобоев С; Бобоев Б; Исмоилова М; Гулмирзоев А ба ҳайси мудири кафедра кор ва фаъолият  намудаанд.

Кафедраи географияи соли 2004 дар заминаи факултаи иқтисоди ташкил гардида, роҳбарии кафедраро Мачидова К.А. н.и.п., дотсент, ба уҳда доштанд ва омузгорони зерин Бобоев Т. н.и.б., Бобоев М. н.и.б.,Фахриддинов Ю., Баротов Ч., Холматова Х., Шарифова Ф., Сайдаҳмадова Д., Муродова Н, Бобохонова М., Раҳимов С., Қуллаев Ш., Чумаев Т., Баротов Ч., Фатоева Н. ба донишчуён аз руи фанҳои таълимии кафедра дарс мегуфтанд. Кафедра муддати 4-сол дар доираи факулта амал карда сипас  1-уми октябри соли 2009 ба тобеияти факултаи химия ва биология ворид карда шуд.Айни хол мудири кафедраи географияро н.и.г.Баротов Чумахон ба ухда дошта  дар тобеъияти факултаи химия,биология ва география шомил буда дар кафедра 16-нафар омузгорон ба шогирдон аз фанхои таълими дарс мегуянд.