KGU

Таърихи факултет

Таърихи факулта

ФИЛОЛОГИЯИ ХОРИҶӢ.jpg

Факулта бо ташаббус ва талошҳои дурбинонаи омӯзгорони соҳибэҳтиром номзади илм дотсент Конькова И.П,номзади илм дотсент Талбаков Қ, муаллими калон Сайдамирова М., муаллими калон Собирова У., номзади илмҳои филологӣ Самариддинов Қва дигарон моҳи августи соли 2001 ба сифати сохтори мустақил ташкил карда шудааст. Новобаста ба шароити вазнини зиндагӣ ва душвории кор дар шароити чанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони зикр гардида тавонистанд дар рушди таълиму тарбияи донишҷӯён ва эҳёи як мактаби нави ихтисосманди соҳаи филология дар шаҳри Кӯлоб саҳм гузоранд. Асоси факултаро дар соли таъсисёбиаш кафедраи забони англисӣ, ки он вақт 10-нафар муаллимон дар он кор мекарданд, ташкил медод. Дар байни онҳо 2-нафар номзади илм, 2-нафар муаллимони калон ва 6-нафар ассистентон фаъолият мекарданд. Тули солҳо мудирии кафедраҳои факултаро шахсиятҳои наҷиб ба уҳда доштанд. Устодони беҳтарин ба монанди дотсент Конькова Ирина Павловна, Мамадрасулова Тоҷиниссо номзади илмҳои филологӣ ва муаллимони калон Сайдамирова Муқаддас Сайдалиевна, Сайфудинова Татьяна Николаевна ва Собирова Уғулби Саъдуллоевна дар факулта дарс медоданд.Дар кафедра муаллимони соҳибтаҷриба ба монанди Муродов Ғайратали, Шарипов Амрохон, Ятимова Раънохон кору фаъолият мекарданд.Дар таърихи фаъолияти кафедра чандин мудирони ботаҷрибаву кордон фаъолият намуданд. Оғози фаъолияти кафедраи забони англисӣ аз Мирзоев Зайналобуддин шурӯъ шудааст, баъд аз он муаллими калони кафедраи забони англисӣ марҳум Шарипов Амрохон вазифаи мудириро аз соли 2002 то 2006 ба уҳда дошт. Баъди мудирии марҳум Шарипов А. вазифаи мудириро муаллима Собирова ба уҳда доштва дар давоми соли 2009 вазифаи мудириро номзади илмҳои филологӣ Муродали Набиев ба уҳда дошт. Аз 8-уми ноябри соли 2010 то 2013 мудирии кафедраро муаллимаи калон, муаллимаи кордону ботаҷриба, муаллимае, ки вақти худро сарфи фаъолияти факултети филологияи хориҷӣ намудааст Собирова Уғулби ба уҳда дошт. Муаллима равия ва фаъолияти кафедраро дар рӯшди олимони ҷавон дучанд гардонид. Баъди оне, ки муаллима ба Донишгоҳи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафт, аз моҳи сентябри 2013 то моҳи апрели 2013 вазифаи мудириро муаллими калон Муродов Баҳриддин ба уҳда дошт, аз моҳи апрел то майи 2013 вазифаи мудириро муаллима Шарифхоҷаева Саодат ба уҳда доштанд, баъдан номзади илмҳои филологӣ Садирова Бибиниссо. Айни ҳол номзади илмҳои филологӣ Гуламадшоев Ш.Ш. мудирии кафедраро ба уҳда дорад.Айни ҳол дар факулта 31-нафаромӯзгори соҳибтаҷриба кор карда истодаанд. Дар соли таҳсили 2017-2018 320 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз онҳо 51 нафар тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, ки аз онҳо --- писар ва---духтарон мебошанд. Факултети филологияи хориҷӣ дар бинои маъмурӣ- таълимӣ дар ошёнаи 6, 7, 8 ҷойгир шудааст.