KGU

Таърихи факулта

Таърихи факулта

      Факултаи забон ва адабиёти  рус ҳанӯз соли 1950 дар давраи вуҷуддории Донишкадаи дусолаи муаллимтайёркунӣ таъсии дода шудааст. Дар аввал дар факулта шӯъбаи Забон ва адабиёти рус ташкил дода шуда буд, ки ҳоло ҳам арзи ҳастӣ дорад. Дар солҳои хониши 1950-1951 дар факулта донишҷӯёни зерин таҳсил кардаанд: Волкова, Верешагина, Гольтер, Подколзина, Прокудина, Тамбовцева, Фетисова, Яворская ва дигарон. Дар соли 1953-юм шӯъбаи забон ва адабиёти русро 12- нафар донишҷӯён  хатм  карданд. Ҳоло дар шӯъбаи рӯзонаи факултет 203-нафар ва дар шӯъбаи ғоибона 242-нафар донишҷӯён таҳсил карда истодаанд.
Дар  баробари кушодашавии шуъбаи забон ва адабиёти рус, ҳамчунин кафедраи забони русӣ дар соли 1952-юм кушода шуда буд. Муаллимони нахустини кафедра инҳо буданд: Михайличенко Л.М., СмирноваЛ., Бондаренко П.А., Молчанов П.С  ва баъдтарба кор инҳо омаданд-Резник Д.К., Пчелников В.Д. Ҳоло бошад, дар назди факултет ду кафедра амал мекунанд: кафедраи забони ҳозираи рус- мудираш номзади илмҳои педагогӣ Шарипова Одинамо Пирназаровна., кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус- мудираш номзади илмҳои филологӣ Асоева Комила Аломидиновна мебошанд.
      Дар соли таҳсили 1953-1954 вобаста ба зиёд шудани талабот ба муаллимони касбию маълумоти олӣ дошта Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб кушода шуд.
Баъди кушодашавии донишкада тибқи роҳхати Вазорати Маорифи СССР омӯзгорони пуртаҷриба аз мактабҳои олии  марказӣ инҳо барои дар Донишкадаи омӯгории Кӯлоб  кор карданд омадаанд: Устименко А.М., Спектор А.Л., Котенко Л.И. ва ғайраҳо.
Дар соли хониши 1954-1955 дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб Пчелников Н.Д. аз фанни адабиёти қадими рус, Резник Д.Т. аз фанни забони ҳозираи рус дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мебурданд.
      Барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ омӯзгорони ҷавон ба аспирантураҳои шаҳрҳои Москва, Тошкент ва Киев равона  карда шуданд. Дар соли хониши 1961-1962-юм дар кафедраҳои забони русӣ ва адабиёти рус устодони зерин кор мекарданд: Шокирова М.З., Иванова Л.М., Юрина Э.И., Дворяткина М.Т.Дар соли 1966-ум кафедраи адабиёти рус ва хориҷиро кушоданд. Кафедраи номбаршударо муаллими калон Пчелников Н.Д. роҳбарӣ мекард. Дар соли 1970-ум мудири ин кафедра Папырина Л.В. таъин карда шуд. Баъди як сол вай ба аспирантура дохил шуд ва ба ин вазифа Бжассо А.Ш. таъин гардид. Аз соли 1972 то1975 мудирии кафедраро Профессор Лавров С.Г., ба душ дошт. Ин олими намоён фаъолияти корияшро  дар Донишгоҳи  шаҳри Киев гузаронида буд. Солҳои 70-80-ум мудирии кафедраро дотсентон Звагельский Б, Точиева Х.Ш., Комилов Ш.К. номзади илмӣ филология., дотсентҳо Сон.Л.М., Нозимов А.А., Салихов Н.Н., Рахимова С.Р., Бобоқулов Ҷ.А., Саидов И.А., муаллими калон Бобоқулов Ҷ. А. ба ҷо овардаанд.
      Дар байни ин олимон ду шахсияти намоён аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро ёфтаанд: Нозимов А.А.- ҳоло ректори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Василевич Ломоносов, Солеҳов Н.Н.- ҳоло ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия мебошад.