KGU

Таърихи факулта

ТАЪРИХИ ФАКУЛТА

     Дар соли хониши 1945-1946 дар факултет 6-нафар таҳсил менамудаанд. Онҳо Ғафур Нурматов, Шариф Зиёев, Ҳаким Қодиров, Худойдод Сангов, Шариф Ҳасанов, Ҳамрохон Файзиев, буданд, ки донишкадаро бо мувафақият хатм намуданд. Дар соли таҳсили 1946-1947 ба факултети физика- математика 20-нафар донишҷӯён дохил шуданд, ки ин нишондод аз афзоиши шумораи донишҷӯён гувоҳӣ медод. Баъди ду соли фаъолият факултет сохт ва шакли муайан худро пайдо намуд. Омӯзгорони содиқ бо донишҷӯён кор мебурданд. Аввалин декани факултети физика- математика Аъзам Акбаров буд. ӯ барои дуруст бо роҳ мондани кор дар факултет пайгирона кӯшиш менамуд. Дар ҷалби омӯзгорони ихтисосманд ба кор тадбирҳои зарурӣ меандешид. Дар факултети физикаю математикаи донишкадаи муаллимтайёркунӣ аз рузҳои нахуст ягона кафедраи физика ва математика амал мекард. Фанҳои зерин: математикаи элементарӣ ва олӣ, таърихи математика, методикаи таълими математика, физикаи умумӣ, методикаи таълими физика, нақшакашӣ, расмкашӣ ба таркиби фанҳои асосии кафедра шомил буданд. Барои аввалин донишҷӯёни факултети физика ва математика таҳсил душвориҳоро пеш меовард. Аз ин рӯ, аксар донишҷӯён таҳсилро дар ин факултет қатъ менамуданд. Соли 1948 ҳамаги 7-нафар – Барот Акбаров, Эсанбек Абдуллоев, Гулбинисо Асоева, Фотима Аҳмадвалиева, А. Ҳафизов, Турксан Умаров, Турон Қодиров дипломи факултети физикаю математикаи Донишкадаи давлатии муаллимтайёркуниӣ шаҳри Кӯлобро соҳиб гаштанд. Аввалин устодони факултет ва кафедраи физикаи математика Аъзам Акбаров ва А. Разоққов буданд, ки онҳо мувофиқан аз фаннҳои математикаи олию таърихи математика ва физикаи умумӣ, назариявӣ, методикаи таълими физика ба донишҷӯён дарс медоданд. Бо назардошти барқарорсозиҳо дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа дигаргунсозиҳои ҷузъӣ дар донишкада ҷараён мегирифтанд. Одамон баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба меҳнати осоишта гузашта, барои бартараф намудани оқибатҳои харобиовари он дар ақибгоҳҳо бо ҷидду ҷаҳд талош меварзиданд. Яке аз мушкилиҳои асосӣ дар ин давр саводнок намудани оммаи халқ буд. Барои рафъи мушкилот Ҳукумати Тоҷикистон дар тамоми гӯшаю канорҳои худ корҳои амалиро ба роҳ мемонд. Дар навбати аввал тайёр намудани омӯзгоронро ба нақша гирифта, кори омӯзишгоҳҳо, донишкадаҳоро зери назорат ҷиддӣ мегирифт. Баъди 7- соли таъсиёбӣ, яъне дар соли таҳсили 1952-1953 шумораи донишҷӯёни ба факултет дохилшуда 24-нафарро ташкил дод, ки ин нисбати солҳои пешин каме ҳам бошад зиёд буд. Соли 1952 факултети физика ва математикаро Ҳабибулло Искандаров ва Шариф Умаров бо дипломи «Аъло» хатм намуданд. Ин нишондод дар он айём хеле баланд ҳисобида мешуд, зеро алоқамандони ин бахш теъдоди хеле камро ташкил медод. Дар аксар мактабҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ амалкунандаи Ҷумҳури Тоҷикистон норасоии мутахасиссон ба пуррагӣ ҳис карда мешуд. Ба як мактаб фиристодани як омӯзгор ҳодисаи хеле нодир буд. Таваҷҷӯҳи мардум ба саводнок гардидан зиёд мешуд. Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб барои рафъи ин мушкилот тадриҷан ёрии амалии худро мерасонд. Дар соли таҳсили 1952-1953 донишкадаро 92-нафар хатм намуданд, ки 20-нафари онҳоро хатмкунандагони факултети физика- математика ташкил медоданд. Дар муддати мавҷудияти худ Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб (солҳои 1945-1953) 900 нафар мутахассисонро дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибона тайёр намуд, ки 30%-и он хатмкунандагони ин факултет буданд. Дар тамоми қаламрави Xумҳурӣ, аз он ҷумла собиқ вилояти Кӯлоб мактабу кудаконистонҳои нав сохта шуда, ба фаъолият шӯруъ менамуданд. Масалан, соли 1950 дар вилояти Кӯлоб 550 мактаби умумӣ арзи ҳастӣ дошт, ки дар онҳо 45 ҳазор мактаббачаҳо таҳсил менамуданд. Аксари омӯзгорон бо маълумоти умумӣ, миёнаи нопурра, фаъолият доштанд, ки ин барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани кор чандон мувофиқ набуд. Зарурияти ҳарчӣ зудтар ба кори омӯзгорӣ машғул гардидани устодони маълумоти олидор пеш меомад. Директори Донишкада Худойназар Маҳмадназаров барои ҷалб намудани ҷавонписарону духтарон ба таҳсили илм кӯшишҳои зиёд менамуд. Устодону омӯзгорони донишкадаро ба тамоми маҳалҳои ҷумҳурӣ фиристода, теъдоди донишҷӯёнро аз ҳисоби онҳо пурра месохт. Ин шахсият дар Кӯлоб бо меҳнатдӯстӣ, фидокорӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ дар қалби мардуми Кӯлоб ҷой гирифта буд. Талаботи ҷомеа ба кадрҳои омӯзгорӣ беш аз пеш зиёд мегашт. Зарурияти дар базаи Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кулоб таъсис додани Донишкадаи омӯзгории мустақил ба миён омад. Оид ба масъала маъмурияти донишгоҳ дар назди Ҳукумати ҳамонвақта Тоҷикистон борҳо ин масъаларо гузошта буд. Соли 1953 дар шаҳри Қӯлоб Донишкадаи омӯзгории 4-сола таъсис ёфт ва Ашраф Сиддиқов ба ҳайси директори он таъин карда шуд. Ин дар ҳоле буд, ки ҳаёти халқҳои шӯравӣ, бахусус миллати тоҷик дар зинаи инкишофи тадриҷии саноат, илму техника ва фарҳанг қарор дошт. Аммо мушкилотҳои сангини баъдиҷангӣ ҳанӯз ҳам осори худро дар зиндаги мардум гузошта буд. Аз соли 1951 сар карда, дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таълими ҳатмии ҳафтсола ҷорӣ гардид. Масъулияти омӯзишгоҳ ва Донишкадаи омӯзгорӣ ба маротиб зиёд гардид зеро теъдоди хонандагон зиёд гардида, шумораи омӯзгорон дар ин нисбати хеле кам буд. Барбари таъсиси ёфтани Донишкадаи омӯзгорӣ дар ҳайати он 5- факултет, аз ҷумла факултети физика- математика ҳамчун як ҷузъи таркибии ин муассиса ба фаолияти шурӯъ намуд. Бо таъсисёбии Донишкада ҳайати кадрии он ба куллӣ тағйир меёфт. Дар давоми 3-сол (аз соли 1950 то 1953) шумораи омӯзгорон аз 18 то 25 расид, ки ин нишондод барои беҳбудӣ бахшидан ба кори таълиму тарбия ёрии амалӣ расонид. Дар соли таҳсили 1953-1954 дар факултети физика ва математика 50- нафар донишҷӯён қабул гардиданд. Шумораи донишҷӯён дар худи ҳамин сол дар Донишкада ба 503- нафар расид. Теъдоди омӯзгорон бо вусъат ёфтани доираи қабули довталабон зиёд гардида, кафедра, лабаратория ва кабинетҳои фаннии нав ташкил меёфтанд. Нақша ва барномаҳои нав рӯи кор омада, китобхонаи иборат аз адабиётҳои гуногун илмӣ, техникӣ, адабиӣ бо иқтидори ба талабот мутобиқ фаъолият менамуд. Хоҷаев. Қ.Х 19- декабри соли 1953 ба вазифаи ректори Донишкадаи давлатии омӯзгори шаҳри Кӯлоб таъин гардид. ӯ баробари ба фаъолияти шӯруъ намудан ба масъалаи таъмин намудани муассиса ба кадрҳои баландихтисос ва ба роҳ мондани корҳои илмӣ- тадқиқотӣ диққати асосиро равона намуд. Ректори таъингардида ба зиндагии омӯзгорон ва таъмини маишати онҳо эътибори махсус дода, барои ба таври доимӣ нигоҳ доштани онҳо чораҳои зарурӣ меандешид. Масъалаи ба манзил таъмин намудани омӯзгори рохи ҳалли худро меёфт. Ҷорӣ намудани имтиёзҳо барои устодон боис гардид, ки масъалаи кадрӣ роҳи ҳалли худро пайдо намояд. Факултети физика математика яке аз факултетҳои асосии донишкада маҳсуб меёфт, ки он мутахассисони ду илми ҷаҳонӣ-физика ва математикаро тайёр менамуд. Баъди таъсисёбии донишкадаи давлатии омӯзгорӣ кафедраҳои математика ва физика мустақил арзи ҳастӣ доштаанд. Дар рӯзҳои аввалини ташкилёбии кафедраи математика ба он Аъзам Акбаров роҳбарӣ менамуд. Аъзоёни кафедра муаллимони калон Х.Кодиров, С.Азизов, Ш.Умаров, Ш.Раҳмонов, И.Собиров, Р. Сатторов, Г.Алиев, М.Н.Чиликина, М.Токарёва, Гунашев буданд. Роҳбарии факултетро муаллими калон Абдулҳамид Асроров ба ӯхда дошт. Соли 1960 донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб барҳам дода шуда,ба филлиали донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко мубаддал шуд. Як қисми омӯзгорон барои кор ба Душанбе рафта, қисми дигарашон дар филлиали дар шаҳри Кӯлоб буда, фаъолияташонро идома доданд. Дар кафедраи математикаи факултети физика - матиматика муаллимони калон Сайидхҷӯҷа Азизов. Хоркаш Қодиров, муаллимон Гулбек Ашурмамадов. Шариф Раҳмонов. Рӯзимурод Саторов. Шариф Умаров дар кафедраи физика муаллимони калон Мирзо Султонов. Сайидҷон Мирзоев, муалимон Р.Ф Иванов, Абдулло Солиев, С.Ситамов, С.Султоновдар ш. Кӯлоб ба шогирдон асосҳои илмҳои дақиқро таълим медоданд.27-июли соли -1962 бо қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Комунисти Точикистон ва Шӯроӣ Вазирони Ҷумҳурӣ филлиали донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб аз нав ба донишкадаи мустакил табдил дода шуд. Ҳайати устодон ва кормандони факултети физика - матиматика бо нерӯи тоза ба кор шӯру намуданд. Дар соли тахсили 1962-1963 ба донишкада 150-нафар донишомӯзон ба курси якум қабул гардиданд, ки ба онҳо дар маҷмӯъ 19- нафар омӯзгорон дарс медоданд. Баъди аз нав эҳё гардидани донишкада монеаҳои ҷиддӣ аз қабили нарасидани биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо, захираҳои даркории китобҳо, мутахассиони варзида ба назар мерасид. Ҳамкории олимони варзидаи чумхури ба донишкада ба рох монда шуда, рафтуомади мунтазами онҳо бо максади гузаронидани дарсҳо ва гузаронидани конференсияҳои илмию адабӣ ҷараён гирифт. Дар соли таҳсили 1965-1966 шумораи донишҷӯёни донишкада ба 1485 нафар расид. Факултети физика- матиматика дар ин марҳила яке аз факултетҳои бонуфузи донишкада буд, ки дар он устодони варзида ба таълиму тарбияи донишҷуён машгул будаанд.Кафедраи физака матиматика дар давраи эҳё гардидани донишкада ягона кафедрае буд,ки омӯзгорони ин бахшҳоро муттаҳид намуда ,барои фаъолияти онҳо шароитҳои лозимиро фароҳам меовард. То соли таҳсили 1975-1976 факултети физика-математика фаъолият намуда, баъдан он ба ду факултет: математика ва физика чудо шуд. Дар ибтидои ҷудошавӣ дар факултети математика 444 нафар донишҷӯ дар 5-курс таҳсил менамуданд.   Идома...