KGU

Таърихи факулта

Таърихи факулта

     Дар солҳои 60-уми асри XX дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон миқдори хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва кӯдакони синнусоли томактабӣ афзоиш меёбад. Талабот ба муаллимони касбии синфҳои ибтидоӣ ва кормандону мураббиёни муассисаҳои таълиму тарбиявии томактабӣ зиёд мешавад.

Бо мақсади ба мутахасисони касбӣ таъмин намудани синфҳои ибтидоӣ ва муассисаҳои томактабӣ дар соли таҳсили 1968-1969 дар назди Донишкадаи омӯзгории давлатии шаҳри Кӯлоб факултаи «Педагогика» таъсис дода шуд, ки он аз ду шуъба: шуъбаи методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ бо ихтисоси муаллими синфи ибтидоӣ ва шуъбаи педагогикаю психологияи томактабӣ бо ихтисоси мураббии боғчаи бачагон ва муаллими фанҳои педагогикаю психологияи томактабӣ иборат буд.

Дар соли таҳсили 1968-1969 ба курсҳои якуми факултет 150 нафар донишҷӯён қабул гардида буданд.

Аз ин миқдор 100 нафар дар шуъбаи таълими рӯзонаи ду гуруҳи МТИ (50 нафар) ва ду гуруҳи шуъбаи педагогика ва психология; 50 нафар дар гурӯҳҳои МТИ ва тарбияи томактабӣ дар шуъбаи таълими ғоибона.

Нахустин иҷрокунандаи декани факултет Соат Чалишев буд.

Дар соли таҳсили 1968-1969 ҳануз дар факулта кафедраҳо таъсис наёфта буданд ва ба донишҷӯён омӯзгорони кафедраҳои донишкада хизмат мерасониданд. Омӯзгорони аввалини факулта Сайдаҳмад Исоев, Соат Чалишев, Давлатмурод Расулов, Яркаева Ганҷина Шариповна, Ёралӣ Содиқов, Кароматулло Қаландаров, Куган Изатуллоев, Муродалӣ Набиев, Одина Давлатов, Исроил Исмоилов, Наҷот Сафаров буданд.

Дар соли хониши 1969-1970 дар назди факултет кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ таъсис ёфта буд. Соли 1974 ин кафедра  методикаи таълими ибтидоӣ  номида  шуд.

Мувофиқи фармони ректори донишгоҳ Қодиров К.Б аз 4-ноябри соли 2010 №124 ба кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ номи кафедраи таълими ибтидоӣ гузошта шуд, ки ин ба номи нави факулта «Факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ мувофиқ буд.

Соли  1973  кафедраи тарбияи томактабӣ таъсис дода шуд.

Факулта дар солҳои декании Қаландаров К, Бобоев Т. Б дар соҳаи таълиму тарбияи донишҷӯён ва корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид.

Бо пешниҳоди декани факулта Расулов Д. дар назди факулта як гурӯҳ ихтисоси биология, гурӯҳи таълимии методикаи таълими ибтидоӣ бо забони узбекӣ кушода шуд. Кафедраи забони русии факултет таъсис дода шуд ва ба вазифаи мудир номзади илмҳои филологӣ Сайдаҳмадов Аймамад таъин гардид. Дар ин кафедра омӯзгорон В. Н. Николайчук, Л.И. Норбекова, Р.Д. Хостикаева, Сайдалиев Додарбек, Муродов Темур фаъолият доштанд. Бо ташаббуси декан Расулов Д. дар назди факултет кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ таъсис дода шуда, дар он номзадҳои илми педагогӣ Расулов Д, Қодиров Қ. Гулмадов Ф. ва дигарон ба донишҷӯён аз фанҳои сикли педагогию психологӣ дарс мегуфтанд.

Як қатор омӯзгорони факулта, аз ҷумла Изатуллоев К, Набиев М, Исмоилов И, Қаландаров К, Иззатова М, Ибодов Н, Мирзоев С, Дӯстов С, Маҳмадалиева ва дигарон дар баробари иҷро намудани вазифаҳои омӯзгорӣ, фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро ба ҷо оварда, рисолаҳои номзадӣ дифо намуданд, китобҳои дарсӣ, васоитҳои таълимӣ навиштанд. Аз ҷумла, Изатуллоев К. соли 1984 дар ш. Москва рисолаи номзадӣ дар мавзӯӣ «Методикаи истифода бурдани масъалаҳои матнӣ дар таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ» ҳимоя намуд. Худи ҳамон сол Расулов Д. дар мавзӯи «Ташаккули эътиқоди атеистии  хонандагони синфҳои 7-10 дар таълими фанни таърихи СССР ва корҳои беруназсинфӣ», Ибодов Н. дар мавзуӣ «Алгоритмкунонии таълим дар синфҳои ибтидоӣ» дар ш. Москва рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Соли 1972 Набиев М. дар мавзуӣ «Ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб дар забони адабии ҳозираи тоҷик», Иззатова М. соли 1980 дар Донишкадаи тадқиқотии томактабии А.У.Ф.П. дар мавзуи «Хусусиятҳои тарбияи меҳнатии кӯдакони синни калони томактабӣ дар деҳоти Тоҷикистон ва роҳҳои такмили он» рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд.

Аз ҷониби устодони факултет Изатуллоев К, Ибодов Н, Ҳалимов Ғ. китобҳои дарсии математика барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ, Набиев М. китоби дарсии забони адабии ҳозираи тоҷик, Ҳалимов Д. дар ҳаммуалифӣ китоби дарсии «Санъат ва меҳнат»  навишта  шуда, дастраси хонандагону омӯзгорон гардонидаанд.

Ҳамин тавр, дар факулта барои ба сифати баланд гузаронидани ҳамаи шаклҳои таълим бо донишҷӯён ба базаи устувори кадрии педагогӣ ташкил ёфтааст.

Ёдовар шудан лозим аст, ки як гурӯҳ омӯзгорони факулта бо унвонҳои баланди илмӣ ноил гардидаанд, аз ҷумла Арабов И. А. доктори илмҳои педагогӣ, Қодиров Қ.Б. доктори илмҳои педагогӣ, академики Академияи таҳсилоти Ҷумҳурӣ, шодравон Афзалов Х. доктори илмҳои педагогӣ, шодравон Паҳлавонов А.

Пурқувват гардидани асоси илмию кадрии факулта боиси зиёд шудани нақшаи қабули донишҷӯён гардид. Агар дар соли аввали ташкилёбӣ дар шӯъбаи таълими рӯзона 4 гурӯҳ ва дар шӯъбаи таҳсили ғоибона 2 гурӯҳ таҳсил мекарданд, онгоҳ дар солҳои 80 асри XX (давраи аз тарафи Расулов Д. ба ҷо овардани вазифаи деканӣ) миқдори гурӯҳҳои таълими рӯзона ба 6 ва ғоибона ба 4  гурӯҳ расида буд.

Факулта дар солҳои фаъолияташ шахсони арзандаи ҷамъиятро ба камол расонидааст; Ҳалимов А- доктори илмҳои педагогӣ, Иззатова М, н.и.п. дотсент, Мустафоқулов Т  н.и.п дотсент, Мирзоев А. н.и.п., дотсент, Ғафурова Д., н.и.п., дотсент, Бозоров Х н.и.п., Мирзоев С, н.и.п. Гулмадов Ф., н.и.п, дотсент, Ҳошимова М., н.и.п Юлдошева Ҷ н.и.п Камолова Х., н.и.фалсафа,  Фархудинов И., н.и.п.

Дар соли таҳсили 2017-2018 дар факултаи омӯзгорӣ дар шуъбаи рӯзона 643 нафар донишҷӯ (229 нафар тариқи шартномавӣ, 414 нафар тариқи шартномавӣ  ва 31 нафар тибқи Квотаи Президентӣ), дар шуъбаи ғоибона бошад 974 нафар донишҷӯ ( 454 нафар тариқи буҷавӣ, 360 нафар тариқи шартномавӣ)   ҷамъ дар факулта 1617  нафар донишҷӯ таҳсил дорад