KGU

Маркази рушди касбият ва инноватсия

МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ ВА ИННОВАТСИЯ

Маълумоти умумӣ

Логотип.png

Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.02.2016, №05/1-976 таъсис дода шудааст. Марказ дар ошёнаи дуюми бинои маъмурии Донишгоҳ, утоқи №200  ҷойгир аст. Дар марказ 5 нафар фаъолият мекунад: сардор ва чор нафар мутахассис. Самти фаъолияти марказ ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо, кор бо ихтиёриён (волонтёрон), таҳия ва дар амал тадбиқ намудани лоиҳаҳо мебошад. Мақсади асосии Марказ ҳамкорӣ бо корхонаву идораҳо (корфармоён) ва омода намудани донишҷӯён ба талаботи онҳо мебошад.

Вазифаҳои марказ

ü Маълумоти мушахас оид ба ҷойҳои кори холӣ ва корфармоён;

ü Ташкили семинарҳои омузишӣ оид ба талаботи корфармоён;

ü Омӯзонидани тарзи навишти лоиҳа;

ü Ташаккул ва тақвият бахшидани маҳорати ихтиёрӣ (волонтёрӣ);

ü Баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ.

ü Ба донишҷӯён шинос намудани фаъолияти корӣ, шарт, талабот, коргарон ва харитаи корхонаҳо;


Барои донишҷӯён

·        Иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ  оид ба талаботи корфармоён;
·        Иштирок дар ярмаракаҳои ҷойҳои кори холӣ;
·        Иштирок дар вохӯрӣ бо корфармоён; 
·        Иштирок дар вохӯрӣ бо хатмкардагони  муваффақ;
·        Иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ оид ба тарҳрезии лоиҳаҳо;
·        Пешниҳоди лоиҳаҳо ба сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ;
·        Иштирок дар омӯзишҳо оид ба ташаккули малакаи ихтиёрӣ.



Ҳайати кормандон

УМЕДАИ-Т.png



Қурбонова Умеда
  Сардори марказ  
Email: mrki@kgu.tj



Умедчон



Умедчон Изатов
    Мутахассис




Сабрина 

Шарипова Сабрина
      Мутахассис



Курс ва клубҳои омӯзишие, ки дар Маркази рушди касбият ва инноватсия таъсис дода шуда мунтаззам фаъолият мекунанд:

 

v Курси “Компютерӣ”

v Клуби “Иқтисод”

v Клуби “Волонтёрон”

v Клуби “Мактаби Лидерӣ”

v Клуби “Сарпарастони обҳои пок”

v Клуби мубоҳисавии “Пешсаф”

v Клуби “Барномасозӣ”

v Клуби “Кинотеатри хурд”

v Курси “Мактаби Бонкдорӣ”

v Курси “Лоиҳанависон”

v Курси “Мақоланависон”

v Курси “Иқтисоди Ҷаҳон”



Суроға:ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи №2, утоқи №200
Телефони корӣ: (+992 83322) 23677
E-mail: mrki@kgu.tj