KGU

Шуъбаи мониторинг ва идоракунии назорати сифати таҳсилот

Шуъбаи мониторинг ва идоракунии назорати сифати таҳсилот

     Шуъбаи мониторинг ва идоракунии назорати сифати таҳсилот: дар соли 2009 расман таъсис ёфтааст. Шуъба дар асоси «Оинномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ва «Низомномаи Шӯъбаи идоракунии сифати тахсилоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» фаъолият менамояд. Зарурати таъсиси шӯъбаи мазкур дар сохтори Донишгоҳ аз таъмини сифати таълим ва тибқи талаботи муосир ба роҳ мондани тарбияи мутахассисон барои ҷумҳурӣ бармеояд. Шуъба бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилотро вобаста ба ихтисосҳои дар Донишгоҳ амалкунанда назорат карда, ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисон ва дигар паҳлуҳои фаъолияти Донишгоҳро арзёбӣ менамояд. Шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот ҷузъи сохтори Донишгоҳ буда, аз сардор ва аъзо иборат аст. Шуъба сарфи назар аз он ки сохтори навтаъсис мебошад, фаъолияти самаранокро ба роҳ монда, барои такмили сифати таҳсилот ва эҳсоси масъулияти донишҷӯёну омӯзгорон нақши муҳим мебозад. Сарварии шуъбаи мазкурро аз рӯзи таъсис ашхосони зерин ба уҳда доштанд: Ш. Раҳмонов (2009-2013), Т. Давлатов (2013-2015) О. Шарипова (2015-2016), Ф.Амиров (2017-2019).  Аз моҳи октябри соли 2019 Шуъба таҳти сарварии номзади илмҳои педагогӣ Бобоева Маҳбуба Ҷӯрахоновна., ва мутахассисон Ф. Камолов, О. Нурова  фаъолият менамояд.

Ҳайати кормандон

БОБОЕВА

Сардори Шуъба: 

н.и.п. Бобоева Маҳбуба Ҷӯрахоновна




Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 3-юм, утоқи №311
Телефони корӣ: (83322) 
E-mail: