KGU

Конференсияҳо

Конференсияҳо

Дар шаҳри Ҳисор конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» баргузор гардид!

Конф.png12.07.2018/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Ҳисор конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар конфронси мазкур роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила,  Вазорати фарҳанги мамлакат ва  намояндагони Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Муфассалтар...

Конфронси илмӣ - назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 140 - солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ

Ҳамасола тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ, Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои солҳои 2015-2020 натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати олимону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар конфронс, ки бо номи «Конфронси апрелӣ» эътироф гардидааст, ҷамъбаст мегардад. Мувофиқи талабот дар соли таҳсили равон низ конфронси номбурда санаи 24-25 апрели соли 2018 ба санаҳои муҳими таърихӣ оғози даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», «Соли рушди сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «140 солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ» бахшида шудааст, рӯзҳои 24-25 апрели соли 2018 таҷлил карда шуд.

Муфассалтар...

Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи "Садриддин Айнӣ - поягузори адабиёти муосири тоҷик"

Санаи 14.04.2018. дар толори илмию фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  бо ташаббуси факултаи филологияи тоҷик ва журналистика  конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Садриддин Айнӣ-поягузори адабиёти муосири тоҷик» гузаронида шуд. Сухани ифтитоҳӣ ба ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ муҳтарам Абдулло Ҳабибулло дода шуд. Дар ин конфронс ноиби ректор оид ба таълим Холиқов Сафар Сайфуддинович, мушовири ректор оид бо иртибот бо ҷомеа Зафар Мирзоён, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Ёралӣ Содиқов ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Муфассалтар...

«Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»: муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 зимни пешниҳоди Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда, сайёҳиро яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодии мамлакат ва муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат иброз доштанд, кишароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.

Муфассалтар...

 

Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара зимни конфронси «Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисоди миллӣ»

Таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли равон дар осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфара бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ конфронси сайёҳӣ таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисоди миллӣ» доир гардид. 

Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода зимни конфронс иброз дошт, ки шаҳри Исфара ҳамчун минтақаи наздисарҳадӣ барои рушди сайёҳӣ мувофиқ аст. Иншооти сайёҳии Оромгоҳи Амир Ҳамза Ҳастӣ, Мадрасаи Абдулохон ва дигар захираҳои бойи сайёҳии шаҳр диққати ҳазорон сайёҳони хориҷиро ҷалб менамоянд.

Муфассалтар...

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар Душанбе

Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат - ташаббускори рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» оғоз гардид, ки ду рӯз идома меёбад.

Дар оғози кори конференсия Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи ҷавонон ва варзиш,   Кумитаи рушди сайёҳӣ  ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Муфассалтар...

Конфронс: Тоҷикистон - кишвари беназири сайёҳӣ ва макони ҳунарҳои мардумӣ

Санаи 11.04.2018. дар толори илмию фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари беназири сайёҳӣ ва макони ҳунарҳои мардумӣ» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Нахуст ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Узви вобастаи АИ ҶТ Абдулло Ҳабибулло баромад намуда, дар ин мавзуъ суханронӣ намуданд. 

Муфассалтар...


Дар вилояти Хатлон бахшида ба рушди сайёҳӣ конференсия баргузор гардид.

Untitled-1.gifДар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Нақши сайёҳӣ дар пешрафти иқтисодиёти миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар конференсия олимони соҳаи иқтисодӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок доштанд. Дар маърӯзаҳои иштирокчиёни конференсия масъалаҳои муҳими соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасии олимон қарор гирифтанд.

Муфассалтар...