Дар бораи кафедра
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра
Дар соли таҳсили 2022 – 2023 дар кафедраи умумидонишгоҳии педагогика 12 нафар омӯзгорон ба ҳайси корманди асосӣ кору фаъолият намуда истодаанд.
Аз ин шумора 5 нафар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Иброҳимов Гурез, Н. Давлатова, Ҳ. Назаров, П. Лоиқов, М.Бобоева, 5 нафар муаллимони калон: Т. Назаров, Н. Расулова, Гулрӯи Суҳроб, Худойдодова О, Абдуллоҷони Ҳамрохон, 2 – нафар ассистентон: Холматова М, Шеров Р, мебошанд.
Дар болоравии раванди таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, бахусус соҳаи мактабу маориф кафедраи умумидонишгоҳии педагогика чун қисми таркиби ва ҷудонашавандаи донишгоҳ дар тули солҳои мавҷудияти худ мавқеи босазоро ишғол намудааст.
Кафедраи умумидонишгоҳии педагогика дар аввал бо номи педагогика ва психология фаъолият дошт ва аз соли 1992 то ин ҷониб ба ҳайси кафедраи умумидонишгоҳии педагогика фаъолият намуда истодааст. Дар давраи фаъолияташ дар кафедраи умумидонишгоҳии педагогика шахсони зерин ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намуданд. Аз қабили Абдулло Раҳимов, М.Г.Ярошевский, Н.Сафаров, А.М.Савина, А.Х.Гаджиев, З.А. Ахмедов, С.И.Исоев, Р.Амиршоев, И.Арабов, М.Табаров, Паҳлавонов А., Расулов Д., Ғафурова Д., Давлатова Н. Айни замон роҳбарии кафедраро Лоиқов П. ба уҳда дорад.
Кафедраи умумидонишгоҳии педагогика дар гузашта ва алҳол дар миқёси ҷумҳурӣ ва донишгоҳ яке аз кафедраҳои бонуфуз ба ҳисоб меравад.
Давлатова Ниёзби Ҳабибулоевна
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Назаров Тағаймурод
муаллими калон
Назаров Ҳотам Сарфарозович
н.и.п., и.в. дотсент
Бобоева Маҳбуба Ҷурахоновна
н.и.п., и.в. дотсент
Худойдодова Обида Зардовна
муаллими калон
Расулова Нодира Сайдаламовна
муаллими калон
Гулрӯҳи Суроби Ҷурахонзода
муаллими калон
Холматова Мумина Маҳмудовна
ассистент
Абдуллоҷони Ҳамрохон
муаллими калон
Шеров Рустам Алихонович
ассистент
Набиева Савлат
мудири кабинет
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Роҳбари семинари илмӣ-методии кафедраро дотсент Г. Иброҳимов, ба уҳда дорад. Семинарҳо тибқи нақшаи семинар, ки аз тарафи Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ тасдиқ шудааст моҳе як маротиба гузаронида шуда, омӯзгорон вобаста ба корҳои илмӣ-таҳқиқотиашон бо маърӯзаҳо дар ин семинар баромад мекунанд. Ҳамзамон дар семинари илмӣ-методии кафедра китобҳои дарсӣ, монографияҳо, васоитҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва силаббусҳои таҳиянамудаи омӯзгорон мавриди муҳокима қарор дода шуда, барои чоп тавсия дода мешаванд.
Маҳфилҳои илмӣ дар тайёр намудани донишҷӯён барои тайёр шудану иштирок намудан дар озмунҳои ҷумҳуриявии байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нақши муҳим мебозанд.
Дар кафедраи умумидонишгоҳии педагогика маҳфили «Педагогони ҷавон» амал намуда истодааст, ки роҳбари маҳфилро дотсенти кафедра Лоиқов Парвиз ба уҳда дошта он тибқи нақша моҳе як маротиба гузаронида мешавад. Аъзоёни маҳфил донишҷӯёни фаъоли факултаҳои донишгоҳ ба ҳисоб рафта, онҳо вобаста ба мавзуҳои муҳими фанни педагогика бо маърӯзаҳо баромад менамоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар раванди дарсҳо ҳамаи масъалаҳои ба соҳаи таълим дохил бударо ҳал кардан аз имкон берун мебошад. Махсусан дар низоми кредитии таълим, ки он 50 дақиқаро дар бар мегирад. Таҷрибаҳо собит менамоянд, ки дар муассисаҳои олии касбие, ки машғулиятҳо дар маҳфилҳои илмӣ сари вақт ва хушсифат гузаронида мешаванд дар он муассисаҳо сифати таълиму тарбия хуб буда, аксарияти донишҷӯёнашон дар олимпиадаҳои ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Воқеъан маҳфилҳои фаннӣ имконият медиҳанд, ки донишҷӯён берун аз дарс ҷараёни таълимро чуқур ва ҳаматарафа аз бар намоянд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.
Мақсади маҳфилҳои фаннӣ дар тайёр намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, шиносоӣ ба олами илму техника, тараққиёти қобилияту истеъдод наздик намудан ва дар онҳо тараққӣ додани маҳорату малакаҳо, дар корҳои амалӣ истифода бурда тавонистани донишҳои дар дарсҳо гирифтаашон мебошад.