Дар бораи кафедра
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра
Кафедраи психологияи умумидонишгоҳӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултетҳои мухталиф аз фанҳои психологияи умумӣ, психологияи синнусолӣ, омӯзгорӣ, психологияи иҷтимоӣ ва равоншиноси мактаб машғулияти назариявию амалӣ мебаранд.
Кафедраи психологияи умумидонишгоҳӣ аз 10 02.1992 бо фармони №7 ва карори Шурои илмии донишгоҳ аз 6.01.1992 арзи вуҷуд дорад. Солҳои аввали мавҷудияти донишкада муаллимони кафедраи психология дар ҳайати кафедраи педагогика шомил буданд. Аз 6.01.1992 кафедраи психология таъсис дода шуд, ки ба ҳайти он Р.Амиршоев номзади илми педагогӣ, иҷрокунандаи мудири кафедра, Т. Мустафоқулов номзади илми психология, муаллимони калон Яркаева Г.Ш., Нарзуллоева М., ассистентон Исоева Д.С., Сабко Л.Н., Ашуров Н, Абдураҳимов А., Давлатова Р. дохил буданд. Кафедраи психология мустақилона муддати дер фаъолият накард ва бо фармоиши №68 аз 15.09.1997 барҳам дода шуда, ҳайати он ба сохтори кафедраи педагогика шомил гардиданд.
Бо қарори Шурои илмии донишгоҳ аз 30.12.2005 таҳти №5 бо фармони №6 аз 25.01.2006 кафедраи умумидонишгоҳии психология аз сохтори кафедраи педагогика дар ҳайати зерин ба ду кафедра ҷудо карда шуд. Ҳайати кафедраи психология аз як номзади илми психологӣ (Т.Мустафоқулов мудири кафедра) ду номзади илми педагогӣ (Р.Амиршоев, К.Маҷидова), ду муаллими калон (Д.Исоева, М.Бараимова) иборат буд. Баъдтар аз соли 2007 то соли 2010 як зумра ҷавонони боистеъдод ба монанди М.Набиева, М.Давлатов, М.Қурбонов, М.Абдуллоева, М.Ҳайдаров, А.Шарипов, М.Ҷумаев ба кор қабул карда шуд.
Аз 29.12.2012 тибқи фармоиши №163 аз 28.12.2012 Исоева Д.С. иҷрокунандаи мудири кафедраи психология таъйин карда шуд. Ҳоло дар кафедра 3 номзади илм (Исоева Д., Шарипов А. ва К.Маҷидова), 6 муаллими калон, 2 ассистент ва як лаборант фаъолият менамояд.
Ҷумаев Муҳиддин Раҳмоналиевич
ассистент
Ҳайдаров Муслим Каримович
ассистент
Давлатова Малоҳат Ҳабибуллоевна
муаллими калон
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар кафедра махфили «Равоншиноси ҷавон» амал мекунад. Маҳфил бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим аз қабили интернет, проектор ва тахтаи электронӣ гузаронда мешавад. Азбаски дар кафедра омӯзгорон пайваста кору фаъолияташонро бо донишҷӯён мегузаронанд, маҳфил боз ҷолибтар мегузарад.
Мақсади умумии маҳфил:
-Омодагии касбии донишҷӯён ба силсилафанҳои психологӣ;
-Муайян намудани нақши таълим дар тараққиёти психикии хонандагон;
- Барои донишҷӯ қобилияти зеҳнӣ ва шавқу рағбати зиёд нисбати силсилафанҳои психологӣ дошта бошад маҳфил ба ӯ имконияти беҳтар аз намудани равандҳои психологиро меомӯзонад;
-Мақсади умумии маҳфил на танҳо моҳият ва мазмуни психологиро фаҳмонидан мебошад, балки қобилиятҳои синнусолии бачагонро дар зинаҳои гуногун нишон медиҳад.