KGU

КАФЕДРАИ ПЕДАГОГИКА

Дар бораи кафедра    Умуми.png
Таърихи кафедра
Низомномаи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра


Дар бораи кафедра 

      Дар соли таҳсили 2017 – 2018 дар кафедраи педагогика 15 нафар омӯзгорон кору фаъолият намуда истодаанд, боқимондаҳо ба сифати омӯзгорони дохилӣ ва асосӣ фаъолият доранд. Аз ин шумора дотсентон 3-нафар: Д. Расулов, Г. Иброҳимов, М. Табаров, номзадҳои илм 3-нафар-Н. Давлатова,  Ҳ. Назаров,  П. Лоиқов,   1 нафар муаллимони калон: Т. Назаров,  6 – нафар ассистентон:  Г. Ашрапова, М. Бобоева, Давлатова С., Н. Расулова, Ф. Сайфиддин, Г.улруи Суҳроб    мебошанд.

     Барои дар сатҳи зарури ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия мо дар охирҳои моҳи августи соли 2017, мувофиқи нишондодҳои нақшаҳои таълимии факултаҳои донишгоҳ, сарбории таълимии аъзоёни кафедраро аввал аз рӯи як воҳиди корӣ, баъдтар дар нимаи дуюми моҳи сентябр соатҳои боқимондаро ба таври иловагӣ аз 0,3 то ба 0,5 воҳиди корӣ аз нав тақсим карда шуданд.

Таърихи кафедра

        Дар болоравии раванди таълиму тарбия ва дар тайёр кардани мутахассисони барои хоҷагии халқи Ҷумҳурӣ, ба хусус соҳаи мактабу маориф кафедраи омӯзгорӣ ва равоншиносӣ чун қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи Донишгоҳ дар тулии солҳои мавҷудияти худ мавқеи босазоро ишғол карда меояд.

     Солҳои 1945-1946  вазифаи мудири кафедра ва психологияро Абдулло Раҳимов ба уҳда дошт. Сипас, аз соли 1952 то соли 1960 М.Г.Ярошевский ва Н.Сафаров ба ҳайси мудири кафедра кору фаъолият доштанд. А.М.Савина аз 15 августи соли 1963 мудири кафедраи педагогика ва психология тариқи конкурс таъин шуда буданд. Аз 20-сентябри соли 1962 лаборанти кафедраи педагогика Д.Муродова фаъолият кардааст. Аз соли 1965 то соли 1970 ба кафедра номзади илми фалсафа А.Х.Гаджиев роҳбари мекард. Солҳои 1970-1973 вазифаи мудири кафедраро дотсент З.А.Ахмедов ба уҳда дошт. Солҳои 1973-1976 вазифаи мудири кафедраро С.И.Исоев, Р.Амиршоев ва И.Арабов иҷро намудаанд. Якчад сол мудири кафедра дотсентон Ф.В.Павшедная ва А.Паҳлавонов буданд.

     Аз соли 1978 то соли 1990 ба кафедра дотсент Табаров М.Т. роҳбари мекард. Аъзоёни кафедра дар ин давра инҳо буданд  Паҳлавонов А., н.и.п. А.Мирзоев., н.и.п. Л.Сайдаҳмадов., н.и.п. А.Ғафоров., муаллими калон Ҳ.Ш.Ҳасанова., М.К. Холбобоева., Ассистенти кафедра дар тулии 13 соли роҳбарии ӯ се нафар аъзои кафедра Х.С.Авзалов., И.А.Арабов., А.Паҳлавонов рисолаҳои доктории хешро дифо карданд. Солҳои 1978-1990 9 нафар муаллимони кафедра рисолаҳои номзадиро барои дарёфти дараҷаи илми номзади илмҳои педагоги ва психологи дар шуроҳи махсус гардонидашудаи ҳимояи рисолаҳои номзди дар шаҳри Душанбе, Челябенск, Алмаато, Москва Тиблис ҳимоя намудаанд. ( М.Табаров, С.Исоев, Д.Расулоа, М.Шарифхоҷаев, Т.Мустафоқулоа. А.Мирзоев. Б.Қодиров. А.Югай) 

Аз соли 1992 бо фармони №7 17.02.1992 кафедраи педагогика аз кафедраи психология ҷудо шуд. 

Низомномаи кафедра

Бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи
Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ
аз «30» 08.2014 тасдиқ шудааст. 

Муқаррароти умумӣ

    Низомномаи кафедраи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ (минбаъд – низомнома) дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касби баъд аз муассисаи таҳсилоти олии таълими», «низомномаи намунави оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқи соҳаи маориф таҳия шудааст.

1. Кафедра ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касби (факултет) буда, дар байни донишҷуён ва омӯзгорон корҳои таълимиву тарбияви, методиро ба роҳ мемонад.
2. Кафедра дар сурати мавҷуд будани на камтар аз панҷ воҳиди кори барои кормандони илмию педагоги пешбинишуда, ки аз ин миқдор  на камтар аз ду нафарашон номзад ва доктори илм бошанд, ташкил  карда мешаванд. Кафедраҳои махсус, тарбияи ҷисмонӣ ва забонҳои хориҷӣ (факултетҳои  ғайри филологӣ) аз ин талабот истисно мебошанд.
3. Кафедра бо пешниҳоди Шурои олимони факултет, тибқи қарори Шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.
4. Кафедраҳои тахассуси муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар истеҳсолот филиалҳои худро дошта метавонанд.
5. Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати 4-сол интихоб карда мешавад.
Ба таври истисно мудири кафедра аз зумраи номзадҳои илм, дотсентон ба муддати 4-сол ва на зиёда аз ду муҳлат паи ҳам ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ интихоб карда мешавад. Мудирони кафедраҳое, ки то вақти амалӣ шудани Низомномаи мазкур ду муҳлат паи ҳам адои вазифа карданд (аз зумраи номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд.     муфассал....

Ҳайати кафедра

Мудир.png

Мудири кафедра

Давлатова Ниёзбӣ Ҳабибуллоевна

номзади илмҳои педагогӣ

Тел: 985-40-22-02



Расулов.png

Расулов Давлатмурод 

номзади илмҳои педагогӣ

Тел:  (+992) 985-03-95-85




Иброхимов.png

Иброҳимов Грез

номзади илмҳои педагогӣ

Тел:  (+992) 9987-15-14-15




Табаров.pngТабаров Мирзоалӣ Табарович

дотсент



 Идома...


Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

     Маҳфили фанни педагогика низ аз соли  1945 фаъолит дорад. Мақсади маҳфил тайёр намудани беҳтари педагогон, мутахассисони сифатан ҷавобгӯи ба талаботи  давру замон мебошад. Тайи солҳои зиёд роҳбарии маҳфил ба зимаи  Г. Иброҳимов баъдтар Д. Расулов вогузор шуда буд.  Солҳои гузашта, ки фанни педагогика дар озмунҳои ҷуиҳуриявӣ, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар нақша буд, иштирок ва фаъолияти шогирдон дар чунин чорабиниҳои илмӣ хеле назаррас буд, ки бевосита нақши маҳфили фанни педагогика дар тайёр кардани донишҷӯёни болаёқат чашмрас буд ва мебошад. Аз ҳама муҳим нақши маҳфили мазкур дар тайёр намудани нерӯи зеҳнию кадрии донишгоҳ зиёд аст.

     Аъзоёни маҳфилро донишҷӯён аз ҳама факултаҳо ташкил медиҳанд, ки айни замон 46-нафар аъзо дорад. Дар маҳфил мавзӯҳои гуногун баррасӣ ва муҳокима мешаванд. Аз ҷумла ; «Тарбияи ахлоқии ҷавонон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон»,  «Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон» (ҳама сола),   «Донишҷӯй ва техникаи комуникатсионӣ», «Ҷавонон ва илми муосир», «Ҷавонон ва интихоби касб», «Моҳияти варзиш дар тарбияи ҷавонон»  ва ғайраҳо. Баромадҳо собит менамоянд, ки донишҷӯён мақсад, мазмун ва соҳаҳои фанни педагогикаро хеле  хуб дарк менамоянд.

Хулоса,  маҳфили фанни педагогика дар тайёр намудани донишҷӯёни болаёқат оид ин ва дигар фанҳои таълимӣ кӯмакрасон мебошад. 



Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №, ошёнаи -юм, утоқи №
Телефони корӣ: (+992) 985-40-22-02
E-mail: