KGU

Забони русӣ

КАФЕДРАИ ЗАБОНИ РУСӢ

Дар бораи кафедра    Умуми.png
Таърихи кафедра
Низомномаи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра



Дар бораи кафедра 

       Кафедраи забони русии факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Омӯзгорони кафедра дар факултетҳои ғайриихтисос  аз фанни забони русӣ дарс мегӯянд. Кафедраи забони русӣ навтаъсис буда дар тӯли наон қадар вақти зиёд бо дастовардҳои назарраз ноил шудааст. Аъзоёни кафедра Худойдодова Ш.З., Файзуллоева Ф.М., Асоева К.А.  унвонҷӯёни ҳамин кафедра буданд, ки рисолаи номзадӣ дифо намуданд.

Таърихи кафедра

     Дар баробари ташкил ёфтани Донишкадаи дусолаи муаллим тайёркунии шаҳри Кӯлоб гуруҳҳои забони русӣ низ таъсис дода шуда буданд. Донишҷӯён дар гурӯҳи хосаи русӣ тахсил менамуданд. Дар рӯзҳои аввал вазифаи факултет ва кафедра аз ташкил намудани омӯзиши забони русӣ дар ҳамаи факултетҳои донишкада, инчунин таълими адабиёти рус ва хориҷӣ дар факултетҳои забону адабиёти тоҷик, таърих, ҷуғрофия, табиатшиносӣ, физика ва математика иборат буд.
     Дар соли хониши 1954-1955 дар донишкада забони русӣ аз тарафи  Г.Резник, инчунин забони русӣ дар курсҳои якуми факултети физика, математика ва факултети таърих аз тарафи А.Ф.Устименко тадрис мешуданд.  Дар соли таҳсили 1971 кафедраи забони русии байнифакултавӣ таъсис дода шуд, ки дар ҳайати он В.В.Собенина,Р.Джураев, С.И.Индюков, А.Кадруллоев, В.П. Сукманова, Р. Бобохонова, С.Роговин, Р.Д. Хостикова фаъолият менамуданд.Дар давоми соли таҳсили 1970-1971 аъзоёни кафедра аз 789 то 898 соатиӣ дарсҳои назариявю амалӣ ва семинарӣ мебурданд. Дарсҳои назариявии онҳо фарогири масъалаҳои диалектология, таърихи грамматика, забони адабии ҳозираи рус ва забони русӣ буданд. Дар соли хониши 1979 -1980 дар кафедраи забони русии байни факултетии  дорнишкада  9- нафар муаллимон машғули кор буданд. Дар кафедра муаллимон: Ҷураев Р., Ғ.М. Мирзоев, Т.В. Гриценко, В.А. Сумакова, Р.Б. Бобохонова, А.А. Ҷобирова, Т.П. Дурнева, Л.Е. Смоленкова, Ю.А. Ким, О.С. Цидаев, кор мекарданд. Аъзоёни кафедра аллакай дар донишкада таҷрибаи 5 – 10 солаи корӣ доштанд. Оид ба методикаи таълими забони русӣ дар мактаби олӣ ба хуби огоҳ буданд.
     Дар солҳои 1980 -1989 дар кафедраи забони русии байни факултетии  донишкада  муаллимон Дурнева Т.П., Бобохонова Р.Б., Носиршоев И.,Ходжиматова Г.М.,Джобирова Л.А.  машғули кор буданд. Соли 1989 кафедраи байнифакултети забони русӣ барҳам дода шуд ва аъзоёни вай ба кафедраи инкишофи нутқи шифои ва хаттӣ гузаронида шуданд. Сарварии кафедраро аввал Л.В.Рябова ва баъд Р.Д.Салимов ба зима дошт.
26 марти соли 2010 дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷуҳурии Тоҷикистон аз 13.04.2010 кафедраи забони русӣ ба ду кафедра ҷудо карда шуда, онҳо кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ва кафедраи забони ҳозираи рус номгузорӣ карда шуданд. Асоева К.А.- и. в. мудири собиқ кафедраи забони русӣ аз 01.04.2010 ба и. в. мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ гузаронида шуд. Ба ҳайати кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ омӯзгорон ва кормандони зерин шомил буданд:
Каримов М.,Файзуллоева Ф.М.,Носиршоев И.,Бобохонова Р.Б., Шарипов С.Р., Қурбонов З., Қадруллоев А.Қ. ,Муродов Р.Н. ,Асоева К.А., Ҷабборов Б.О., Нурматов Ё.Э., Нозимова М., Толибова О.О., Мусоева Ҷ. Аз соли 2011 то соли 2013 сарварии кафедраро номзади илмҳои филологӣ  Ш.З.Худойдодова ба зима  гирифт.
     Аз моҳи декабри соли 2013 то ин ҷониб ба кафедра номзади илмҳои педагогӣ  Ф,М.Файзуллоева сарварӣ мекунад. Муаллимони ин кафедра:
Файзуллоева Ф.М, Носиршоев И, КурбоновЗ,  Толибова О.О, Чаборов Б.О, Курбонова С.А, Эргашева Ш.К, Назарова  Р.Т, Муродов Р.Н, Нурматов Ё.Э, Нурматова З.Ш, Ҷумаева Д.Ҷ., Тоиров С. М., Шамолов Н.А. 
     Аз моҳи январи соли 2018 кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ба сохтори факултети филологияи рус ҳамроҳ карда шуд, ки сарварии онро н. и. п. Файзуллоева Ф. М. ба уҳда дорад.

Низомномаи кафедра

 Низомномаи кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (минбаъд-низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

Кафедра  ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (факултет) буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад. 

Кафедра дар сурати мавҷуд будани на камтар аз 5 воҳиди корӣ барои кормандони илмию педагогӣ пешниҳодшуда, ки аз ин миқдор на камтар аз 2 нафарашонномзад ва доктори илмӣ бошанд, ташкил карда мешавад.Кафедра бо пешниҳоди Шӯрои олимони факултет, тибқи қарори Шӯрои олимони муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ таъсис ва барҳам дода мешавад. Кафедраҳои тахассусии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар истеҳсолот  филиалҳои худро дошта метавонанд. 

Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати 4-сол интихоб карда мешавад. 

     Ба таври истисно мудири кафедра аз зумраи номзадҳои илм, ассистентон ба муддати 4-сол ва на зиёда аз ду мӯҳлат паи ҳам, ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии  касбӣ интихоб карда мешавад. Мудирони кафедраҳое, ки то вақти амалӣ шудани низомномаҳои мазкур ду мӯҳлат паи ҳам адои вазифа кардаанд (аз зумраи номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд.

Ҳайати кафедра

Файзуллоева-Ф.png

Файзуллоева Фирӯзамо Мадохировна - мудири кафедра

Тел: (+992) 918267409

E-mail: fayzulloeva65@mail.ru




Носиров-И.png

Носиршоев Исломшоҳ - ассистент 

Тел: (+992) 985983609





Нурматов-Ё.png

Нурматов Ёқуб Эргашевич  - ассистент

Тел: (+992) 985289685





Эргашева-Ш.png

Эргашева Шаҳноза Кугановна - ассистент

Тел: (+992) 9887271004

E-mail: ddkes@mail.ru




Нурматова-З.png

Нурматова Заррина Шерматовна - ассистент

Тел: (+992) 939141111





Курбонова-С.png

Курбонова Сафармо  Асадуллоевна - ассистент

Тел: (+992) 985156467

E-mail: ddksa@mail.ru




Муродов-Р.png

Муродов Равшан Назриевич - ассистент

Тел: (+992) 985964095





Тоиров-С.png

Тоиров Сафармуҳаммад Муҳаммадзокирович – ассистент

Тел: (+992) 987252204

E-mail: ddkts@mail.ru




Шамолов-Н.png

Шамолов Нусрат Абдуллоевич - ассистент

Тел: (+992) 987651141





Чаборов.png

Ҷаборов Бобомурод Отамуродович - ассистент

Маълумот: Олӣ

Тел: 900-00-66-26

Email: Jabborovb@rambler.ru



1.png

Назарова Рухшона Тағоймуродовна - ассистент

Маълумот: Олӣ

Тел: 988-36-57-68

E-mail: ddknrt@mail.ru



1.png

Ҷумаева Дилором Ҷумаевна - ассистент

Маълумот: Олӣ

Тел: 905-44-82-55




1.pngНурова Нигина Нурибековна - лаборант

Маълумот: Олӣ

Тел: 987-99-94-10



Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

 Дар кафедра маҳфили  «Русское слово» амал мекунад. Маҳфил 22 нафар аъзо дорад, роҳбарии онро муаллима Назарова Р. Т. ба зима  дорад. Аз ҷониби аъзои маҳфил дар конференсияиҳо маърӯзаҳо пешниҳод мегардад.  Аъзои маҳфил асосан донишҷӯёни курсхои 1-уми факултетҳои гайриихтисос мебошанд, ки дар курсҳои болои таҳсилро аз фанни забони русӣ идома намедиҳанд. Соли равон кафедра тасмим дорад, ки аъзои маҳфилро аз ҳисоби курсҳои болои низ пурра созад.

Дар кафедра семинарии илмӣ – методӣ амал мекунад, ки моҳе як маротиба ҷаласаи худро мегузаронад. Роҳбарии семинарро Эргашева Ш. К. ба зима дорад. Дар ҷаласаҳои семинар мавзӯъи кори илмии омӯзгорон, дарсҳои кушоди омӯзгорон, мақолаҳои омӯзгорон дар конференсияҳо муҳокима карда мешавад.

Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра

Кафедра  аз рӯи  равияи «Функционирование русского языка в Средней Азии», проблемаи «Проблемы обучения русскому языку в таджикских группах» ва  мавзӯи  «Совершенствование методов обучения русскому языку в национальных группах вузов и школ» фаъолияти илмии  худро ба роҳ мондааст.

                           Омӯзгорони зерин ба корҳои илмӣ машғуланд.
1 Файзуллоева Ф.М. - «Развитие устной монологической речи студентов национальных групп в неязыковом вузе на основе текстов по специальности».
2. Толибова О.О. - «Структура и семантика сложноподчиненных предложений с изъяснительной придаточной частью в русском и таджикском языках» (Роҳ. илмӣ н. и. ф.Салимов Р. Д..)
3. Нурматова З.Ш. - «Структура и семантика сложноподчиненных предложений с придаточной частью определения в русском и таджикском языках». (Роҳ. илмӣ н. и. ф. Королева А.И.)
4. Назарова Р.Т. - "Таҳлили таркибӣ-маъноии  шеваи гуфтори мардуми минтақаи Кӯлоб" ( Роҳ. илмӣ н. и. ф. Худойдодова Ш.З.)
5. Муродов Р.Н. - Сопоставительная типология наречия в русском и таджикском языках». ( Роҳ. илмӣ н. и. ф. Валиев Н.Н.)
6. Джумаева Д.Д. - Сопоставительная характеристика согласования в русском и таджикском языках». ( Роҳ. илмӣ н. и. ф. Валиев Н.Н.)
7. Курбонова С.А.«Сопоставительная характеристика прилагательного в русском и таджикском языках» (Роҳ. илмӣ н. и. ф. Валиев Н.У.)
8. Нурматов Ёқуб Эграшевич « Лексико- семантические особенности категории времени глаголов в русском и таджикском языках»(Роҳ.илмӣ доктори илмҳои  фил. Салимов Р.Д.)
9. Эргашева Ш.К. - «Сопоставительная характеристика света в русском и таджикском языках»(Роҳ.илмӣ н. и. ф. доцент Валиев Н.У.)

     Ҳамаи мавзӯҳои корҳои илмӣ- тадқиқотии кафедра ба   таълими фанни забони русӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ марбут буда,  бевосита дар ҷараёни таълими фанни  забони русӣ истифода ва татбиқ мешаванд. Самараи иқтисодии онҳо боиси баланд гардидани сатҳу сифати таълими фанни  забони русӣ дар гурӯҳҳои  тоҷикии мактабҳои хамагонӣ , коллеҷҳо ва муассисаҳои олӣ маҳсуб меёбад. Бахусус,  « Учебное пособие по русскому языку для студентов факультета истории и права», «Сборник текстов по русскому языку для студентов национальных групп», «Основы обучения устной монологической речи студентов национальных групп в неязыковом вузе»  таълиф намудаи номзади илмҳои педагогӣ  Файзуллоева Ф. М. бевосита дар раванди инкишофи нутқи шифоҳии муҳассилини мактабҳои тоҷикӣ, омӯзгорони мактабҳои миёна ва олӣ дар ҷараёни таълими фанни забони русӣ, хусусан қисми морфология ва синтаксис истифода мешаванд.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №3, ошёнаи 2-юм, утоқи №206
Телефони корӣ: (+992) 918267409
E-mail: k-zaboni.rusi@kgu.tj