Дар бораи кафедра
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил
ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра
Кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Омӯзгорони кафедра дар факултетҳои ғайрифилологӣ аз рӯи як фанни таълимӣ – забони тоҷикӣ (аз рӯйи ихтисос) ба тадрис машғуланд. Қайд кардан зарур аст, ки фанни таълимии забони тоҷикӣ дар нақшаҳои таълимии ихтисосҳои ғайрифилологӣ мақоми ҳатмӣ касб карда, дар ташаккули дониши забонии донишҷӯён ҳамчун мутахассиси баландихтисос мавқеи асосӣ (базавӣ)-ро ишғол менамояд. Ҳангоми тадриси фан маълумот дар бораи таърихи пайдоиш, предмет, сохтор ва вазифаҳои он, назария ва амалияи омӯзиш, усулу методҳои таҳқиқи фан, алоқаи фан бо фаъолияти инсонӣ, таърихи маҳорати суханварии классикӣ ва муқоисаи он ба замони муосир ва дигар паҳлуҳои он пешкаш карда мешаванд.
Дар соли таҳсили 2022 – 2023 дар кафедра 14 нафар омӯзгорон кору фаъолият намуда истодаанд. Аз ин шумора 3 нафар номзади илмҳои филология – Қувватова М. А., Давлатова Ф. Т, Мирзораҳматова Г.М,
4-нафар муаллимони калон – Ҷалилова А , Зайнуддинзода Н., Муҳаммаҷони А., Носирова О.; 7- нафар ассистентон – Қурбонзода Р., Бобоев Б., Ҳайдарова С., Чолова М., Қурбонова З., Валиева Ҳ., Ҷалилов Ғ. мебошанд.
Соли 1990 бо номи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ҳамчун кафедраи мустақил фаъолият менамуд. Аз фанни методикаи таълими адабиёт ва методикаи таълими забони тоҷикӣ дар таркиби кафедраи забон ва адабиёти тоҷик (то 1967) ва кафедраи адабиёти тоҷик ва кафедраи забони тоҷикӣ (1968-1990) таълим дода мешуд. Устодони варзидаи соҳаи методика Рустамов Қ.Р., М.Қурбонов, А.Шарифов, Қ.Сангов ба таълими ин фанҳо машғул буданд ва тадқиқотҳо анҷом дода, соҳиби унвони номзади илмӣ гардиданд. Дар ин муддат мудирии кафедраи мазкуррро Қодир Рустамов (1990-2002) , Қаюм Сангов (2004-2009), Ғ.Мирзоев (2010-2011), солҳои 2011-2014 Маҳтовбӣ Мирзоева, Холиқова З., Содиқов Ё., Абдусамадзода Э.А., Зулфиев Г., Ҷаҳонгири Р. ба уҳда доштанд. Азбаски кафедраи мазкурро бо кафедраи забони тоҷикӣ якҷоя намуданд онро бо номи кафедраи забони тоҷикӣ ва методикаи таълими он унвон гирифт роҳбарии кафедраро профессор Ҷумъахон Алимӣ (2018-2021) ба уҳда дошт. Аз сентябри соли 2021 кафедра бо унвони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ аз нав мустақил гардида ва аз рӯи низомнома кору фаъолият намуда истодааст. Сараввал мудирии онро н.и.ф. Шамшоди Ҷамшед (2021-2022) ва аз моҳи майи соли 2022 то ҳол н.и.ф. Қувватова М.А. ба зимма дорад.
Ногуфта намонад, ки дар соли хониши 2022-2023 дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ аксарияти кормандон машғули кори илмӣ-тадқиқотӣ мебошанд. Аъзоёнии кафедра дар факултетҳои ғайрифилологии донишгоҳ аз фанни забони тоҷикӣ(аз рӯи ихтисос) дарс медиҳанд ва мавзӯъҳои кори илмиашон ба масъалаҳои гуногуни забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ вобаста мебошанд.
Қувватова Муҳаббат Абдулҳамидовна
н.и.ф. мудири кафедра
Муҳаммадҷони Абдувоҳид
муаллими калон
Давлатова Фароғат Тулқуновна
н.и.ф., муаллими калон
Мирзораҳматова Г.М.
н.и.ф., муаллими калон
Ҷалилова Анварбӣ
муаллими калон
Бобоев Бахтовар Сулаймонхонович
ассистент
Носирова Оламбӣ
муаллими калон
Валиева Ҳалима Субҳонқуловна
ассистент
Чолова Майрамбӣ Пириевна
ассистент
Ҷалилов Ғолиб Дӯстович
ассистент
Қурбонова Зикамо
ассистент
Ҳайдарова Сафаргул Хизиралиевна
ассистент
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дар кафедра дар қатори анҷоми масъалаҳои вобаста ба илм, инчунин дар густариши корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён пайваста таваҷҷӯҳ менамоянд. Мутобиқ ба кори раванди таълим ва заминаи донишу маҳорати қобилияти эҷодии донишҷӯён дар кафедра маҳфили илмии “Забоншинос” фаъолият менамояд. Зеро дар баробари дигар шаклҳои фаъоли дарс ташкили маҳфилҳои фаннӣ низ дар ташаккули донишу фаҳмишӣ шогирдон, инкишофи малакаю маҳорати худфаъолиятии онҳо аҳамияти бузург дорад. Ҳадафи аслии баргузории маҳфил ба низом даровардани донишҳои ҳосилкардаи шогирдон, ба самтҳои гуногуни эҷодӣ равона кардани онҳо ва ташвиқи истифодаи маводи изофӣ мебошад.
Инчунин, ҳадафи дигари баргузории маҳфил ба рушди қобилияти илмӣ, эҷодӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, такмили фаъолияти ҷустуҷӯи мустақилона, аз бар намудани донишҳои замонавӣ, инчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ равона карда шудааст. Аъзоёни доимии маҳфил донишҷӯёни факултетҳои ғайрифилологӣ мебошанд.
Дар назди кафедра семинари илмӣ-назариявӣ амал мекунад. Ҳадаф аз баргузории семинар, пеш аз ҳама, ҷалби омӯзгорон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили қобилияти суханронӣ ва пешниҳодоти илмии мушаххас фаро мегирад.
Қувватова Муҳаббат дастури методӣ бо номи «Касбияти омӯзгорон ва фаъолияти педагогӣ», Душанбе, «Матбаа», 2022. 88 саҳ.
Қувватова М.А.Топонимия Нурека и его окрестностей . Душанбе,2021.240с.
Ҷумъахон Алимӣ, Бобоев Б. Омӯзиши забони тоҷикӣ ҳамчун забони хориҷӣ. Душанбе, «Матбаа», 2022. 310 саҳ.
Бобоев Б.С.Хусусиятҳои таркибии таълими лингвофарҳангӣ– Душанбе: Матбаа, 2021. – 100с.
Мирзораҳматова Г. Рӯзгор ва осори Мирзо Қадам / Г. Мирзораҳматова. – Душанбе: Матбаа, 2022. – 159с.
Мирзораҳматова Г.Фаъолияти педагогӣ ва усулҳои такмили тахассус(дастури таълимӣ-методӣ) – Душанбе: Матбаа, 2022. – 127с.