KGU

КАФЕДРАИ ФАЛСАФА

Дар бораи кафедра    Умуми.png
Таърихи кафедра
Низомномаи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра


Дар бораи кафедра 

     Кафедраи фалсафаи умуидонишгоҳӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ  мемонад. Устодони кафедра дар факултетҳои мухталиф аз фанҳои фалсафа, мантиқ, фарҳангшиносӣ, сотсиология ва этика ва эстетика дарс мегӯянд. Дар кафедра 1- профессор  Ибодов Маҳмадулло Орифович, дотсентон Сайдалиев Додарбек Мадалиевич, Назаров Пиралӣ ва номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоев Насрулло Сайфуддинович, муаллими калон Амиров Файзуллохӯҷа  Азизович,  Унвонҷу  Зайналов Қурбон Мирзоевич , Аспирантон  Мирзоев С., Ғиёсов Б., Юнусов С., Рашидов У., Ҳасанов М., Тоиров Ф., Докторантон Назиров М., Бойматов Д., Магистрантон Камолов Ш., Назарова Х. дарс мегӯянд. 

Таърихи кафедра

        Ташаккул ва рушди фалсафаи муосири тоҷик асосан аз солҳои баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз гардида буд. Дар солҳои баъди ҷангӣ таъсисёбии донишкадаҳо, филиалҳо, омӯзишгоҳҳо,кафедраҳои гуногуни илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ сурат гирифта буд. Аз ҷумла, 15- уми августи соли 1945 Ҳукумати Тоҷикистон қарори махсусро «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб» Қабул намуд, ки айни замон 70- солагии онро моҳи августи соли ҷорӣ 2015 бо тантана ҷашн хоҳем гирифт. Кафедраи фалафа таърихан дар солиҳои 1947–1948 бо номи «Асосҳои марксизм – ленинизм» таъсис  ёфта ва то соли 1966 арзи вуҷуд  дошт. Дар ин давра ба он олимони шинохтаи ҷумҳурӣ  Т. Ортиқов, А. Абдураҳимов, Х. Сиддиқов, Б. Маҳмадназаров, М. Собиров, Б.  Назаршоев роҳбари намуда буданд. Саҳми онҳо дар мустаҳкам намудани  заминаи илмӣ таълимӣ, методии кафедра боиси дастгирӣ мебошад. Онҳо асосгузори аввалин маҷаллаи илмии донишгоҳ буданд, ки дар он мақолаҳои устодону омӯзгорон ва донишҷӯён рӯи нашр бароварда шуда буданд. Ба омӯзгорони ҷавони кафедра дар ҷодаи омодагӣ ба дарсҳо, аз худ намудани маводҳои таълимӣ, тарзу усулҳои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ёрии ҳамаҷониба мерасониданд. Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи чунин заҳмат ва ғамхориҳои ҳамарӯзаи онҳо буд, ки дар кафедра омузгорони ҷавони умедбахш дар соҳаи фалсафа ва дигар фанҳои ҷомеашиносӣ ба камол расиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар тули 70-соли рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ   шахсони зерин роҳбарии кафедраро ба уҳда доштанд:

Баъд аз профессор  М. Ибодов, роҳбарии кафедраи фалсафаро профессор К. Қодиров (солҳои 1994 – 1995), А. Қурбонов (солҳои 1995 – 1998), Х. Азамов (солҳои 1998 – 2002), А. Абдулвоҳидов (солҳои 2002 – 2003),  М. Садулоев (солҳои 2003 – 2004), Б. Файзиев (2004 – 2005), П. Назаров (солҳои 2005 -  2009), А. Абдулвоҳидов (солҳои 2009 – 2012) ва  Н. Абдуллоев (аз соли  2012 то имрӯз) ба уҳда дорад. Саҳми мудирони номбурда дар пешрафти корҳои илмию тадқиқотӣ ва таълмии кафедра ва дар  маҷмӯъ дар донишгоҳ, тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон сазовори таҳсин аст. Кафедраи фалсафа дар тайёр намудани  мутахассисони сифатан ҷавобгӯй ба талаботи имрӯзи донишгоҳ ва кишвар корҳои назаррасро анҷом додаст.   

    Кафедраи фалсафаи умуидонишгоҳӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ  мемонад. Устодони кафедра дар факултетҳои мухталиф аз фанҳои фалсафа, мантиқ, фарҳангшиносӣ, сотсиология ва этика ва эстетика дарс мегӯянд. Дар кафедра 1- профессор  Ибодов Маҳмадулло Орифович, дотсентон Сайдалиев Додарбек Мадалиевич, Назаров Пиралӣ ва номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоев Насрулло Сайфуддинович, муаллими калон Амиров Файзуллохӯҷа  Азизович,  Унвонҷу  Зайналов Қурбон Мирзоевич , Аспирантон  Мирзоев С., Ғиёсов Б., Юнусов С., Рашидов У., Ҳасанов М., Тоиров Ф., Докторантон Назиров М., Бойматов Д., Магистрантон Камолов Ш., Назарова Х. дарс мегӯянд. Ҳоло дар кафедра мудири кафера н.и.сиёсӣ Абдуллоев Н. 1 доктор, профессор, 1-нафар номзади илм,3-нафар  дотсент, 1-нафар  муаллими калон, 11 –нафар ассистентон, мудири кабинет  ва лаборант кор ва фаъолият доранд.

Низомномаи кафедра

Бо Қарори Шурои олимони донишгоҳ
аз "____" ________ 201__с. тасдиқ карда шудааст

         Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори мушовара аз 13.04.2006, таҳти №8/4) ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.
1.    Кафедраи фалсафа ҷузъи таркибии сохтори Донишгоҳ буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба  роҳ мемонад.

ВАЗИФАҲОИ ХИЗМАТИИ КАФЕДРА

Ба зиммаи кафедраи фалсафа вазифаҳои зерин гузошта шудааст.

1. Омӯзгорон ва кормандони кафедра бояд ҳар 5 сол 1 маротиба аз коромӯзӣ ва курси такмили ихтисос гузаранд:
2. Ишғоли вазифа аз ҷониби ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони илмии кафедра дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи озмун, талаботи Низомномаи мазкур ва дар асоси шартномаи тарафайн тибқӣ қонунгузории ҷорӣ ба амал бароварда мешавад:
3. Фаъолияти ҳамасолаи мудири кафедра бо роҳи анкетагузорӣ дар байни донишҷӯён ва кормандони он аз тарафи раёсати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад:
4. Интихоби мудири кафедра дар асоси озмун гузаронида мешавад.         муфассалтар...

Ҳайати кафедра

1.png

Мудири кафедра - Абдуллоев Насрулло Сайфуддинович

номзади илмҳои сиёсӣ

Тел: 900-10-37-74



Ибодов.png

Доктори илмҳои фалсафа - Ибодов Маҳмадулло Орифович

профессор

тел:985-21-84-46



Сайдалиев.png

Сайдалиев Додарбек Мадалиевич 

Маълумот: олӣ

Тел: 93-444-05-05


 Идома...



Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

     Дар кафедра маҳфили "Файласуфони ҷавон" амал мекунад ва тайи чанд сол шогирдони хуб тайёр карда, дар олимпиадаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд. Аз соли  2013 роҳбари маҳфил ба зиммаи ассистенти кафедра  Зайналов Қ. гузошта шудааст. ки аъзоёни он 23 нафар мебошанд. Ҳама сола аъзоёни фаъоли маҳфил дар конференсияи илмӣ - назариявии апрели кафедра бо маърӯзаҳои худ баромад мекунанд ва пайваста дар чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангии донишгоҳ ва шаҳр фаъолона ширкат меварзанд.

Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра

1. Зайналов Қ. – унвон. Мавзуъ: «Принсипи антропӣ дар фалсафаи илми муосир» зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов М.О.
2. Ғиёсов Б. аспирант, мавзуъ:  «Асосҳои консентуалии масъалаҳои «адолат» дар ҷомеаи муосир (дар мисоли Тоҷикистон)» доктори илми фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар.
3. Юнусов С. аспирант, мавзуъ: «Тасаввуротҳои фазоиву вақтӣ ва ташаккулёбии шавҚи бедоршавии донишҷӯён дар дарсҳои физика ва математика» доктори илми физика математика, профессор  Комилов А.Ш. доктори илми физика математика, профессор.
4. Мирзоев С. аспирант, мавзуъ: «Ақидаҳои фалсафии Абурайҳони берунӣ» зери роҳбарии доктори илми фалсафа, профессор, Шамолов Абдулвоҳид Абдуллоевич.
5. Рашидов У.аспирант, мавзуъ: «Нигилизми ҳуқуқӣ ҳамчун таҳдид ба амнияти ҷамъиятӣ (таҳлили иҷтимоию фалсафӣ)» н.и .фалсафа, дотсенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати ДМТ Маҳмадиев Нозим Давлатмуродович.

Дастовардҳои кафедра

Дастовард1.png

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Абдуллоев Насрулло

17 августи 2015с




Дастовард2.png

Ибодов М.О. Дастури таълимӣ Хусусиятҳои навин дар инкишофи фалсафаи илм, Кӯлоб-2018






Дастовард3.png

Абдуллоев Насрулло, Ғаюров Лоиқ - Баъзе мафҳумҳои калидӣ дар фалсафа , Кӯлоб - 2018






Дастовард4.png

Ибодов М.О. Фаҳмиши манзараи илмии олам дар фалсафа ва илми муосир, Кӯлоб - 2018





Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №1, ошёнаи 2-юм
Телефони корӣ: (+992) 900-10-37-74
E-mail: k-falsafa@kgu.tj