KGU

КАФЕДРАИ РАВОНШИНОСӢ

Дар бораи кафедра    Умуми.png
Таърихи кафедра
Низомномаи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра


Дар бораи кафедра 

     Кафедраи равоншиносӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултаҳои мухталиф аз фанҳои вобастаи кафедра дарс меомӯзонанд. Дар кафедра 13 нафар омӯзгорон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд. Аз ин шумора 3 нафар номзади илм,   ҳамкори беруна, 2 нафар номзади  илм, дотсент,  5 нафар муаллими калон, ҳамкори доимӣ, 3 нафар муаллими калон ва 5 нафар ассистентон мебошанд.

    Дар кафедра 2 нафар унвонҷӯ (Қурбонов М., Шарипов А.), 1 нафар аспиранти таълими ғоибона (Ҷумаев М.) ва 1 нафар аспиранти таълими рӯзона (Давлатова М.) ба корҳои илмӣ-тадқиқоти машғул мебошанд. Синну соли миёнаи кормандони кафедра ба 40 сол баробар аст.

Таърихи кафедра

     Кафедраи психологияи умумидонишгоҳӣ аз 10.02.1992 бо фармони №7 ва карори шӯрои илмии донишгоҳ аз 6.01.1992 арзи вуҷуд дорад. Солҳои аввали мавҷудияти донишкада муаллимони кафедраи психология дар ҳайати кафедраи педагогика шомил буданд. Аз 6.01.1992 кафедраи психология таъсис дода шуд, ки ба ҳайти он Р.Амиршоев номзади илми педагогӣ, иҷрокунандаи мудири кафедра, Т. Мустафоқулов номзади илми психология, муаллимони калон Яркаева Г.Ш., Нарзуллоева М., ассистентон Исоева Д.С., Сабко Л.Н., Ашуров Н, Абдураҳимов А., Давлатова Р. дохил буданд. Кафедраи психология мустақилона муддати дер фаъолият накард ва бо фармони №68 аз 15.09.1997 барҳам дода шуда, ҳайати он ба сохтори кафедраи педагогика шомил гардиданд.

     Бо қарори шӯрои илмии донишгоҳ аз 30.12.2005 тахти №5 бо фармони №6 аз 25.01.2006 кафедраи умумидонишгоҳии психология аз сохтори кафедраи педагогика дар ҳайати  зерин ба ду кафедра ҷудо карда шуд. Ҳайати кафедраи психология аз як номзади илми психологӣ (Т. Мустафоқулов, мудири кафедра), ду номзади илми педагогӣ (Р. Амиршоев, К. Маҷидова), ду муаллими калон (Д.Исоева, М.Бараимова) иборат буд. Баъдтар аз соли 2007 то соли 2010 як зумра ҷавонони боистеъдод ба монанди М.Набиева, М.Давлатов, М.Қурбонов, М.Абдуллоева, М.Ҳайдаров, А.Шарипов, М.Ҷумаев ба кор қабул карда шуд.

     Аз 29.12.2012 бо фармони №163  аз 28.12.2012 Исоева Д.С. иҷрокунандаи мудири кафедраи психология таъин карда шуд. Ҳоло дар кафедра 3 номзади илм ( Исоева Д., Мирзоев Р. ва К.Маҷидова), 5 муаллими калон ва 5 ассистент ва як лаборанти кафедра фаъолият менамояд.

Низомномаи кафедра

Муқаррароти  умумӣ

Низомномаи кафедраи равоншиносии умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (минбаъд-низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

1.    Кафедра  ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (факултет) буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад. 

2.    Кафедра дар сурати мавҷуд будани на камтар аз 5 воҳиди корӣ барои кормандони илмию педагогӣ пешниҳодшуда, ки аз ин миқдор на камтар аз 2 нафарашон номзад ва доктори илмӣ бошанд, ташкил карда мешавад. Кафедраҳои махсус, тарбияи ҷисмонӣ ва забонҳои хориҷӣ (факултетҳои ғайрифилологӣ) аз талафот истисно мебошанд. 

3.    Кафедра бо пешниҳоди Шӯрои олимони факултет, тибқи қарори Шӯрои олимони муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ таъсис ва барҳам дода мешавад. 

4.    Кафедраҳои тахассусии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар истеҳсолот  филиалҳои худро дошта метавонанд. 

5.    Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати 4-сол интихоб карда мешавад. 

Ба таври истисно мудири кафедра аз зумраи номзадҳои илм, ассистентон ба муддати 4-сол ва на зиёда аз ду мӯҳлат паи ҳам, ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии  касбӣ интихоб карда мешавад. Мудирони кафедраҳое, ки то вақти амалӣ шудани низомномаҳои мазкур ду мӯҳлат паи ҳам адои вазифа кардаанд (аз зумраи номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд.

Ҳайати кафедра

ИСОЕВА-ДИЛОРОМ.png

Мудири кафедра

Исоева Дилором Сайдаҳмадовна, н.и.п

Маълумот: Олӣ

Тел: 985-03-25-10



Курбонов-Махмади.png

Қурбонов Маҳмадӣ Сатторович

Муаллими калон

Маълумот: Олӣ

Тел: 985-48-04-22



Абдуллоева-Мехриниссо.pngАбдуллоева Меҳринисо Менгуловна

Муаллими калон

Маълумот: Олӣ

Тел: 918-25-81-21



1.pngНабиева Муқадас Афғоновна

 Муаллими калон

Маълумот: Олӣ

Тел: 985-22-25-07



Давлатов-Мирали.png

Давлатов Миралӣ Абдусамадович

Муаллими калон

Маълумот: Олӣ

Тел: 985-57-00-21



Шарипов-А.png

Шарипов Анвар Абдурасулович

Маълумот: Олӣ

Телефон: (+992) 900-63-15-63

E-mail: ansorianvar.@mail.ru

    

Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедра маҳфили «Равоншиноси ҷавон» амал мекунад. Маҳфил бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим аз қабили интернет, проектор ва тахтаи электронӣ гузаронда мешавад. Азбаски дар кафедра омӯзгорон пайваста кору фаъолияташонро бо донишҷӯён мегузаронанд, маҳфил боз ҷолибтар мегузарад. 

Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра

1. Исоева Д.С. - унвонҷӯ, мавзӯъ: «Формирование у учащихся экономически значимых качеств личности в процессе обучения технологии»  таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, академик Қодиров Қ. Б.

2. Давлатов М. - унвонҷӯ, мавзӯъ: «Педагогическое общение в начальных классах школ  » таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, академик Қодиров Қ. Б.

3. Абдулоева М.- унвонҷӯ, мавзӯъ: «Вазифаҳои  иҷтимоӣ - психологию  педагогии омодасозии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ" дар зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ Ҳоҷиматова  Г. М. кори илми бурда истодааст.

4. Қурбонов М — унвонҷӯ, мавзӯъ: «Хусусиятҳои муошират дар синни наврасӣ» зери роҳбарии н.и.психологӣ Мустафоқулов Т. кори илмӣ карда истодааст

 5. Шарипов А. - аспиранти курси 2-юм (ғоибона), мавзӯъ: "Асосҳои тарбияи маънавӣ - равонии кӯдак дар оила» зери роҳбарии номзади илмҳои психологӣ, дотсент Мустафоқулов Т. кори илмӣ карда истодааст.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №1, ошёнаи 2-юм
Телефони корӣ: (+992) 985-03-25-10
E-mail: k-ravonshinosi@kgu.tj