Дар бораи кафедра
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра
Кафедраи адабиёти тоҷик ҷузъи таркибии сохтори донишгоҳ ва факултети филологияи тоҷик ва журналистика буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад.
Кафедра ҳамқадами донишгоҳ умри зиёда аз 75-сола дорад, аммо кафедраи адабиёти тоҷик бо фармони ректори донишгоҳ аз 4 ноябри соли 2010, таҳти рақами №231 таъсис ёфтааст.
Дар соли таҳсили 2022-2023 дар кафедраи адабиёти тоҷик ҳамагӣ 14 нафар омӯзгор ва як лаборант фаъолият доранд, ки 8 нафар кормандони асосӣ, 3 нафар ҳамкори дохила, 3 нафари онҳо ҳакори беруна, мебошанд.
Кафедраи адабиёти тоҷик аз соли ба фаъолият шурӯъ намудани Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1945) (он вақтҳо Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб) бо кафедраи забони тоҷикӣ якҷоя амал мекарданд, ки кафедраи забон ва адабиёти тоҷик номгузорӣ шуда буд ва ин якҷоягӣ то соли 1967 давом кард. Дар он вақт номзади илмҳои филологӣ Иноят Ҳасанов мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик шуда кор мекард. Аз соли 1967 кафедраҳо ҷудо карда шуданд – кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи адабиёти тоҷик.
МУДИРОНИ КАФЕДРАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА ДАР ДАВОМИ 70 СОЛИ ФАЪОЛИЯТ
Кафедра ҳамқадами донишгоҳ буда, аз соли 1945 то соли 1967 дар якҷоягӣ бо кафедраи забони тоҷикӣ амал мекард. Аз соли 1967 кафедраҳо ҷудо карда шуданд, яъне кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи адабиёти тоҷик.
Соли 1967 мудири кафедраи адабиёти тоҷик муаллими калон, шоир Шукрӣ Иброҳим, аз соли 1969 то соли 1972 муаллими ҷавону боистеъдод Абдулҳай Қаландар, аз соли 1972 то соли 1982 устоди кафедра, н.и.ф., дотсент Барот Нозимов, аз соли 1982 то соли 1992 н.и.ф., дотсент Сайидҷаъфаров Шовалӣ, аз соли 1992 то 1997 дотсент Чалишев Соат, аз солҳои 1997 то 1999 профессор Икромов Искандар, аз соли 1999 то 2005 н.и.ф., дотсент Чалишев Соат. маротибаи дуюм мудири кафедраи адабиёти тоҷик таъйин шуданд. Аз соли 2005 то 5-уми январи соли 2007 номзади илмҳои филолгӣ, дотсент Саидҷаъфаров Ш. маротибаи дуюм дар кафедраи адабиёти тоҷик ба ҳайси мудир фаъолият намуданд. Аз соли 2007 и.в.дотсент, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулҳай Қаландар то охири соли 2012 мудири кафедраи адабиёти тоҷик буданд.
Соли 2009 дар факултет ихтисоси нав – журналистика кушода шуд ва кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика дар якҷоягӣ амал мекард. Аз соли 2012 кафедраҳо ҷудо шуданд ва кафедраи адабиёти тоҷик номи пештараашро гирифт. Соли 2017 аз сабаби нарасидани кадрҳои илмӣ кафедраҳо муттаҳид карда шуданд ва то 12.01.2022 кафедраҳо дар якҷоягӣ фаъолият карданд. 12.01.2022 бо фармоиши ректори донишгоҳ ва қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ду кафедра – кафедраи адабиёти тоҷик ва кафедраи журналистика ҷудо карда шуданд.
Аз 28-уми декабри соли 2012 мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқова Зайналбӣ Кенҷаевна таъйин гардиданд ва то имрӯз дар ин вазифа кору фаъолият карда истодаанд.
Шамшоди Ҷамшед
номзади илмҳои филологӣ, муаллими калон
Зулфиев Гадомад
номзади илмҳои филологӣ, муаллими калон
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар кафедраи адабиёти тоҷик як маҳфили илмӣ-адабӣ зери унвони «Адабиётшинос» ва семинари илмӣ-назариявӣ фаъолияти хуб дорад.
Роҳбарии маҳфилро муаллими калон Назиров Мадалӣ ба ӯҳда дорад. Дар маҳфил зиёда аз 35 нафар донишҷӯёни эҷодкору болаёқат шомиланд. Тибқи нақша маҳфил моҳе як маротиба фаъолият карда, намунаҳои беҳтарини мақолаҳои илмӣ, шеъру таронаҳои навқаламон муҳокима ва баррасӣ шуда, беҳтарини онҳо дар рӯзномаҳои «Анвори дониш» ва «Навиди Кӯлоб» чоп мегарданд.
Семинари илмӣ-назариявии кафедра низ тибқи нақшаи тасдиқгардида моҳе як маротиба амал карда, омӯзгорон аз дохили корҳои илмӣ-таҳқиқотиашон бо маърӯзаҳо баромад мекунанд.
Тайи чанд соли охир кафедра ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Соли 2021 ду нафар муаллимони калони кафедра – Шамшоди Ҷамшед ва Одинаева Гулбону рисолаҳои илмиашонро ҳимоя карда, соли 2022 дипломҳои худро гирифтанд.
7.01.2022 Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедра Ашӯрова Нодира Ҷумъаевна рисолаи докториашро ҳимоя кард ва баъди панҷ моҳ аз КОА-и Федератсияи Россия тасдиқи кор расид.
Инчунин, як қатор омӯзгорон дар соли 2022 бо ифтихорномаҳою сипосномаҳои ректори донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.