KGU

Таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ

КАФЕДРАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ВА КОРИ ИҶТИМОӢ

Дар бораи кафедра    Умуми.jpg
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра



Дар бораи кафедра 

Кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ узви таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар ихтисосҳои «Таҳсилоти томактабӣ», «Таҳсилоти томактабӣ ва равоншиносии амалӣ», «Дефектология», «Сурдпедагогика, таҳ силоти томактабӣ», «Олигофренопедагогика, таҳсилоти томактабӣ», «Логопедия, таҳсилоти ибтидоӣ», аз фанҳои педагогикаи томактабӣ ва курси амалии он, психологияи бачагона ва курси амалии он, забони адабии ҳозираи тоҷик, физиологияи синнусолӣ, табиатшиносӣ, тайёр намудани кӯдак ба мактаб, афкори педагогикаи халқи тоҷик ва ғайра дарс мегӯянд. Дар кафедра 1- нафар профессор, Иззатова Муҳаббат Иноятовна, номзади илмҳои педагогӣ, 3- н Шарипов Бахтовар, Даминова Арафамо, Ғафоров Абдусаттор, муаллимони калон: Табарова Зарторбӣ, Гулмадова Умеда, ассистентон: 12 –н Валиева Саъбагул, Абдуллоева Шаҳноза, Сайдалиева Соҷида, Саодати Раҳмоналӣ, Қосимов Пулод, Қиматгули Аҳмад, Баротов Нозим, Зарифов Нурхон, Шералиева Анварбӣ, Шоимардонова Мунира, Тағоева Сайлонбӣ, Фозилов Субҳон., Рузиева Барно, Қурбонализода М. дарс мегӯянд.

Таърихи кафедра

Кафедра таърихан аз соли 1968 бо номи кафедраи «Педагогика ва психология» таъсис ёфта, айни замон бо номи кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ фаъолият дорад. Дар ин давра ба он олимони шинохтаи ҷумҳурӣ Афзалов Хайрулло, Иззатова Муҳаббат Иноятовна, Тилло Бобев, Мирзоев Салим, Ибодов Назрулло, Фархуддинов Юсуф, Даминова Арафамо, Табарова Зарторбӣ, Бозоров Хушвахт роҳбарӣ намуда буданд ва дар айни ҳол мудири кафедра Шарипов Бахтовар мебошад. Саҳми онҳо дар мустаҳкам намудани заминаи илмӣ, таълимӣ, методии кафедра боиси дастгирӣ мебошад. Ба омӯзгорони ҷавони кафедра дар ҷодаи омодагӣ ба дарсҳо, аз худ намудани маводҳои таълимӣ, тарзу усулҳои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ёрии ҳамаҷониба мерасониданд. Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи чунин заҳмат ва ғамхориҳои ҳамарӯзаи онҳо буд, ки дар кафедра омӯзгорони ҷавони умедбахш дар соҳаи тарбияи томактабӣ Шарипов Бахтовар, Даминова Арафамо, ба камол расиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар тули 75-соли рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллҳои Рӯдакӣ шахсони зерин роҳбарии кафедраро ба ӯҳда доштанд:
Тилло Бобоев (1971-1977) мудири кафедра, Мирзоев Салим (1977-1977), Афзалов Хайрулло (1980-1985), Иззатова Муҳаббат Иноятовна (1985- 2005), Ибодов Назрулло (2005-2007), Ҳалимов Давлатбӣ (2007-2011), Юлдошева Ҷамила (2011-2012), Даминова Арафамо (2012-2013), Фархуддинов Юсуф (2013-2014), Ҷураев Бобохон (2014-2015) Табарова Зарторбӣ (2016-2017), Бозоров Хушвахт (2018-2020), Шарипов Бахтовар (2021) то имрӯз ба ӯҳда дорад. Саҳми мудирони номбурда дар пешрафти корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимии кафедра ва дар маҷмӯъ дар донишгоҳ, дар тайёр намудани мутахассисони ҷавон сазовори таҳсин аст. Кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ дар тайёр намудани мутахассисони сифатан ҷавобгӯй ба талаботи имрӯзи донишгоҳ ва кишвар корҳои назаррасро анҷом додааст.



Ҳайати кафедра

Шарипов Б

    
  Шарипов Бахтовар
  номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедра




Иззатова-М.png


     
Иззатова Муҳаббат 
Доктори илмҳои педагогӣ




Даминова А



Даминова Арафамо 
 Номзади илмҳои педагогӣ



Табарова З



Табарова Зарторбӣ 
     муаллими калон




Абдуллоева Ш




Абдуллоева Шаҳноза
        ассистент



Гулмадова У



Гулмадова Умеда 
   муаллими калон





Сайдалиева С



Сайдалиева Соҷидамо 
       ассистент



Зарипов Н



Зарипов Нурхон 
  ассистент




Мадаминова М




Мадаминова Муродбегим
          лаборант



Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедра 2-маҳфил амал мекунад "Педагогикаи томактабӣ” ва “Равоншиноси ҷавон" Аз соли 2022-2023 роҳбари маҳфили "Педагогикаи томактабӣ” ба зиммаи Муаллими калони кафедра Гулмадова Умеда ва маҳфили “Равоншиноси ҷавон" ба зимаи Қурбонализода Мақсуд гузошта шудааст, ки аъзоёни ин маҳфилҳо 31 нафарӣ мебошанд. Ҳамасола аъзоёни фаъоли маҳфил дар конференсияи илмӣ - назариявии апрелии кафедра бо маърӯзаҳо баромад мекунанд ва пайваста дар чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангии донишгоҳ ва шаҳр фаъолона ширкат меварзанд.

Мутобиқи нақшаи тасдиқ гардида дар як моҳ 2-маротиба ҷамъомади маҳфилҳо гузаронида мешавад. Маҳфил 31 аъзо дорад.

Дастовардҳои кафедра

   

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №2, ошёнаи 2-юм, утоқи №13
Телефони корӣ: (+992) 944181920
E-mail: k-tahsiloti.tomaktabi@kgu.tj