KGU

Забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ

КАФЕДРАИ ЗАБОНШИНОСӢ ВА ТИПОЛОГИЯИ МУҚОИСАВӢ

Дар бораи кафедра    УМУМИ
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра



Дар бораи кафедра 

Кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ бо фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти № 177 аз 02.10.2020 ташкил шудааст. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои «Забони англисӣ (1-1-020306-01), забони англисӣ-олмонӣ (1-1-020306-01) ва забони англисӣ хитоӣ (1-1-020306-01)» ихтисосманди соҳавӣ тайёр мекунанд. Дар кафедра 19 – нафар ҳайати омӯзгорон аз рӯи фанҳои таълимии тахассусӣ ба донишҷӯён таълим медиҳанд, ки аз онҳо 2 – нафар номзадони илмҳои филологӣ, 6-нафар муаллими калонон , 10 нафар ассистентон ва 1 нафар лаборанти кафедра фаъолият доранд. Вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои филологӣ Муродов Баҳриддин Раҳмонович ба ӯҳда дорад.

Таърихи кафедра

Кафедраи мазкур соли 1992 дар назди факултети филологияи рус ҳамчун шӯъба бо номи кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он таъсис дода шудааст, мудири аввалини он Мирзоев Зайналобиддин таъйн гардида буд. Дар давраи таъсисёби омӯзгорони зерин дар кафедра кор карданд. Дотсент Конькова Ирина Павловна, номзади илмҳои филологӣ Мамадрасулова Тоҷиниссо ва Муаллими калонон Сайдамирова Муқаддас Сайдалиевна, Сайфудинова Татьяна Николаевна ва Собирова Уғулбӣ Саъдуллоевна.

Дар кафедра муаллимони соҳибтаҷриба ба монанди Муродов Ғайраталӣ, Шарипов Амрохон, Ятимова Раънохон фаъолият мекарданд. Чандин мудирони ботаҷрибаву кордон фаъолият намудаанд. Мирзоев Зайналобуддин солҳои 1993-2002 мудири кафедра буд. Баъд аз он муаллими калони кафедра, марҳум Шарипов Амрохон, аз соли 2002 – 2006 дар кафедра ҳамчун мудир кор кардааст. Собирова Уғулбӣ аз 2006-2009 мудири кафедра фаъолият дошт ва баҳри тайёр намудани ҳайати кадрӣ дар факултет кӯшиш ба харҷ додааст. Аз моҳи апрел то майи 2013 вазифаи мудири кафедраро муаллими калон Шарифхоҷаева Саодат ба ӯҳда дошт.

Аз моҳи сентябри соли 2013 то моҳи апрели соли 2014 вазифаи мудириро, муаллими калон, Муродов Баҳриддин иҷро намуд. Аз моҳи сентябри соли 2014 то сентябри соли 2015, номзади илмҳои филологӣ Садирова Бибиниссо роҳбарии кафедраро ба ӯҳда дошт. Аз октябри соли 2015 то моҳи декабри соли 2016 муаллими калон Табаров Шерафган Назирмадович роҳбарии кафедраро ба ӯҳда доштанд. Аз ноябри соли 2017 то августи соли 2017 рохбарии кафедраро муаллими калон Акобирова Сабагул ба ӯҳда гирифт. Аз сентиябри соли 2017 то моҳи марти соли 2018 мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими онро номзади илмҳои филологӣ Гуламадшоев Шокиршо Шерзодшоевич ба ӯҳда дошт, аз моҳи апрели соли 2018 то 2021 мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он (ҳозира кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ)-ро номзади илмҳои филологӣ Ҷурақулов Бозоралӣ Раҳмоналиевич ба ӯҳда дошт. Аз моҳи сентябри соли 2021 инҷониб мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавиро номзади илмҳои филологӣ Муродов Баҳриддин Раҳмонович ба ӯҳда дорад.


Ҳайати кафедра

Муродов Б.jpg


   Муродов Баҳриддин Раҳмонович
            номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедра
       E-mail: bahriddinm@list.ru

       


Сайдамирова М.png
   Сайдамирова Муқаддас Сайдалиевна
          муаллими калон
  






Маҳсуддинов


  Маҳсудинов Рамазон Исмоналиевич
    муаллими калон
   E-mail: mahsiddinov1989@inbox.ru





Сайдалиева Ф.png



   Сайдалиева Фотима Обидовна
             муаллими калон



 


Сайдалиева.png



Сайдалиева Зуҳро Обидовна
              ассистент




Мирзоева З.png



    Мирзоева  Зулфия Гоибовна
            ассистент







Одинаев К.jpg
   
    Одинаев Комрон Бобокалонович
           ассистент
    






Муқимов О.png



  Муқимов  Одина Махсумович
                ассистент




Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ маҳфили илмии “I like English” фаъолият менамояд. Дар маҳфил донишҷӯёни фаъоли гурӯҳҳои таълимӣ ва инчунин магистрантон аъзо мебошанд, ки шумораи аъзои маҳфили илмӣ ба 30 нафар расидааст. Роҳбарии маҳфили илмиро омӯзгори ҷавони кафедра Одинаев Комрон ба ӯҳда дорад. Дар маҳфил донишҷуён аз рӯи мавзуҳои тасдиқгардидаи Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ маърӯза намуда, дар назди донишҷуён баромад менамоянд. Дар бисёр ҳолатҳо дар маҳфили илми омӯзгорон кӯшиш менамоянд, ки дар мавзӯҳои мушкилоти ҷойдошта дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳсҳоро дар миён гузоранд.



Дастовардҳои кафедра

ДАСТОВАРД«Мамлакатҳои англисизабон


Муаллиф Ҷурақулов Б.Р


ДАСТОВАРД2

«Фонетические упражнения по английскому языку»

     Муаллиф  Сайдамирова М.С.




ДАСТОВАРД3

«Ман англисиро меомӯзам»

Муаллиф  Маҳсуддинов Р.И.




Дастовард1.png

«Ибтидои фонетика» 

Муратиб Мирзоев Ш.




Дастовард2.png

«TOEFL dictionary»       

Муаллиф Мирзоев Ш.




Дастовард3.pngФарҳанги Омофонӣ «Homophones» 

Муаллиф Акобирова  С. З., Сайдалиева З.О.




Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 7-ум
Телефони корӣ: 985479147
E-mail: bahriddinm@list.ru