Дар бораи кафедра
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра
Кафедраи журналистика бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ таҳти рақами «№5/3-13» аз 24 декабри соли 2021 ва фармоиши ректори донишгоҳ аз «07» январи соли 2022 таъсис дода шудааст.
Кафедраи журналистика ҷузъи таркибии сохтори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва факултети филологияи тоҷик ва журналистика буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад.
Дар соли таҳсили 2022-2023 дар кафедраи журналистика ҳамагӣ 13 нафар омӯзгорон ва 1 коргузор фаъолият доранд, ки 6 нафар кормандони асосӣ, 4 нафар ҳамкорони дохила ва 3 нафар ҳамкорони беруна мебошанд.
Таърихи кафедра
Кафедраи журналистика соли 2012 бо ташаббуси декани ҳамонвақтаи факултети филологияи тоҷик ва журналистика дотсент Ғ.Мирзоев, ризоят ва фармони ректори донишгоҳ доктори илмҳои филология, профессор Н.Н.Солеҳов августи соли 2012 таъсис ёфтааст. Бо ҳамин фармон ба вазифаи мудири аввалини кафедра журналист, муаллими калон Бахтиёр Сафаров таъйин гардидааст. Соли 2013-2014 мудири кафедраи журналистика номзади илмҳои филологӣ, дотсент Худойдодова Шарофат, аз соли 2014 то соли 2015 муаллими ҷавону боистеъдод Назирмадов Дилшод, аз соли 2016 то соли 2017 д.и.ф., профессор Ҷумъахон Алимӣ, соли 2017 н.и.ф., дотсент Содиқов Ёралӣ, аз соли 2017 то декабри соли 2021 кафедра бо кафедраи адабиёти тоҷик якҷоя шуда бо номи кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика фаъолият мекард.
Бо ташаббуси бевоситаи декани факултет Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад ва ректори собиқи донишгоҳ профессор, Мирализода А.М, аз ҳайати кафедраи адабиёти тоҷик ҷудо карда шуд. Айни замон кафедра мустақилона фаъолият намуда истодааст.
Алишери Абдулмаҷид
саромӯзгор, мудири кафедра
Худойдодова Шарофат Зардовна
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Зафар Мирзоён
профессори фахрӣ, ховаршинос
Гулов Сангин Нурович
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Исмоилова Фарзона
саромӯзгор, номзади илмҳои филологӣ
Саромӯзгор
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар кафедраи журналистика як маҳфили илмӣ-адабӣ зери унвони «Рӯзноманигори ҷавон» фаъолияти хуб дорад. Роҳбарии маҳфилро ассистенти кафедра Муслимов Исмоил ба ӯҳда дорад. Дар маҳфил 30 нафар донишҷӯёни эҷодкору болаёқат шомиланд. Тибқи нақша маҳфил моҳе ду маротиба фаъолият карда, намунаҳои беҳтарини мақолаҳои илмӣ, навқаламон муҳокима ва баррасӣ шуда, беҳтарини онҳо дар рӯзномаҳои «Анвори дониш», «Навиди Кӯлоб» ва нашрияи “Маърифат” чоп мегарданд.
Дар ин росто дар маҳфил рӯзноманигорнони расонаҳои хабарии шаҳри Кӯлоб даъват карда мешавад. Аз рафти баргузории маҳфил гузоришҳо дар “Телевизиони Сафина”, “Телевизиони Кӯлоб” ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карда мешавад.
Алишери Абдулмаҷид: дорандаи нишони сарисинагии аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаи раиси шаҳри Кӯлоб, ифтихорномаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ифтихорномаи ректори донишгоҳ
Худойдодова Шарофат: дорандаи нишони сарисинагии аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорномаи раиси шаҳри Кӯлоб, ифтихорномаи раиси итифоқи журналистони Тоҷикистон, ифтихорномаи ректори донишгоҳ
Исмоилова Фарзона: дорандаи нишони сарисинагии аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаи раиси шаҳри Кӯлоб, ифтихорномаи ректори донишгоҳ
Сафарзода Манучеҳр: дорандаи нишони сарисинагии аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаи раиси шаҳри Кӯлоб, ифтихорномаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ифтихорномаи ректори донишгоҳ, ифтихорномаи академияи воситаҳои ахбори омма.
Одинаева Марҳабо: дорандаи ифтихорномаи раиси шаҳри Кӯлоб, ифтихорномаи ректори донишгоҳ.
Муслимов Исмоил: дорандаи ифтихорномаи ректори донишгоҳ, ифтихорномаи Академияи воситаҳои ахбори омма.