KGU

Сиёсатшиносӣ

КАФЕДРАИ СИЁСАТШИНОСӢ

Дар бораи кафедра    умумӣ.jpg
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра



Дар бораи кафедра 

Кафедраи сиёсатшиносӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултаҳои мухталиф аз фанҳои вобастаи кафедра дарс меомӯзонанд. Кафедра дар ташаккули шуури сиёсӣ, маданияти сиёсӣ, маърифати баланди ҳуқуқию сиёсӣ, вусъати Ваҳдати миллӣ, такмили асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳтироми арзишҳои фарҳангиву адабӣ ва таърихии ифодагари манфиатҳои давлатдории навин, ҳимояи истиқлол ва рушди мутаносиби кишвар саҳми босазо дорад. Вазифаи муҳимтарини омӯзгорони кафедра тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад. Аъзоёни кафедра ҳоло аз рӯи сохтори идоракунӣ дар бахши сиёсии ҷомеаҳои гуногун, системаи сиёсӣ ва идеологияи сиёсӣ, низоми демократӣ, усули қабул кардани қарорҳо дар сохтори сиёсӣ ва дигар самтҳо корҳои тадқиқотӣ, илмӣ ва методӣ мебаранд.

Кафедра аз соли 2010 инҷониб мустақилона амал менамояд. Аз сентябри соли 2009 то сентябри соли 2011 роҳбарии кафедра ба ӯҳдаи номзади илми таърих, дотсент Аъзамов Х.С., аз сентябри соли 2011 то феврали соли 2012 номзади илмҳои сиёсӣ дотсент Назарзода П.С., аз феврали соли 2012 то декабри соли 2012 номзади илми таърих, дотсент Аъзамов Х.С.буд. Аз декабри соли 2012 то декабри соли 2018 мудири кафедраро номзади илмҳои сиёсӣ дотсент, Муродова Г.Р. ба ӯҳда дошт. Аз декабри соли 2018 то инҷониб мудирии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, Пирназаров Эмомназар Анварович вогузор гардидааст.

Таърихи кафедра

Кафедраи сиёсатшиносӣ соли 1983 аз ҳайати кафедраи фалсафа ҷудо шуда, бо номи кафедраи коммунизми илмӣ фаъолият намудааст. Соли нахустини таъсисёбии кафедра номзади илми таърих, дотсент Юнусов, С.С. номзади илми фалсафа, дотсент Раҳмонов Т.Р., муаллими калон Шамсов Н.Н. ва Сафаров Ш.Л. кор мекарданд. Кафедраро номзади илми таърих, дотсент Юнусов С.С. сарварӣ мекард. Моҳи сентябри соли 1986 ба вазифаи мудири кафедра номзади илми таърих, дотсент Аъзамов Х.С. интихоб мешавад. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 кафедраи коммунизми илмӣ, номи кафедраи сиёсатшиносиро мегирад. Он солҳо дар кафедра 8 нафар устодон дар пайи кори таълиму тарбияи донишҷӯён машғул буданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Маҳмадов, доктори илмҳои фалсафа, Хидирзода М.У., номзадҳои илмҳои фалсафа, дотсентон Раҳмонов Т., Одинаев А., номзади илми таърих, дотсент Аъзамов Х.С., инчунин се нафар муаллимони калон Сафаров Ш.Л., Шамсов, Н.Н. Ҳакимов Р. ва дигарон дар тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб ҳиссаи калон гузоштаанд.

         Кафедраи сиёсатшиносӣ аз соли 2010 инҷониб мустақилона амал менамояд. Аз сентябри соли 2009 то сентябри соли 2011 роҳбарии кафедра ба ӯҳдаи номзади илми таърих, дотсент Аъзамов Х.С., аз сентябри соли 2011 то феврали соли 2012 номзади илмҳои сиёсӣ дотсент Назарзода П.С., аз феврали соли 2012 то декабри соли 2012 номзади илми таърих, дотсент Аъзамов Х.С.буд. Аз декабри соли 2012 то декабри соли 2018 мудири кафедраро номзади илмҳои сиёсӣ дотсент, Муродова Г.Р. ба ӯҳда дошт. Аз декабри соли 2018 то инҷониб мудирии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, Пирназаров Эмомназар Анварович вогузор гардидааст.

         Айни ҳол дар кафедра 20 нафар устодони варзида - дотсентон Аъзамов Х.С., Назарзода П.С., ПирназаровЭ.А,. Муродова Г.Р.., Муродов Т.Н. номзади илмҳои сиёсӣ Хусайнзода А.Б., саромӯзгорон Яқубзода Ф.Н., Шоҳрухи С., Файзов Р.Х. ассистентон Усмонзода С., Бобоев Д.Х., Кучаров А.Ҷ., Изатов У.Х., Хасанов Б.Т., Некрӯзи М., Қурбонзода Д.Қ., Ҷобиров Ш.Т., Бойматов Д.М., Зарифов Х.,Мирзоев К., Комилова Р.А. ба таълиму тарбияи донишҷӯён ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд. Онҳо аз рӯи як равияи илмӣ: «Системаи сиёсии ҷомеа ҳамчун институти мукаммали ҷомеа» ва проблемаи «Хусусиятҳои инкишофи низоми демократии Тоҷикистон» ва ду мавзуъ: «Нақши институтҳои давлатӣ дар мустаҳкам намудани низоми демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаҳои умумӣ ва дурнамои ризояти миллии тоҷикон» корҳои илмӣ мебаранд. 


Ҳайати кафедра

Пирназаров Э.jpg

   Пирназаров Э.А.
   н.и.сиёсӣ,дотсент, мудири кафедра





Азамов Х.jpg
    Аъзамов Х.С.
     н.и.таърих, дотсент

 





Назарзода П.jpg

    Назарзода П.С.
    н.и.сиёсӣ, дотсент  







Мурдова Г.jpg
    Муродова Г.Р.
     н.и.сиёсӣ, дотсент

   






Муродов Т.jpg
   Муродов Т.
   н.и.сиёсӣ, дотсент








Сафарализода Х.jpg

   Сафарализода Х.Қ.
    н.и.сиёсӣ, дотсент







Файзов Р.jpg
   Файзов Р.
   саромӯзгори кафедра






Яқубзода Ф.jpg
    Яъқубзода Ф.
    саромӯзгори кафедра







Бобоев Д.jpg
    Бобоев Д.
   ассистенти кафедра







Усмонзоа С.jpg
    Усмонзода С.
    ассистенти кафедра







Шоҳрухи С.jpg

   Шоҳрухи С.
   ассистенти кафедра






Қурбонзода Д.jpg
 
   Қурбонзода Д.Қ.
   ассистенти кафедра






Ҷобиров Ш.jpg

   Ҷобиров Ш.
    ассистенти кафедра






Некрузи М.jpg
    Некрӯзи М.
    ассистенти кафедра







Назарова Г.jpg
    Назарова Г.
   ассистенти кафедра





Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Кафедра дорои маҳфили «Дунёи сиёсат» мебошад. Аз соли 2005 роҳбарии маҳфил ба зиммаи н.и.сиёсӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра вогузор буд. Ҳадафи он баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ, маърифатӣ, ҳуқуқиву мадании донишҷӯён ва иштироки фаъоли онҳо дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Аъзоёни фаъоли маҳфил дар озмуну маҳфилҳои фаннӣ ба ҷойҳои сазовор ноил гардиданд. Масалан, солҳои 2006 ва 2007 аъзои фаъоли маҳфил Хуҷамурод Қуддусов дар олимпиадаии ҷумҳуриявии байни мактабҳои олӣ дар ш. Душанбе сазовори ҷои аввал гардид. Соли 2008 дар олимпиадаи зикргардида донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисодӣ узви маҳфил Муҳаммаднаим Мирсаидов сазовори ҷои 3-ум шуд. Соли 2015 дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар байни 21 муассисаи олии касби донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисодӣ Ҳабибуллоев Умарҷон аз фанни сиёсатшиносӣ сазовори ҷойи 2-юм гашта бо ифтихорномаи дараҷаи 1 ва мукофоти пулӣ қадрдони карда шуд. Ин ғолибияти бузург натиҷаи кори хуби маҳфили «Дунёи сиёсат» ва роҳбари он Шоҳрухи Саидҷафар мебошад. Аксари собиқ аъзоёни маҳфил соҳиби дараҷа ва унвонҳои илмӣ гашта, дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва мақомотҳои гуногун кор ва фаъолият мекунанд. Соли 2020 маҳфили «Дунёи сиёсат» зери роҳбарии ассистент Қурбонзода Д.Қ. сазовори ҷойи аввал ва ифтихорнома гардид. Айни замон роҳбарии маҳфили «Дунёи Сиёсат» -ро ассистент Зарифов Х. ба ӯҳда дорад.

Дар кафедра инчунин семинари назариявӣ ва илмӣ-методӣ фаъолият менамояд. Семинари мазкур моҳе як маротиба дар доираи корҳои илмӣ-тадқиқотии омӯзгорон гузаронида мешавад. Роҳбарии семинарро саромӯзгор Яқубзода Ф.Н ба ӯҳда дорад.




Дастовардҳои кафедра

1.jpg
 
Маҳфили илмии кафедра «Дунёи сиёсат», соли 2020 миёни маҳфилҳои умумидонишгоҳи ҷои аввалро ишғол намуд.





Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии № 6, ошёнаи 2-ум, утоқи №211
Телефони корӣ: (+992) 919212153
E-mail: jaev.daler.1995@mail.ru