Дар бораи кафедра
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра
Кафедраи илмҳои компютерӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ – методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултети физика ва математика аз фанҳои тахассусии вобастаи кафедра дарс меомӯзонанд. Дар кафедра 22 нафар устодон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд. Аз ин шумора дар кафедра 1 нафар доктори илм, профессор, ҳамкори беруна, 1 нафар дотсент, ҳамкори беруна, 3 нафар номзади илм, дотсент, ҳамкори доимӣ, 4 нафар номзади илм, муаллими калон, ҳамкори доимӣ, 4 нафар муаллими калон, 7 нафар ассистент, 1 нафар лаборант ва 1 нафар коргузори кафедра мебошанд.
Дар кафедра 2 нафар унвонҷӯ (Ятимов Ҳ.Т., Сафаров С.Ҳ.), 1 нафар аспиранти таълими ғоибона (Шоҳсанами Р.), ки холо хатм кардааст ба корҳои илмӣ-тадқиқоти машғул мебошанд.
Кафедраи илмҳои компютерӣ аз 12-июни соли 2013 дар асоси фармони №125 ректори донишгоҳ аз таркиби кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарор ҷудо шуда мустақил гардид. Мудири аввалини он номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Одиназода Сафаргул Атабек буданд. Аз сентябри соли 2014 то октябри соли 2015 ин вазифаро муаллими калон Азимов С.Д., аз соли 2015 то 2019 вазифаи мудирии кафедраро муаллими калон Рафиев С.А., аз моҳи марти соли 2019 то августи 2021 ин вазифаро Холов А.А., аз моҳи августи соли 2021 н.и.п., муаллими калон Давлатов Раҳмоналӣ Муродалиевич ба ӯҳда доштанд. Айни замон аз 21.02.2022 сол вазифаи мудирии кафедраро н.и.т., муаллими калон Шарипов А.П. ба зимма дорад.
Абдулҳаева Ҳалима Сайдаброровна
Азимова Шаҳло Абдураҳимовна
лаборант
E-mail: shahlo70@mail.ru
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар кафедра семинари илмӣ ва маҳфили “Барномасозони ҷавон” амал мекунанд. Маҳфил дар як моҳ ду маротиба гузаронида мешавад. Дар 2 соли охир бо ташаббуси кафедра 2 чорабинии илмӣ дар сатҳи донишгоҳ гузаронида шуд: 1 форум таҳти унвони «Ҷавонон кибертерроризмро маҳкум менамоянд» ва 1 конференсия таҳти унвони «Тадбиқи имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар шароити муосир» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шарипов Аламшо Партоевич. Синтез и свойства антимонида и арсенида галлия в твердой и жидкой фазе, Душанбе – 2022.
Мирализода А. М., Давлатов Р. М. Управление качеством образования на основе информационно-коммуникационных технологий Куляб-2021
Сафарзода Мунир Ватанович. Асосҳои техналогияи таълими калонсолон, Душанбе - 2020
Сафаров Мунир Ватанович. Андрагогика. Ташаккул, хусусиятҳо ва асосҳои назариявӣ, Душанбе – 2021
Сипоснома ба Шарипов А.П. н.и.т. «Барои саҳми муносиб гузоштанаш ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ, омадасозии шогирдон ҷиҳати иштирок ва ғолибият дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии» «Илм – фурӯғи маърифат»
ш. Кӯлоб – 15 ноябри соли 2022
Сипоснома ба Шарипов А.П. барои саҳмгузорӣ дар рушди илми муосир, тарбияи нишонраси шогирдон ва дар сатҳи баланд омода намудани онҳо аз рӯи номинатсияи техналогияи иттилоотӣ миёни донишҷуён ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»
Сафаров М.В. Технология развития неформального оброзования. Душанбе: 2017. 165 с.
«Дипломи дараҷаи 1» озмуни ҷумҳуриявии олимони ҷавон «Навовари беҳтарин», дар шаҳри Хуҷанд (2016)
Сафаров М.В., Самариддинова З.Н. Учебно – методическое пособие по компьютерному моделированию при обучении математических задач. Душанбе: 2016. 138 с.
Сафаров М.В. Компьютерное моделирование как каждый фактор формирования творческих способностей учащихся при изучении математических задач. Душанбе: 2015. 96 с.
“Диплом (дараҷаи 2)” ва ҷоизаи «Ғолиби лоиҳаи «Бозёфт»-2016» Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон»
Диплом (дараҷаи 2) барои ғолиби ҷои дуюм гардидан дар даври ҷумҳуриявии Озмуни илмӣ – тадқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2017” бахшида ба “Соли ҷавонон” ва 20 – солагии Ваҳдати миллӣ
“Диплом (дараҷаи 3)” барои гирифтани ҷои 3-юм дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2016-2017 сарфароз гардонида шуд (2017);
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №4, ошёнаи 2-юм, утоқи №206