Дар бораи кафедра
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра
Гарчанде Шӯрои забонҳои хориҷӣ дар донишкада танҳо дар соли хониши 1992-1993 таъсис ёфта бошад ҳам, кафедраи забони хориҷӣ аз соли 1967 арзи вуҷуд дорад. Солҳои аввали мавҷудияти донишкада муаллимони забонҳои хориҷӣ дар ҳайати факултети забон ва адабиёти рус шомил буданд. Ҳануз соли 1957 муаллимаи ботаҷрибаи забонҳои хориҷӣ Ирина Павловна Крникова аз донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко ба инҷо ба кор фиристода шуда буд. Дар солҳои хониши 1967-1968 аз шаҳри Душанбе баъди хатми факултети забонҳои хориҷӣ Т. Мамадрасулова фиристода шуда буд. Коллективи муаллимони кафедра ба донишомӯзони ҳамаи факултетҳои донишкада аз забонҳои англисӣ, немисӣ, арабӣ дарс медоданд. Дар тули бештар аз 16-сол ба ин кафедра дотсент И.П.Конкова сарварӣ намуд. Ӯ дар фаъолияти меҳнатии худ, бисёр шогирдонро баркамол расонид. Дар ташкил додани шӯъбаи забонҳои хориҷӣ ва кафедраи он хизмати босазоеро И. П. Конкова бозидааст. Дар соли хониши 1979-1980 дар кафедра муаллимону устодони зерин ба тарбияи донишҷӯён сарукор доштанд: И.П.Конкова – дотсент, мудири кафедра, Т. Мамадрасулова – муаллимаи калон, инчунин муаллимон: В.И.Богасова, М.С.Сайдамирова, Т.А.Сайфуддинова, З.Мирзоев, С.Зауров, М.Т.Менлашев, Ф.А.Менлашева, Ш.Раҳимов, Р. Сафарова, У.Собирова, И. Д. Исобоева.
Бояд таъкид намуд, ки кафедра дар соли хониши 1970-1980 аз муаллимони забонҳои хориҷӣ таъмин карда шуда буд. Асоси аъзоёни кафедраро ҳамон муаллимоне ташкил медод, ки таҷрибаи кори омӯзгорӣ дар донишкада доштанд.
Соли 1992 дар Донишкадаи давлатии Кӯлоб ҳозира Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки ректораш академик Каримов Самариддин буд, дар факултети забон ва адабиёти рус шӯъбаи забони англисӣ ташкил карда шуд.
Дар шӯъба танҳо як гурӯҳ қабул карда шуда буд, ки аз 28 нафар донишҷӯ иборат буданд.
Гурӯҳ бо сӯҳбат қабул шуда буд ва қариб ҳама баъди мактабҳои махсус омада буданд ва арзандаи шӯъба буданд.
Устодони беҳтарин ба монанди дотсент Конькова Ирина Павловна, Мамадрасулова Тоҷиниссо –номзади илми филологӣ ва муаллимони калон Сайдамирова Муқаддас Сайдалиевна, Сайфудинова Татьяна Николаевна ва Собирова Уғулби Саъдуллоевна дар шӯъба дарс медоданд.
Дар кафедра муаллимони соҳибтаҷриба ба монанди Муродов Ғайраталӣ, Шарипов Амрохон, Ятимова Раънохон фаъолият мекарданд.
Соли 1993 дар факултети забон ва адабиёти рус кафедраи забони англисӣ кушода шуд, ки мудираш Мирзоев Зайналобуддин, ки ҳоло номзади илм, декани факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи Данғара мебошад, таъйин шуд. Дар таърихи фаъолияти кафедра чандин мудирони ботаҷрибаву кордон фаъолият намуданд, оғози фаъолияти кафедраи забони англисӣ аз Мирзоев Зайналобуддин шурӯъ шудааст,баъд аз он муаллими калони кафедраи забони англисӣ Шарипов Амрохон вазифаи мудириро ба ӯҳда дошт. Баъди мудирии марҷум Шарипов вазифаи мудириро Муродалӣ Набиев ба ӯҳда дошт ва баъд аз он муаллимаи калон, муаллимаи кордону ботаҷриба, муаллимае, ки вақти худро сарфи фаъолияти факултети филологияи хориҷӣ намудааст ин Собирова Уғулбӣ аст. Муаллима равия ва фаъолияти кафедраро дар рушди олимони ҷавон дучанд гардонид.
Давлатов Файзиддин Ҷамилович
мудири кафедра, муаллими калон
Гулмамадшоев Шокиршо Шерзодшоевич
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Шарипов Хуршед
номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калон
Саидов Муҳаммад
муаллими калон
Ҳусайнова Фарида
муаллими калон
Робияи Абдусамад
ассистент
Раҷабова Ҷамила
ассистент
Ҳалимова Дилноза
ассистент
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар кафедра маҳфили «Забон донӣ –ҷаҳон донӣ» фаъолият дорад, ки моҳе як маротиба аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯёни масъул гузаронида мешавад. Маҳфил бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим аз қабили интернет, проектор ва тахтаи электронӣ гузаронда мешавад. Азбаски дар кафедра донандаҳои забони арабӣ, низ ҳастанд, маҳфил боз ҷолибтар мегузарад.
1. Давлатов Ф - унвонҷӯ, мавзӯъ: «Ифодаи ҷумлаи мураккаби тобеъ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» Роҳбари илмӣ: д.ф.н Саидов Ҳ - Д.М.Т
2. Сабзаалӣ Раҷаб- унвонҷӯ, мавзӯъ: «Теоритическая обоснованность и практическая эффективность при подготовке преподавателей» Роҳбари илмӣ: д.и.п Шарипов Ҷ. - Д.Д.Қ
3. Раҷабова Ҷ-аспиранти курси 2-юм (рӯзона) мавзӯъ: «Сопоставительная типология» Роҳбари илмӣ:н.и.ф Валиев Н
4. Паноева Сабрина- унвончу, мавзуъ: «Ощущение глагола в русском и английском языках».Роҳбари илмӣ: д.ф.н. Ҷамшедов П
5. Давлатов Ф «Семантическая классификация ядерных значений и глаголов мышления в таджикском и английском языках» Паёми ДМТ
6. Саидов М: докторант PhD-и соли сеюм «Таҳлили забоншиносии номвожаҳои «Қуръон» Роҳбари илмӣ: д.и.ф.п.Ҷумъахон Алимӣ