KGU

Математика ва методикаи таълими он

КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКА ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ОН

Дар бораи кафедра    Умумӣ.jpg
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра



Дар бораи кафедра 

Кафедраи математика ва методикаи таълими он ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултаҳои мухталиф аз фанҳои вобастаи кафедра дарс меомӯзонанд. Дар кафедра 20 нафар омӯзгорон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд. Аз ин шумора 2 нафар доктори илм, 1 нафар Узви вобастаи АМИТ, 2 профессор (1 нафар доктори илм, профессор - ҳамкори беруна), 4 номзади илм, 2 нафар дотсент (1 нафараш номзади илм саромоӯзгор ҳамкори дохила, 1 нафар номзади илм, дотсент - ҳамкорони беруна), 5 муаллими калон ва 9 нафар ассистентон фаъолият доранд.

Дар кафедра 8 нафар унвонҷӯ (Бажова М., Мирзоева М., Ашурова М., Сатторов Қ., Ҳусайнов Р., Мастонаи Р., Убайдуллои А., Имомов З.Р.) ва 1 нафар курси якуми доктор-РhD- (Ҳакимзода Н.) ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд.

Таърихи кафедра

Кафедраи математика ва методикаи таълими он аз ду кафедраи муттаҳидшудаи методикаи таълими математика ва математикаи олӣ иборат аст: Кафедраи методикаи таълими математика соли 1956 бо номи кафедраи математикаи элементарӣ дар назди факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии Кӯлоб таъсис ёфтааст. Аз соли 1970 то соли 1973 вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими математикаро профессор Шарифов Ҷумъа, солҳои 1973-1976 профессор Ғуломов Ислом, солҳои 1981-2000 профессор Шарифов Ҷ., солҳои 2000-2012 дотсент Маҳмудов Туйчӣ, бар ӯҳда дошт.

Кафедраи математикаи олӣ соли 1993 дар баробари табдил дода шудани Донишкадаи давлатии педагогигии шаҳри Кӯлоб ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ таъсис ёфтааст. Зарурати пайдо шудани ин кафедра бо он алоқаманд аст, ки дар донишгоҳ ғайр аз ихтисосҳои омӯзгорӣ боз тайёр намудани ихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ барои хоҷагии халқи давлати соҳибистиқлоли ҷавон эҳтиёҷ пайдо гардида буд. Таъсиси ин кафедра маҳз барои тайёр намудани ихтисосҳои иқтисод, химия ва биология, география пешбинӣ шуда буд. Аввалин мудири ин кафедра, узви вобастаи АУ ҶТ Қурбонов Икром ба ҳисоб меравад. Солҳои минбаъда, ба ин кафедра д.и.ф-м., профессор Акбаров Р мудири мекард. Дар тули фаъолияти кафедра дар алоқамандӣ бо вазъи иқтисодии донишгоҳ баъзе аъзоёни кафедра ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ба кор гузашта, кафедра як чанд маротиба дар ҳайати кафедраҳои таҳлили математикӣ ва алгебра-геометрия шомил карда шуд. Охирон маротиба боз кафедра бо номи пешинааш, бо қарори ШО ДДК соли 2006 бо роҳбарии д.и.п., профессор Ғуломов И. таъсис дода шуд. Вобаста ба шароити кафедра баъди профессор Ғуломов И. ба он муаллими калон Тураев Қ., номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Абдулазизов А., мудирии кафедраро бар дӯш доштанд. Аз аввали соли таҳсили 2014-2015 кафедраҳои математикаи олӣ ва методикаи таълими математика муттаҳид шуда, дар шакли як кафедра бо номи Математика ва методикаи таълими он арзи вуҷуд намуд. Аз сентябри соли 2014 номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Пирназаров А. ба ҳайси сарварӣ кафедра фаъолият намуданд. Аз моҳи сентябри соли 2015 муаллими калон Ҷӯраев К., иҷрокунандаи мудири кафедра ва аз моҳи октябри 2015 муаллими калон Давлатбеков А., то моҳи январи соли 2018 мудирии кафедраро ба ӯҳда дошт. Аз 20 январи соли 2018 ду кафедра муттаҳид карда шуда, «Математика ва методикаи таълими он» номгузорӣ карда шуд, мудирии он ба н.и.п., дотсент Самариддинова З. вогузор карда шуд. Аз 27 сентиябри соли 2019 то августи соли 2020 Давлатбеков А ба вазифаи мудири кафедра фаъолият намуд. Аз августи 2020 то 2021 вазифаи мудири кафедраро н.и.п. Ниёзов Ҷ. ба ӯҳда дошт.

Аз августи 2021 то моҳи майи соли 2022 вазифаи мудири кафедраро Сироҷиддини Д ба ӯҳда дошт. Аз 21-05-2022 то инҷониб вазифаи мудири кафедраро н.и.п., дотсент Ниёзов Ҷ. М. ба ӯҳда дорад.


Ҳайати кафедра

NIEZOV.jpg


Ниёзов Ҷонмаҳммад Муродович 

номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедра




Гуломов-И.png



Ғуломов Ислом 

д.и.п.,профессор



Давлатбеков.png



Давлатбеков Акимбек Авалбекович

Номзади илмҳои физика ва математика, дотсент



Сироҷидини Д.jpg

    Сироҷиддини Давлаталӣ

     ассистент




Bajova-Malika.png


  Бажова Малика

  муаллими калон




Ҷураев К.jpg

   Ҷураев Кулобӣ

   муаллими калон



Имомов З.png  

    Имомов Зафархон Раҷабалиевич
       саромӯзгор

    




Хисайнов.png   

 Ҳусайнов Руҳулло Салоҳиддинович

   ассистент




Кобилчон.png
   

    Сатторов Қобилҷон Абдулҳакимович

    ассистент 



Мирзоева.png


Мирзоева Малоҳат Саймуродовна

ассистент

  



Убайдуллои А.jpg
   Убайдуллои Абдусамад

   ассистент



Мастонаи Р.jpg

  Мастонаи Раҳматзода 

   ассистент




Ашурова М.jpg

    Ашурова Муродбегим

     ассистент





Султонова К.jpg 

  Султонова Қурбонби

   саромӯзгор





Мохира.png

Ғуломова Моҳира Исломовна

мудири кабинет





Шарипова.png


Шарифова Замира Ҷумъаевна

лаборанти калон




Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедра семинари илмӣ фаъолият мекунад, ки роҳбарии онро н.и.п., дотсент Ниёзов Ҷ.М. ва котиби семинар Ҳусайнов Р С. бар ӯҳда дорад, ки ҳар моҳ ду маротиба баргузор мегардад.
Барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар донишгоҳ олимони варзида ҷумҳурӣ ҷалб карда шудаанд, ки бо маърӯзаҳои илмӣ дар семинарҳои кафедра аз рӯи мавзӯъҳои муҳими соҳаи математика баромад мекунанд.
Дар кафедраи математика ва методикаи таълими он маҳфил бо номи «Диофант» амал намуда, роҳбари маҳфилро ассистенти кафедра Мирзоева М. ба ӯҳда дошта он тибқи нақша моҳе як маротиба гузаронида мешавад.

Дастовардҳои кафедра

1.jpg

  Ислом Ғуломов. Корнамоии андешаҳо – тахайюли хиради инсонӣ. –  Душанбе «Матбааи ДМТ» 2021. -116 саҳ.




2.jpg

Маҳмудов Т.,Ниёзов Ҷ., Гулматов М., Шарипов Ш., Сироҷиддини Д. Ҳусейнов Р., “Геометрия (Машқ ва масъалаҳо барои синфҳои 1-7)” Дастури методӣ. Душанбе. 2016. 160 саҳ.




4.jpg

 Маҳмудов Т., Сафарова М., Сироҷиддини Д., Ниёзов Ҷ., Ҳусейнов Р., Бажова М. “ Машқ ва масъалаҳо аз математика” Дастури методӣ. Душанбе. 2021. 160 саҳ.




5.jpg

 Маҳмудов Т., Сироҷиддини Д., Бажова М., Абдулазизов А., Ниёзов Ҷ., Шарипов Ш., Ҳусайнов Ҳ., Пулодов М. «Ҳалли масъалаҳои геометрияи синфи 8» Душанбе-2019




6.jpg

Маҳмудов Т., Шарипов Ш., Ниёзов Ҷ., Давлатов Т., Ҳусейнов Р., Пулатов М. “ Машқ ва масъалаҳо аз математика” Дастури методӣ-қисми 2. Душанбе-2017


1.png



Ғуломов И.Н.Маҳмудов Т.
 «Математикаро меомӯзем»

Дастури илмӣ- методӣ. Душанбе:   1991. 184 саҳ.



2.png


Ғуломов И.Н,.  «Таърих ва методологияи математика»

Дастури илмӣ- методӣ. Душанбе:   2015.300 саҳ.




Дастовард


Ғуломов И.Н., Акбаров Р., Маҳмудов Т., Изатуллоев К., Ҳалимов Ғ.  «Алгебра ва ибтидои анализ», Дастури илмӣ- методӣ.  Барои хонандагони синфи10. Душанбе: 2015.-300 саҳ.




Дастовард1

Маҳмудов Т., Давлатов Т., Ниёзов Ҷ., Шарипов Ш., Гулматов М. “Маълумотнома аз математика”  Дастури методӣ. Душанбе -2012. 120 саҳ.




Дастовард2


Маҳмудов Т., Сарахонова С. “Масъалаҳои шавқовар” Қисми дуюм. Дастури илмӣ – методӣ. Душанбе. 2004. 60 саҳ.




3.png


Қ.Ӯ. Осимов.,  Ғуломов И.Н,.  

«Назария ва амалияи ҳисоббарорӣ» Дастури илмӣ- методӣ. Нашриёти Душанбе:   1978. 100 саҳ.




4.png


Маҳмудов Т., Давлатов Т., Ниёзов Ҷ., Шарипов Ш., Гулматов М. 

“Маълумотнома аз математика”  Дастури методӣ. Душанбе -2012. 120 саҳ.




5.png

Маҳмудов Т. , Сарахонова С., Давлатов Т.,             

 “Масъалаҳои олимпиадаи математикӣ ва методҳои ҳалли онҳо” Дастури илмӣ – методӣ.

Душанбе. 2010. 175 саҳ.



Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №3, ошёнаи 4-ум, утоқи №408
Телефони корӣ: (+992) 985544970
E-mail: k-matematika@kgu.tj