KGU

Фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо

КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ОНҲОУмумӣ.png

Дар бораи кафедра    
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра



Дар бораи кафедра 

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг аз фанҳои вобастаи кафедра ба донишҷӯён таълиму тарбия медиҳанд. Дар кафедра 31 нафар устодон ва як нафар коргари техникӣ ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд, ки аз инҳо 24 нафар кормандони асосӣ ва 7 нафар ҳамкорони дохила мебошанд. Аз шумораи кормандони асосӣ 3 нафар дотсентон (Набиев М., Бозоров Х., Шералиева С.), 2 нафар номзадони илм (Фархуддинов И., Мирзоева Б.), 7 нафар саромӯзгор ва 10 нафар ассистентон, 1 нафар магистрант (Каримова М.) ва 1 нафар докторант (Зардова Ш.) мебошанд.

Дар кафедра 5 нафар унвонҷӯ Даминзода Х., Абдураҳмони М., Насибаи С., Атоев Н., Зарипов М. ва 2 нафар докторантони PhD Абдуҷаббори С. (курси 3), Тағоев С.(курси 2), ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд. 

Таърихи кафедра

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо аз соли 1968 бо номи кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ арзи вуҷуд дошт. Муаллимони аввалини кафедра Сайдаҳмад Исоев, Соат Чалишев, Кароматулло Қаландаров, Куган Изатуллоев, Ёрали Содиқов, Одина Давлатов, Муродалӣ Набиев, Исроил Исмоилов, Ҷумъахон Сайдаҳмадов, Сафар Наҷот, Тағоев Сафаралӣ, Ҳалимов Ғоибназар, Ибодов Назрулло ва дигарон буданд.

Аввалин мудири кафедра М. Р. Ярашевский буданд. Баъдан роҳбарии кафедраро устодон Боғиров, Исоев С. Исмоилов И. Изатуллоев К. Набиев М. Ҷӯраев Б. Фархуддинов Ю. Бозоров Х. Шералиева С. ба ӯҳда доштанд. Бо гузашти вақт кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ номи кафедраи таҳсилоти ибтидоиро гирифт ва роҳбарии онро дотсент Шералиева С.М. ба ӯҳда доштанд. Бо қарори Шурои олимони донишгоҳ №1\3-2 аз 31 августи соли 2022 ва фармоиши ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек аз 08.09.2022 таҳти №180 кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ ба ду кафедра: кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо ва кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо ҷудо карда шуд.

Айни ҳол мудирии кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳоро н.и.ф., дотсент Шералиева С. М. ба ӯҳда доранд. 

Ҳайати кафедра


Шералиева С.jpg
    Шералиева Садбарг Маҷидовна
    н.и.ф., дотсент, мудири кафедра

  





Набиев М.png


   Набиев Муродалӣ
    н.и.ф., дотсент 





Бозоров Х.png

   Бозоров Хушвахт 
   н.и.п., дотсент 

 




Фархудинов И.jpg


   Фархуддинов Исуф
   н.и.педагогӣ





Мирзоева Б.jpg

   Мирзоева Бунафша
   н.и.п., саромӯзгор





Ҷураев Б.png
     Ҷӯраев Бобохон
    саромӯзгор






Расулов С.png  
    Расулов Сайдалам
    саромӯзгор






Даминзода Х.png

  Даминзода Хатичамо Азим
   саромӯзгор






Бегиев Ш.png
   
Бегиев Шариф
   саромӯзгор







Дилафруз Р.png
    Дилафрӯз Раҷабзода
    саромӯзгор








Абдуҷабори А.png
   Абдуҷаббори Сафаралӣ
   саромӯзгор








Ёрматов А.png
    Ёрматов Алишер 
    саромӯзгор








Тағоев С.png
   Тағоев Саймумин
   ассистент








Розиқов Т.jpg

   Розиқов Толибшоҳ
   ассистент







Абдураҳмони М.jpg
   Абдураҳмони Маҳмадӣ
   ассистент







Муродов А.jpg
    Муродов Амиралӣ
    ассистент








Оқилова Қ.jpg
    Оқилова Қурбонбӣ
    ассистент







Насибаи С.png

   Насибаи Сайҳомид
   ассистент







Пулодов А.jpg

   Пулодов Амирҳамза
   ассистент








Рафиев А.jpg   
     Рафиев Абдулҳамид
     ассистент







Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедра семинари назариявӣ ва илмӣ-методӣ (роҳбари он н.и.п., саромӯзгор Мирзоева Б.И., котиб ассистент Розиқов Т. ва маҳфили «Маҳорати касб»- роҳбар муаллима Оқилова Қ., котиб донишҷӯйи курси панҷум, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ бо иловаи забони русӣ Азамов Меҳровар фаъолият менамоянд.

Тибқи нақша семинари назариявӣ ва илмӣ-методии кафедра моҳе як маротиба гузаронида мешавад, ки дар он омӯзгорон аз дохили корҳои илмӣ-таҳқиқотиашон бо маърӯзаҳо баромад менамоянд ва устодони унвони илмидошта оид ба таълифи мақолаҳои илмӣ, рисолаҳои магистрӣ ва докторантӣ баромадҳо менамоянд, ки матни ин баромадҳо дар кафедра маҳфуз мебошад. Маҳфили кафедра тибқи нақшаи корие, ки аз тарафи Раёсати илм ва инноватсия тасдиқ гардидааст, фаъолият намуда, моҳе як маротиба гузаронида мешавад, ки дар кори он ба ғайр аз аъзоёни маҳфил, донишҷӯёни дигар низ ҷалб карда мешаванд. Аъзоёни маҳфили «Маҳорати касб» дар конфересияҳо ва чорабиниҳои донишгоҳӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ баромад мекунанд. 

 

Дастовардҳои кафедра

1. Ёрматов А.Ҷ. Асосҳои педагогии фаъолияти якҷояи мактаб ва оила дар тарбияи худшиносии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ, Монография, Душанбе – 2022, 95 саҳ.

2. Шералиева С. (дар ҳаммуаллифӣ) Методологияи рушди касбияти омӯзгорон (дастури илмӣ-методӣ), Душанбе, 2022, 63 саҳ.

3. Ёрматов А., Оқилова Қ. Худшиносӣ ва роҳҳои ташаккули он (дастури таълимӣ), Душанбе – 2022 9,3 ҷ.ч.

4. Ёрматов А. Педагогикаи ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила дар ташаккули тарбияи худшиносӣ (дастури таълимӣ-методӣ), Душанбе-2022, 195 саҳ.

5. Мирзоева Б. Истифодаи коғаз дар дарсҳои санъат ва меҳнат. (дастури таълимӣ-методӣ), Душанбе-2022, 89 саҳ.



Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №2, ошёнаи 2-юм, утоқи №32
Телефони корӣ:   (+992) 985 87 78 78
E-mail:  k-tahsiloti.ibtidoi@kgu.tj