KGU

Биология ва методикаи таълими он

КАФЕДРАИ биология ва методикаи таълими он

Дар бораи кафедра    Умуми
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра




Дар бораи кафедра 

Кафедраи биология ва методикаи таълими он ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултаҳои мухталиф аз фанҳои тахассусии кафедра дарс меомӯзонанд. Дар кафедра 31 нафар омӯзгорон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд. Аз ин шумора 3 нафар доктори илм, профессор, (1 нафар доктори илм, профессор, ҳамкори дохила, 2 нафар доктори илм, профессор, ҳамкори беруна), 3 нафар номзадони илм, дотсент, 6 нафар муаллими калон ҳамкори доимӣ ва 21 нафар ассистентон мебошанд.

Дар кафедра 12 нафар унвонҷӯ (Қуллаев Ш., Намозов А., Раҳмонов Ҳ., Ҳисайнов Д., Ҷалилова М, Мирзоев С.М., Шарипов Б.), ва 3 нафар докторанти (Phd)-и (Раҷабов А, Мирзоев Х, Самариддини А ) ба корҳои илмӣ-тадқиқоти машғул мебошанд.Синну соли миёнаи кормандони кафедра ба 35 сол баробар аст. Ҳайати омӯзгорони кафедраи биология ва методикаи таълими он аз рӯи 2-равия, 2-проблема ва 12-мавзӯи корҳои илмӣ-таҳқиқотиро иҷро карда истодаанд.

Таърихи кафедра

Кафедраи биология ва методикаи таълими он аз 28-декабри соли 1991 бо номи кафедраи “Табиатшиносӣ” таъсис дода шуд. Мудири аввалини он муаллими калони кафедра Ҳафизов С.Б буданд.

Аз соли 1992 то соли 1995 номзади илмҳои биологӣ Мирзоев С.С вазифаи мудирии кафедраро бар ӯҳда доштанд.

Аз соли 1995 муаллими калони кафедра Ҳафизов С.Б ба вазифаи мудири кафедра таъйин карда шуд, ки худи ҳамон сол номи кафедраи «Табиатшиносӣ» бо номи кафедраи «биология» иваз карда шуд.

Аз соли 2007 доктори илмҳои педагогӣ Мирзоев С.С мудири кафедра интихоб гардид.

Аз соли 2012 то соли 2017 муаллими калони кафедра Досаков М.М мудирии кафедраро ба ӯҳда дошт.

Аз соли 2017 и.в мудири кафедра Намозов А таъйин гардид ва худи ҳамон сол аз 1-ноябри соли 2017 ба вазифаи мудирии кафедраи биология Исуфов Д.С интихоб гардид ва аз 16.01.2018 таҳти №13 кафедраи биология бо кафедраи химия муттаҳид гардида, кафедраи химия ва биология номгузорӣ карда шуд. Мувофиқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 18-08-2020 таҳти № 168 кафедраи химия ва биология ба кафедраи биология ва методикаи таълими он номгузорӣ гардида, Қуллаев Ш.Ҷ мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он интихоб гардид. Айни ҳол мудирии кафедраи биология ва методикаи таълими онро муаллими калон номзади илмҳои кишоварзӣ Ғиёсов Насимҷон Раҳматулозода ба ӯҳда доранд. 



Ҳайати кафедра

Ғиёсов Н.jpg


   Ғиёсов Насимҷон Раҳматулозода

     н.и.к., мудири кафедра





Исупов Дилшод



  Исуфов Дилшод Сафармадович

      н.и.к. дотсенти  кафедра

  



ДОСАКОВ


  Досаков Мумин Мухторович      

      н.и.п.дотсенти кафедра





Мирзоев


   Мирзоев Салим Сайдалиевич

     доктори илмҳои педагогӣ

  



Қулаев Ш..png


   Қуллаев Шоҳмурод Ҷураевич

       муаллими калон

    E-mail: kullaev_79sh@mail.ru




12.png



Раҳимов Маҳмадалӣ Насимович 

  муаллими калон




Хасанов.png



   Ҳасанов Алихон Фатоевич 
        муаллими калон
   E-mail: alikhon_hasanov@mail.ru



002.png



  Ҳисайнов Далер Эмомович
         ассистент




003.png



   Намозов Амонулло Каримхонович
                ассистент
   E-mail: amonullo.2015@mail.ru



9.png




  Холов Сино Азизхуҷаевич
            ассистент     



Рахмонов.png



  Раҳмонов Ҳабибулло Шарбаталиевич 
                  ассистент 




004.png



  Мирзоев Сулаймон Мадисломович 
               ассистент




3.png



Ҷалилова Мушкинисо Подабоновна 
                  ассистент




Азизова Н..jpg



   Азизова Низора Ҳомидовна
            ассистент 
   




005.png



  Зарифзода Фаришта Абдукарим 
            ассистент 




Ботурова З.jpg



Ботурова Зилқада Файзалиевна
            ассистент 






Табаров Т.jpg



Табаров Тоҳир Мирзоевич

            ассистент 




Шоева С.jpg



       Шоева Саида

            ассистент 




Мадисоева Ш.jpg



    Мадисоева Шифо Ҷурахоновна
            ассистент 





Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

МАХФИЛ

          

Дар кафедра семинари илмӣ ва маҳфилҳо “Биологи ҷавон” ва “Зистшинос” амал мекунанд. Маҳфил дар як моҳ ду маротиба гузаронида мешавад. Дар 1 соли охир бо ташаббуси кафедра 1 чорабинии илмӣ дар сатҳи факулта гузаронида шуд: таҳти унвони «Ҳифзи набототи шифобахш ва гуногунии биологӣ» ва 1 конференсия таҳти унвони “Тағйирёбии иқлим ва масоили экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва (солҳои 2020-2040) “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқи ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ташкил ва гузаронида шуд. Дар соли таҳсили 2021-2022 кафедраи биология ва методикаи таълими он ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» донишҷӯи курси чоруми ихтисоси химия-биология Расулов Кароматулло иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойи сеюм ва дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар донишгоҳи Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сани 28-29 майи соли 2022 баргузор гардид, ҷои дуюмро ишғол намуд.

Дастовардҳои кафедра

Анатомия ва физиологияи одам.jpg


   Мирзоев С.С., Назаров X.Ш., Сайдаҳмадова Д.Л. Досаков М.М. «Анатомия      ва физиологияи одам » Дастури илмӣ-методӣ. Душанбе: «Ирфон»-2015,        407-с..




Асосҳои дидактика.jpg

   Мирзоев С.С., Бояҳмадов Ш.Ш., Мирозоров К.Н.,Ҷалилова М.П., Ҳисайнов Д.Э., Холов С.А., Шарифова Ҳ.Ғ. Асосҳои дидактикии машғулиятҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ дар ҷараёни омӯзиши фанҳои зиштшинсоӣ.дастури таълими методӣ барои ихтисосҳои биология ва  экология. Дастури илмӣ-методӣ. Душанбе: «Ирфон»-2019, 127-с.

    


Боғпарвари.png

    

  Гулов С.М., Бобоев М.Т., Намозов А.К., Наботов Р.С.Боғпарварӣ.Тавсиянома      Душанбе -2021 35 саҳ.с.

    



Боғпарвари.png

    

    Саидшоҳи Ҳ, Исуфов Д.С.,Холов Т.Ш.Экология Дастури илмӣ-методӣ.Кӯлоб     -2022, 232-саҳ

    



Микробиология.png

    

Исуфов Д.С., Раҳматзода Н., Амиршоев Ф.С., Ғиёсов Н.Р., Қуллаев  Ш.Ҷ.,Холов С.А.Микробиалогия ва масуниятшиносӣ. Дастури таълими  барои машғулиятҳои амалию озмоишӣ. Кӯлоб -2022

    




ДАСТОВАРД1


Исуфов Д.С. Бо ифтихономаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 сарфароз гаронида шудааст.




ДАСТОВАРД2


Исуфов Д.С. Бо нишони аълочии Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.11.2020 таҳти № 5445 сарфароз гардид




ДАСТОВАРД3

Шарифов Ф.О. Барои иштрок дар семинари   илмӣ-омӯзиши  “Bio DATA” оид ба гуногунии биологӣ дар раванди таълим ва  тадқиқот, санаи 3 то 6 июни соли 2019 сарфароз гардонида шудааст.





ДАСТОВАРД4

Шарифов Ф.О. Барои иштрок дар семинари   илмӣ-омӯзиши “ Усулҳо ва меъёрҳои ҷамоварии маълумоти этноботаникӣ ва таҳияи бонки маълумоти этноботаникӣ” санаи 18-20 ноябри 2019  2019 сарфароз гардонида шудааст.





Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №3, ошиёнаи 2-юм, утоқи №206
Телефони корӣ: (+992) 
E-mail: