Дар бораи кафедра
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва
семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра
Кафедраи химия ва методикаи таълими он ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мондааст. Устодони кафедра дар факултетҳои мухталиф аз фанҳои тахассусии кафедра дарс мегӯянд. Дар кафедраи химия ва методикаи таълими он дар соли 2022-2023 дар маҷмӯъ 18-нафар омӯзгорону кормандон, ки аз ин миқдор 1-нафар ба ҳайси ҳамкори беруна мебошад. Аз Шумораи 18 нафар кормандони кафедра, 1-нафарашон доктори илмҳои педагогӣ: профессор Холназаров С., 1-нафар дотсент- Холиқов С.С., 1-нафар номзади илм- Уроқов М.Д., 2-нафар муаллими калон: Исмоилова М., Бобоев Б., 13-нафар ассисентон: Саидова М., Ҳисайнов Т., Хоҷаев И., Бобоев К., Акбарова Б., Досаев С., Ёрмадов Р., Ҳусайнов Ҳ.,Моҳираи Ҳ., Раҳимов Р., Насруллоев А., ва 1-нафар лаборант: Шарифова Ҳ, 1-нафар танзимгар: Давронова М кору фаъолият менамоянд. Инчунин дар кафедраи химия ва методикаи таълими он 18-нафар магистрантони курси якум ва дуюм аз рӯи ихтисоси химия таҳсил менамоянд.
Аз кормандони кафедраи химия ва методикаи таълими он 5-нафар унвонҷуён 2-докторант PhD ва 2-нафар магистрант ба корҳои илмӣ таҳқиқоти машғул мебошанд. Лозим ба ёдоварист, ки аксарияти кормандони кафедраро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Кафедраи химия ва методикаи таълими он аз 28-декабри соли 1991 бо номи кафедраи “Табиатшиносӣ” таъсис дода шуд. Мудири аввалини он муаллими калони кафедра Ҳафизов Саидҷон ба ҳисоб мерафт.
Аз соли 1992 то соли 1995 номзади илмҳои биологи Мирзоев С.С вазифаи мудирии кафедраро бар ӯҳда доштанд.
Аз соли 1995 то соли 1998 муаллими калони кафедра Ҳафизов С. ба вазифаи мудири кафедра таъйин карда шуда буд ва худи ҳамон сол номи кафедраи «Табиатшиносӣ» бо номи кафедраи «Биология» иваз карда шуд.
Соли 1998 кафедраи Биология бо ду кафедра химия ва биология ҷудо карда шуд. Аз соли 1998 то соли 2001 муаллими калони кафедра Нуров Қ. вазифаи мудирии кафедраро ба ӯҳда дошт.
Аз соли 2001 муаллими калони кафедра вазифаи мудириро Холиқов С.С то соли 2005 ба ӯҳда дошт.
Аз соли 2005 муаллими калони кафедра вазифаи мудириро Худоёров Қ то соли 2012 ба ӯҳда дошт.
Аз соли 2012 муаллими калони кафедра вазифаи мудириро Бобоев Б.Ҷ то соли 2014 ба ӯҳда дошт.
Аз соли 2014 муаллими калони кафедра вазифаи мудириро Бобоев С.М то соли 2015 ба ӯҳда дошт.
Аз соли 2015 муаллими калони кафедра вазифаи мудириро Исмоилова М.К. то соли 2016 ба ӯҳда дошт.
Аз соли 2016 муаллими калони кафедра вазифаи мудириро Бобоев Б.Ҷ то соли 2018 ба ӯҳда дошт.
Бо фармоиши ректори донишгоҳ 16.01.2018 таҳти №13 кафедраи биология бо кафедраи химия муттаҳид карда шуда, ки кафедраи химия ва биология номгузори карда шуд. Вазифаи мудирии онро н.и.к Исуфов Д.С. то соли 2019 ба ӯҳда дошт.
Аз соли 2019 вазифаи мудири кафедраро саромӯзгори кафедра Бобоев Б.Ҷ. ба ӯҳда дошт.
Бинобар сабаби мушкил гардидани раванди фаъолияти таълим дар кафедра Раёсати донишгоҳ лозим шуморид, ки санаи 18.08.2020 №168 кафедраро бо ду кафедраи нав таъсис диҳад:
1. Кафедраи химия ва методикаи таълими он.
2. Кафедраи биология ва методикаи таълими он.
Вазифаи мудирии кафедраи химия ва методикаи таълими онро саромӯзгори кафедра Бобоев Б.Ҷ то соли 2021 ба ӯҳда дошт.
Аз санаи 1.10.2021 то ҳол мудирии кафедраро н.и.х. Холиқов С.С ба зимма дорад.
Холиқов Сафар Сайфуддинович
Номзади илмҳои химия, дотсент, мудири кафедра
Бобоев Бахтиёр Ҷангиевич
муаллими калон
Уроқов Мирзомурод Давлатмуродович
номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калон
Исмоилова Муборак Кенҷаевна
муаллими калон
Ҳисайнов Тешахон Холмадович
ассистент
Акбарова Бибинисо Раҳматшоевна
ассистент
Саидова Малика Абдуловна
ассистент
Шарипова Ҳанифамо Ғаффоровна
ассистент
Бобоев Комрон Одилхонович
ассистент
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар кафедра баҳри баланд бардоштани завқи донишҷӯён нисбати омӯзиши фанни химия маҳфили “Химикони ҷавон” таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Раҳимов Рамазон амал мекунанд, ки дар ин маҳфил 84-нафар донишҷӯ шомил буда, моҳе ду маротиба бо иштроки омӯзгорон ва донишҷӯён гузаронида шуда, дар он маърӯзаҳо бештар аз ҷониби донишҷӯён садо дода мешавад. Дар маҳфилҳо бештар аз ҷониби донишҷӯён мавзуҳои актуали интихоб мегардад.
Дар кафедра инчунин семинарҳои илмӣ-назариявӣ амал мекунад, ки дар он омӯзгорони кафедра роҷеъ ба корҳои анҷомдодаи илмии худ маърӯзаҳо пешниҳод менамоянд. Семинар моҳе 1-маротиба бо иштироки омӯзгорони кафедра гузаронида мешавад.
Ифтихорномаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ сарфароз гардонида мешавад ба муаллими калон Бобоев Бахтиёр Ҷангиевич
Холиқов С.С., Бобоев Б.Ҷ., Мустафоқулов Ш. Химия ҳалли масъалаҳо. Васоити таълимӣ. Душанбе-2022, 205 саҳ.
Дар соли 2019 бошад, бо ҳаммуаллифии Сайфудинов Ф.Ш. ва роҳбарии номзади илмҳои кимиё, дотсент, Холиқов С.С., доруи ихтироъ кардааст, ки «Фикардио» номгузорӣ гардидааст соҳиби Диплом гашт.
Барои иштироки фаъолона дар конфронсияи илмӣ назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Об ва истифодаи он-мушкилоти глобалии замони муосир” бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” 2018-2028 (5-6 апрели соли 2018 )
Санаи 26-уми апрели соли 2019 аз тарафи МД ММПИ озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ихтироъкори Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018» баргузор гардид, ки ман низ ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар ин озмун пешниҳод намудам, ва соҳиби нахустпатент гаштам.
Мирзоев С.С., Назаров X.Ш., Сайдаҳмадова Д.Л. Досаков М.М. «Анатомия ва физиологияи одам » Дастури илмӣ-методӣ. Душанбе: «Ирфон», 2015, 407-с.
Тило Бобозода “Умре бо хандаи гулҳо ва гиряи созҳо” Душанбе -2016, 141-саҳ.
Холиқов С.С., Хоxаев И.И., Акрасзода Р.X.- “Ҳалли масъалаҳо аз маҳлулҳо”. Дастури методӣ барои кимиёшиносони ҷавон - Кӯлоб 2017.94-саҳ.