KGU

Иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ

КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТИ КОРХОНАҳо ВА СОҲИБКОРӢ

Дар бораи кафедра    УМУМИ
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра



Дар бораи кафедра 

Кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ ҷузъи сохтори факултети Иқтисод ва идора буда, аз рӯи се ихтисос 1-25 01 07 иқтисодиёт ва идора дар корхона, 1 – 26 01 01 01 идораи мақомоти маҳаллӣ ва 6D050600 иқтисодиёт дар се зинаи таҳсилот, бакалавр, магистратура ва докторантураи PhD мутахассисони лаёқатмандро вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ тайёр менамояд. Айни ҳол дар кафедра 20 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора: 3 нафар номзади илм, дотсент, 6 нафар муаллими калон, 10 нафар ассистентон ва 1 нафар коргузор мебошад.

Таърихи кафедра

Кафедраи иктисоди корхонахо ва сохибкорӣ 6-уми апрели соли 2014 бо фармоиши ректори Донишгоҳ таҳти №57 таъсис дода шудааст. Аз оғози таъсисёбӣ то инҷониб дотсентон Расулов Н.С., Расулова Л.Н., Каҷкулоев А.Ф. Назарзода П.С. роҳбарии кафедраро ба ӯҳда доштанд. Аз оғози соли таҳсили 2020 – 2021 то ин ҷониб муаллими калон Ҳакимов А.С. роҳбарии кафедраро ба зима дорад.

Ҳайати кафедра

5.png



Ҳакимов Абдуразоқ Абдусатторович 
         муаллими калон, мудири кафедра       




Расулова-Л

     

        Расулова Лутфия
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент



Качкулоев А



Каҷкуллоев Абдухолиқ 
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент




14.png



Мирзоев Тоҳир Зайниддинович 
      ассистент




12.png



Назаров Муродалӣ Солеҳович
              ассистент 





8.png



Сироҷова Тахмина Муродалиевна 
       муаллими калон





Шахнозаи-С




Шаҳнозаи Содиқ 
     ассистент



Одинаев-И



     Одинаев Иззат
        ассистент



Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Соҳибкор» амал мекунад, ки аъзоёни ин маҳфил аз ҳисоби донишҷӯёни лаёқатманди ихтисосҳои назди кафедра интихоб шуда, иштирокчии фаъол ва ғолибони озмунҳо мебошанд. Роҳбарии маҳфилро ассистенти кафедра Нуралиева М.Д. ба ӯҳда дорад. Ин маҳфил дар як моҳ як маротиба бо шунидани ду маърӯзачӣ баргузор мешавад. Ҳамзамон дар кафедра семинари илмӣ - назариявӣ зери роҳбарии мудири кафедра фаъолият дорад. Дар семинар мавзуҳои рӯзмарра интихоб шуда, тибқи нақшаи кории семинар аз ҷониби омӯзгорони кафедра иҷро карда мешавад.


Дастовардҳои кафедра

Дастовард1


Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Каҷкуллоев Абдухолиқ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф ва илм, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ мукофотонида мешавад.  



Дастовард2


Ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ба Ҳакимов Абдуразоқ барои фаъолияти пурсамар дар рушди илму маорифи кишвар ва таълиму тарбияи ҷавонон ба муносибати Рӯзи муаллимон сарфароз гардонида мешавад.




Дастовард3

Ба Расулова Лутфия барои саҳми муносиб гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва тарғиботӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” бо сипосномаи Раёстаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон сарфароз гардонида мешавад. 



Дастовард4

Ифтихорнома ба муаллими калони кафедраи иқтисод ва идора Расулова Лутфия барои ифтихори баланди ватандӯстӣ, ҳисси масъулятшиносӣ, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сарфароз гардонида мешавад.

1.     Расулова Л.Н. – аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олими ҷавони сол - 2020 дар сатҳи вилояти Хатлон;
2.     Каҷкулоев А.Ф. – аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3.     Семинари сол – 2020 – дар сатҳи донишгоҳ;
4.     Маҳфили сол 2020 - дар сатҳи донишгоҳ.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №5, ошёнаи 2-юм;
Телефони корӣ: (+992)987667067
E-mail: