Дар бораи кафедра
Таърихи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра
Кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо 1977 пурра мустаъқил гардид. Мудирии кафедраро дотсент Бобоев Ортиқ Шералиевич ба ӯҳда дошт. Сипас ба кафедраи методикаи таълими физика дар як давраи маҳдуд Ахмедҷонов Ю. сарварӣ мекарданд. Баътар ба кафедра Сулаймон Султонов роҳбарӣ намуданд. Айни замон роҳбарии кафедраро номзади илмҳои педагогӣ Парвинаи Усмон ба зимма дорад.
Дастурҳои методиро ҳоло донишҷӯён ва муаллимони физикаи мактаби миёна пурра истифода мебаранд. Аз сентябри соли 2020 Кафедраи физика, МТФ ва ТМ ба ду кафедра тақсим карда шуд. Кафедраи «Физикаи умумӣ ва назариявӣ» ва кафедраи «Методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо», ки айни замон роҳбарии онро н.и.п. Парвинаи У. С. ба ӯҳда дорад. Дар кафедра 10 омӯзгор ва 3 лаборант кору фаъолият карда истодааст. Дар кафедра 5 озмоишгоҳ фаъолият мекунад.
Кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо соли 1977 пурра мустаъқил гардид. Мудирии кафедраро дотсент Бобоев Ортиқ Шералиевич ба ӯҳда дошт. Сипас ба кафедраи методикаи таълими физика дар як давраи маҳдуд Ахмедҷонов Ю. сарварӣ мекарданд. Баътар ба кафедра Сулаймон Султонов роҳбарӣ намуданд.
Аз соли (1986-1991) ва (2005-2012) мудири кафедраро устод Каримов С.К. ба ӯҳда дошт. Роҳбарии кафедраро номзади илмҳои физика ва математика Раҳмонов Ҳ. ба зимма дошт. Сипас муаллими калон Умаров А. номзади илмҳои физикаю математика Ғаффоров С. ва аз соли 2005 то 2012 академик С.К. Каримов кафедраро роҳбарӣ намуданд.
Аз моҳи декабри соли 2012 муаллими калон Раҳимов А. якчанд моҳ рохбарӣ намуд. Сипас муаллими калон Баротов Н. роҳбарии кафедраро то моҳи ноябри 2013 ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи ноябри соли 2013 то соли 2016 дар кафедра Шарипов А роҳбари намуда аз соли 2016 то моҳи марти соли 2022 роҳбарии кафедраро Қодирова Д. Т. ба ӯҳда дошт. Аз моҳи Апрели соли 2022 то инҷониб роҳбарии кафедраро н.и.п. Парвинаи У. С. ба ӯҳда дорад.
Айни замон шумораи умумии аъзоёни кафедраро 13 - нафар аз ҷумла н.и.п. дотсент 1-нафар н.и.п. 1-нафар муаллими калон 4 – нафар, унвонҷӯ 3 – нафар, ассистент 1-нафар лаборант 2 – нафар коргузор 1-нафарро ташкил медиҳад. Аъзоёни доимии кафедра: Қодирова Д-дотсент, Парвинаи У-н.и.п; Қаландаров С- муаллими калон, Арабова З- муаллими калон, Қаландарова М-муаллими калон, Лутфияи Ҷ-муаллими калон, Валиев Н-унвонҷӯ, Ёқубов А- унвонҷӯ, Сулаймони А-унвонҷӯ, Сафаралиев Ф- унвонҷӯ, Одинаева Ш- лаборант, Саъдуллоева А – лаборант, Саидов А-коргузор.
Дар кафедра солҳои таҳсили 1998 – 2009, 9 – то озмоишгоҳ амал мекард. Аз соли 2010 то инҷониб 5 – то озмоишгоҳ амал карда истодааст. Аз шумораи 9 – то корманди ёрирасон ба 2 – корманди ёрирасон омада расид.
Парвинаи Усмони Сафарзода
н.и.п. мудири кафедра
Қодирова Дилафрӯз Толибовна
н.и.п., дотсент
E-mail: dilafruz.71@mail.ru
Қаландаров Саидасрор
муаллими калон
Арабова Зайнабӣ
муаллими калон
Қаландарова Манзура Сайидасроровна
муаллими калон
Ёқубов Алишер Ашуралиевич
муаллими калон
Сафаралиев Фарҳод Сангович
ассистент
Валиев Носир Раҳмоналиевич
унвонҷӯ
Лутфияи Ҷурахон
муаллими калон
Сулаймони Абдуқаҳор
унвонҷӯ
Саидов Абубакр Қурбоналиевич
коргузори кафедра
Саъдуллоева Анорбӣ Файзуллоевна
лаборанти калон
Одинаева Шаъмигул Тошпулодовна
лаборант
Фаъолияти маҳфилҳо ва семинарҳо дар кафедра
Дар кафедра семинари илмӣ-методӣ амал менамояд. Роҳбарии семинарии мазкур ба уҳдаи н.и.п., Парвинаи У. С. вогузор карда шудааст. Дар семинари илмӣ-методӣ натиҷаи корҳои илмӣ - таҳқиқотии устодони кафедра, аспирантон, коромӯзон, унвонҷӯён баррасӣ ва муҳокима карда мешавад. Ҷадвали гузаронидани семинари илмӣ – методӣ тасдиқ карда шудааст, ки мувофиқи он семинар моҳе як маротиба гузаронида мешавад.
Дар баробари фаъолияти семинарии илмӣ – методӣ дар кафедра як маҳфил, маҳфили «ГАЛАКТИКА», ки роҳбариашро ассистенти кафедра Сулаймони Абдуқаҳҳор ба зима дорад фаъолият менамояд. Аъзоёни маҳфил аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли курсҳои 1-5-и ихтисоси физика – математика, физика, таълими меҳнат,технология аз рӯи самтҳо мукаммал карда шудааст, ки иштироки фаъоли онҳо дар конференсияҳо, озмуну олимпиадаҳо ба назар мерасад. Дар маҳфил 16 нафар донишҷӯ ҷалб карда шуда, масъалаҳои вобаста ба илм ва тадқиқу таҳрезии дастуру мақолаҳо, рисолаҳои магистрӣ, корҳои курсӣ мавриди муҳокимаи умум қарор мегиранд, ки дар густариш ва рушди корҳои илмӣ ва ба донишҷӯён пайдо шудани заминаи илмӣ нақши вориз доранд. Инчунин, дастпарварони маҳфилҳо барои иштирок дар конференсияҳои донишгоҳӣ омодагӣ гирифта, ширкат меварзанд. Донишҷӯи курси чоруми ихтисоси физика ва математика Абдулҳадова Умеда дар озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи физика ва астрономия дар даври вилоятии иштирок намуда сазовори ҷойи дуюм гардид.
Маҳфилҳо тибқи нақшаи корӣ, ки аз ҷониби раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ тасдиқи худро ёфтааст, фаъолият мекунад.
Супоришҳои мустақилона аз фанни физика барои хонандагони синфҳои 7-9. Қисми 1. Парвинаи У. С., Сироҷиддини Д., Лутфияи Ҷ., Ҳусайнов Р. С.
Амсиласозии компютерӣ ҳангоми омӯзиши физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. Раҳимӣ Ф. Қ., Қодирова Д. Т.
Маҷмӯи масъалаҳо аз астрономия ва методикаи ҳалли онҳо (Ҷилди 1). Сулаймони А., И Миров., Қ. Дилафрӯз., Б. Шарифов., Комрони П.
Маҷмӯи мисолу масъалаҳои тестӣ аз нуҷум (астрономия) .Сулаймони А., Шарифов Б.
Физика дастури таълимиӣ-методӣ доир ба корҳои лабораторӣ. Ҳамид Маҷидов., Қодирова Дилафрӯз Толибовна.
Намунаи саволу масъалаҳои тестӣ аз фанни физика. Арабова З., Лутфияи Ҷ., Шорухи Қ.
Раҳимов А., Валиев Н., Гулмадов У. «Намунаи супоришҳои тести аз физика» дстури методӣ
Раҳимов А., Валиев Н. «Ҳалли масъалаҳо аз фанни физикаи синфи 7» дастури методӣ
Раҳимов А., Арабова З., Валиев Н., Раҳматова Р. «Ҳалли масъалаҳо аз фанни физикаи синфи 8» дастури методӣ